Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният: Таниш миёни Амрико ва Русия бар сари Сурия


Нишасти Шӯрои Амният
Нишасти Шӯрои Амният

Бо боло гирифтани таниш дар Сурия ва пешравии мухолифони мусаллаҳи режими Башор Асад, Шӯрои Амнияти СММ рӯзи сешанбе барои баррасии таҳаввулот дар ин кишвари арабӣ нишасти изтирорӣ баргузор кард.

Мухолифони Сурия бо раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир-аш-Шом" ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи ғофилгирона Ҳалабро, ки дувумин шаҳри калони Сурия ба шумор меравад, тасарруф карданд.

Амрико дар соли 2018 гурӯҳи "Таҳрир-аш-Шом"-ро созмони террористӣ эълон кард. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё, Туркия ва шумори дигаре аз кишварҳо низ "Таҳрир-аш-Шом"-ро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ ҷой додаанд.

Роберт Вуд, муовини сафири Амрико дар СММ дар нишасти Шӯрои Амният хостори коҳиши таниш дар Сурия ва ҳифзи ғайринизомиён шуд. Ӯ ҳамчунин ибрози нигаронӣ кард, ки гурӯҳи "Таҳрир-аш-Шом" раҳбарии ҳамлаҳои шӯришиёнро ба уҳда дорад.

Муовини сафири Амрико дар СММ Русия ва нерӯҳои Башор Асад, раисҷумҳури Сурияро барои талафоти ғайринизомиён ва ҳадаф қарор додани мактабҳо ва бемористонҳо муттаҳам кард. Ӯ гуфт, "ин ки гурӯҳи "Таҳрир-аш-Шом" дар феҳристи созмонҳои террористии ИМА ва СММ қарор гирифтааст, ҷиноятҳои режими Асад ва тарафдорони руси онҳоро тавҷеҳ намекунад".

Аз сӯи дигар, Василий Небензя, сафири Русия дар СММ низ дар суханоне хитоб ба Роберт Вуд гуфт, "шумо ин қадар шуҷоат надоштаед, ки як ҳамлаи террористии ошкор алайҳи ғайринизомиёнро дар шаҳрҳои ороми Сурия маҳкум кунед".

Вай сипас Вашингтонро муттаҳам кард, ки майле ба муборизаи самимона алайҳи терроризм надорад ва гуфт, "содиқона бигӯям, мо хушҳолем, ки дар ҳоли ҳозир дар тарафи муқобили шумо қарор дорем".

Роберт Вуд низ дар навбати худ таъкид кард, ки мақомоти Русия дар ҷойгоҳе қарор надоранд, ки насиҳат кунанд, зеро Маскав аз "режимҳои пуштибони терроризм дар саросари ҷаҳон ҳимоят мекунад".

Ин дипломати амрикоӣ афзуд, "Амрико барои даҳсолаҳо бо офати терроризм мубориза кардааст ва мубориза бо ин офатро идома хоҳад дод".

Дар нишасти изтирории Шӯрои Амният сафири Эрон дар СММ бар ҳимоят аз ҳукумати Башор Асад таъкид кард. Амир Саид Эрванӣ гуфт, "Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз давлати Сурия ва мардуми он дар муборизаи одилона ва ҷиддии худ алайҳи терроризм собитқадам боқӣ мемонад".

Созмони Милал мегӯяд, аз чаҳоршанбеи гузашта, ки ҷанг дар Сурия боло гирифтааст, ҳудуди 50 ҳазор нафар дар ин кишвар овора шудаанд.

Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия хабар дод, ки дар ҷараёни даргириҳо дастикам 604 нафар кушта шудаанд, ки 104 нафари онҳо ғайринизомиён ҳастанд.

Тибқи гузоришҳо, дар пайи тасарруфи шаҳри Ҳалаб, мухолифон ҳамакнун ба атрофи шаҳри муҳим ва стратегии Ҳамо расидаанд.

Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 3-юми декабр гуфт, ки шӯришиён "акнун ба дарвозаҳои шаҳри Ҳамо" расидаанд ва ниманизомиён баъзе аз маҳаллаҳои ин шаҳрро мушакборон кардаанд.

XS
SM
MD
LG