Порлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҷазо барои гузоштани "лайк" дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурра бекор шавад. Вакилон тарҳи ислоҳ ба ду банди Кодекси ҷиноиро рӯзи 10-уми апрел пазируфтанд. Дар ин бора "Садои мардум", нашрияи расмии Маҷлиси Намояндагон хабар дод.
Ба иттилои расмӣ, беш аз якуним ҳазор кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои, ба гуфтаи мақомот, дорои хусусияти ифротӣ ҷазо гирифтаанд. Мақомот навору навиштаҳои мухолифон ва созмонҳои мамнуъ дар кишварро ифротӣ мешиносанд. Дар ҳоле ки баъзе аз ин созмонҳо, аз ҷумла "Гурӯҳи 24", фаъолияти худро сиёсӣ ва тасмими мақомотро саркӯби дигарандешон медонанд.
Умед Каримзода, муовини аввали додситони кул, рӯзи 10-уми апрел ба вакилон гуфтааст, дар моддаҳои 179 (терроризм) ва 307 (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноӣ ислоҳ ворид кунанд ва "ҷавобгарии ҷиноӣ барои гузоштани "лайк" дар навору гузоришҳо пурра бардошта шавад". Ин тарҳро ҳарду палатаи порлумон тасвиб карда, ҳоло онро бояд президент имзо кунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябри соли 2024 баъзе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои, ба гуфтааш, беасос боз кардани парванда, аз ҷумла барои гузоштани "лайк" дар Интернет танқид кард.
Дар гузашта баъзе аз фаъолон ва рӯзноманигорон барои гузаоштани “лайк” ба ин ё он матлаби ба иддаои мақомот дорои муҳтавои террористӣ ё ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, ин ҳолат дар парвандаи рӯзноманигорон Абдулло Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ зикр шуда буд.
Дар баҳси порлумонӣ дар ин бора чизи рӯшане гуфта нашудааст. Муовини додситони кул гуфтааст, беш аз 1,5 ҳазор нафар барои гузоштани "лайк" дар зиндон ҳастанд, вале нагуфтааст, ки пас аз қабули қонун парвандаи онҳо бозбинӣ мешавад ё не.
Дар Тоҷикистон моҳи июни соли 2018 дар қонунгузорӣ “сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет” ҷурм шинохта шуд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои “лайк” маъруф аст. Ҳамчунин бар асоси як зумра моддаҳои Кодекси ҷиноӣ амалкардҳои корбарони интернет метавонад ҷиноят дониста шавад:
- Моддаи 137. Таҳқири оммавии президенти Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ сол зиндон
- Моддаи 137 (1). Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ сол зиндон.
- Моддаи 179 (1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигарон барои содир намудани онҳо. Ҷазо: аз 10 то 15 сол зиндон.
- Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 8 то 15 сол зиндон.
- Моддаи 307 (1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз интенет. Ҷазо: аз 5 то 10 сол зиндон.
- Моддаи 307 (3). Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии… экстремистӣ эътирофшуда тавассути шабакаи интернет. Ҷазо: аз 5 то 8 сол зиндон.
- Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият тавассути интернет. Ҷазо: аз 50 ҳазор то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё 2 сол зиндон.
- Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 5 то 10 сол зиндон.
Дар Тоҷикистон барои тарафдорӣ ва ё гузоштани "лайк" дар зери "маводи ифротиву зиддидавлатӣ" то кунун даҳҳо нафарро боздошту зиндонӣ кардаанд. Яке аз онҳо Камолиддин Шарофови 70-сола аст, ки ба гуфтаи пайвандонаш, барои писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон панҷ сол аз озодӣ маҳрум гаштааст.