Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Лондон муассиси Wikileaks Ҷулиан Ассанжро боздошт кард


Акси Ҷулиан Ассанжро аз дохили мошини полис бардоштанд. 11 апрели соли 2019, Лондон
Акси Ҷулиан Ассанжро аз дохили мошини полис бардоштанд. 11 апрели соли 2019, Лондон

Полиси Бритониё гуфт, ки муассиси Wikileaks Ҷулиан Ассанж боздошт шуд.

  • Ассанж рӯзи 11 апрел аз ҷониби полиси Бритониё ва баъди он ҳабс шуд, ки онҳоро барои ворид шудан ба сафорати Эквадор дар шаҳри Лондон даъват карданд. Ассанж аз соли 2012 ба ин сӯ дар ҳамин намояндагии дипломатӣ паноҳ бурда буд.

Полис гуфт, "Ҷулиан Ассанжи 47-сола, шурӯъ аз имрӯз, панҷшанбеи 11 апрел аз ҷониби ходимони полиси Хадамоти шаҳрии полис дар сафорати Эквадор ба ҳабс гирифта шуд".

Полис гуфт, ки Ассандж баъди он ҳабс шуд, ки "ҳукумати Эквадор ҳақи паноҳандагии Ассанжро бозпас гирифт ва сафир иҷоза дод, ки ба дохили сафоратхона ворид шаванд".

Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард.

Президенти Эквадор Ленин Морено гуфт, ки ҳақи паноҳандагии Ассанж баъди он бозпас гирифта шуд, ки ӯ "чандин бор эъломияҳои байналмилалиро нақз кард".

19 маи соли 2017. Муассиси Wikileaks аз тирезаи сафорати Эквадор нигоҳ мекунад
19 маи соли 2017. Муассиси Wikileaks аз тирезаи сафорати Эквадор нигоҳ мекунад

Wikileaks навишт, ки Эквадор паноҳандагии Ассанжро боздошт ва бо ин амалаш "қонунҳои байналмилалиро нақз кард".

Вазири умури хориҷии Бритониё Ҷеремӣ Ҳант дар бораи ҳабси Ассанж гуфт:

“Он чи мо имрӯз нишон додем, ин аст, ки ҳеҷ касе болотар аз қонун нест. Ҷулиан Ассанж қаҳрамон нест, ӯ солҳост аз ҳақиқат пинҳон шудааст ва дуруст аст, ки дар бораи ояндаи ӯ бояд низоми судии Бритониё тасмим гирад”.

Полис гуфт, ки Ассанж базудӣ дар баробари додгоҳи шаҳрии Вестминстер ҳозир хоҳад шуд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт:

“Ассанж дар Лондон дастгир шуд, бинобар ин ман ҳоло ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Мо албатта умедворем, ки ҳамаи ҳуқуқҳои ӯ риоя хоҳанд шуд".

Шветсия истирдоди Ассанжро талаб карда гуфтааст, ки ин мард барои озори ҷинсӣ ва иттиҳоми таҷовуз ба номуси ду зан дар соли 2010 гумонбар мешавад.

Ассанж, шаҳрванди Австралия, инчунин метавонад барои нашри тахминан 500 ҳазор санади махфии низомӣ ва дипломатӣ дар робита бо низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон ва Ироқ дар соли 2012 муҳокима шавад.

Вазорати адлияи ИМА эълон кард, ки Ассанж "дар робита бо фош кардани калидвожаҳои компютерҳои ҳукумати ИМА ва дастрасӣ ба санадҳои махфӣ" муттаҳам мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG