Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни ҳамлаи Кобул ба 14 тан расид (ВИДЕО)


Даромадгоҳи Park Palace, ки ҳадаф мардони мусаллаҳ қарор гирифт.
Даромадгоҳи Park Palace, ки ҳадаф мардони мусаллаҳ қарор гирифт.

Шумораи қурбониёни ҳамлаи мардони мусаллаҳ ба як меҳмонсарои хориҷиён дар шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон, ба 14 нафар расид.

СММ мегӯяд, ки шумораи кушташудагон дар ҳамлаи шабонаи Толибон ба меҳмонсарои Парк Палас ба 14 нафар расидааст. Баъд аз 7 соати муҳосираи ин меҳмонсаро 45 нафари дигар аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ наҷот дода шудаанд. Дар ин меҳмонсаро бештар шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд.

Як мақоми баландпояи Афғонистон, ки аз худ ном набурд, шумораи кушташудагонро таъйид кард ва гуфт, ки 5 нафари кушташудагон шаҳрвандони Афғонистон ва 9 нафари дигар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Аз хориҷиён ду нафар зан ва 7 мард будаанд. Абдулраҳмон Раҳимӣ-фармондеҳи пулиси Кобул мегӯяд, ки як амрикоӣ, як итолиёӣ ва 5 шаҳрванди Ҳиндустон ба қатл расидаанд. Се ҳамлакунанда низ, ки зоҳиран камарбандҳои худкуш доштанд, ба қатл расидаанд. Бинобар гузоришҳо, ҳамлаварон пас аз тарконидани дарвозаи аслӣ ва куштани нигаҳбонон, тавонистанд вориди меҳмонсаро шаванд.

Қаблан Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Кобул кушта шудани як шаҳрванди он кишварро таъйид карда буд. Сафири Ҳиндустон дар Кобул ҳам дар Твиттери худ навишт, ки чанд шаҳрванди он кишвар дар ҳодисаи шаби гузашта кушта шудаанд.

Интизор мерафт дар ин меҳмонхона, ки дар миёни хориҷиёни пойтахти Афғонистон аз маҳбубият бархӯрдор аст, бо ширкати овозхони афғон Алтоф Ҳусайн консерти мусиқии суннатии Афғонистон баргузор шавад. Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки аксари меҳмонони ин маросим хориҷиён буданд ва то вақти тирандозӣ ба маҳал нарасида буданд. Мақомоти пулис дар шаҳри Кобул гуфтанд, ки ҳамлаварон се нафар буданд ва пас аз даргирии чандсоата бо нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистон, кушта шуданд.

Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар изҳороте ба бахши Афғонистони озоди Радиои Озодӣ иддао кард, ки ин ҳамларо Толибон анҷом додаанд. Ҷунбиши Толибон борҳо ба чунин ҳамлаҳо даст задаанд. Мушаххасоти ин ҳодиса ёдовари ҳамлаи афроди мусаллаҳи Толибон ба меҳмонхонаи "Серена" дар соли гузашта аст, ки дар он ҳодиса 9 нафар, аз ҷумла се кӯдак кушта шуданд. Тайи рӯзҳои ахир шаҳри Кобул дигарбора ноамн шудааст ва ин чаҳорумин чаҳорумин ҳамла тайи ду ҳафта дар пойтахти Афғонистон мебошад.

Дар мусоҳибае бо Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари сиёсии Афғонистон аз вай пурсидам, оё дуруст аст, ки ин ҳамларо гурӯҳе анҷом додааст, ки ба Толибони зери фармони Мулло Умар итоат намекунад?

Кӯҳистонӣ: Дар даруни сохторҳои Толибон шабакаҳои мустақил вуҷуд доранд, ки аз номи Толибон бештар истифода мекунанд. Онҳо аз лиҳози ташкилотӣ, молӣ ва фаъолиятҳои худ мустақил ҳастанд. Шабакаи Ҳаққонӣ, ки ба гурӯҳи ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ва шабакаҳои қаблии Ал-Қоида наздиктаранд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ман фикр мекунам, ки бештарини ҳамлаҳои, ки ахиран дар Кобул анҷом гирифтааст, ба шохаи зери раҳбарии Ҳаққонӣ тааллуқ дорад, ки аз ҷониби созмонҳои истихборотии дигар ҳам мавриди ҳимоят қарор мегирад.

Озодӣ: Оё шохаи Ҳаққонӣ дар Покистон фаъолият намекунад?

Кӯҳистонӣ: Марказашон дар Покистон аст. Феълан дар Хуррам Аҷенсӣ , дар минтақаҳои Тал, Сада, ҳамчунин дар атрофи Пешовар, дар Асадобод ва дар чандин минтақаи наздимарзӣ марказҳои худро эҳдос кардаанд, ки афроди Осиёи Миёна ва бахше аз ҳалқаҳои вобаста ба араб ва гурӯҳҳои дигари покистонӣ ҳамроҳашон ҳамкорӣ доранд. Вале ин амалиётҳо қатъан зери назари созмони истихборотии Покистон анҷом мешавад.

Озодӣ: Ин ҳамла далели он нест, ки агар Толибон бихоҳанд, дар ҳар нуқтаи Кобул метавонанд инфиҷору ҳамла анҷом диҳанд, чӣ расад ба нуқоти дурафтодаи Афғонистон?

Кӯҳистонӣ: Шак нест, ки Толибон қудрати худро нишон медиҳанд. Ахиран сафари раиси ҷумҳури Афғонистон ба Ҳиндустон ва имзои як тавофуқномаи ҳамкориҳои истихборотӣ байни давлати Афғонистон ва Ҳинд, Покистонро бештар таҳрик кардааст, ки бо як навъ интиқомгирӣ амнияти Афғонистонро ба чолиш бикашад.

Озодӣ: Чунин ба назар намерасад, ки Толибон дар остонаи музокироти Қатар бо намояндагони давлати Афғонистон мехоҳанд нишон диҳанд, ки онҳо ниру доранд ва мехоҳанд дар музокирот дасти боло дошта бошанд ва мехоҳанд бигӯянд, ки дар ин музокирот дигарон аз манофеи онҳо сарфи назар накунанд?

Кӯҳистонӣ: Яқинан, онҳо мехоҳанд, ки бо ташдиди хушунатҳо ва афзоиши ноамниҳо қудрати худро нишон диҳанд ва худашонро яке аз тарафҳои аслии нируҳои сиёсии Афғонистон матраҳ кунанд. Онҳо мехоҳанд аз ин роҳ ҳам ба нируҳои дохилӣ ва ҳам ба нируҳои хориҷӣ бифаҳмонанд, ки метавонанд ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи байналмиллалиро ба чолиш бикашанд, то дигарон дар ҷараёни музокирот ба онҳо имтиёзоти бештарро қоил шаванд.

Ҳамла ба меҳмонсарои хориҷиён дар Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

XS
SM
MD
LG