Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ком Эйр" то анҷоми тафтиш сафед шуд


ИМА ширкати ҳавоии Афғонистонро аз рӯйхати сиёҳ берун кашид.

Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ширкати ҳавоии "Ком Эйр" (Kam Air)-ро аз рӯйхати сиёҳ берун кашид ва дар ҷавоб ҳукумати Афғонистон ваъда дод, ки иттиҳоми даст доштани ин ширкат дар қочоқи маводи мухаддирро таҳқиқ намуда, аз натиҷаи он фармондеҳони амрикоиро огаҳ хоҳад кард.

Рӯзи душанбе 4 феврал фармондеҳони амрикоӣ изҳор намуданд, ки иттилои дар даст доштаашро дар бораи фаъолиятҳои "Ком Эйр" ба мақомоти афғон тақдим хоҳанд кард. Рӯзи сешанбе муовини сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Аҳмадзиё Сиёмак Ҳиравӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “расонаҳои хабарӣ ба ғалатфаҳмӣ роҳ дода, саҳван иброз доштаанд, ки ширкати хусусии "Ком Эйр" дар рӯйхати сиёҳ ҷойгир шудааст. Вале воқеият ин аст, ки фармондеҳони амрикоӣ баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ намуда буданд, ки ҳоло рафъ шудаанд. Ҳоло мувофиқат ҳосил шудааст, ки онҳо асноду шаҳодатҳое, ки ИМА дар заминаи иттиҳоми ширкати "Ком Эйр" дар даст доранд, ба ҳукумати Афғонистон супоранд ва ҳукумати афғон онро мавриди таҳқиқ қарор диҳад.”

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ҳамкорӣ бо низомиёни амрикоӣ тафтиши айбномаи “Ком Эйр”-ро идома медиҳанд. Охири моҳи январ нашрияи амрикоии Wall Street Journal ба нақл аз низомиёни Амрико навишта буд, ки маводи мухаддири Афғонистон тавассути ширкати ҳавоии “Ком Эйр” ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба саросари дунё интиқол меёбад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам ин изҳороти низомиёни амрикоиро аз воқеият дур номид. Пеш аз он мақомоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ ин изҳороти низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистонро бепоя хонданд.

Сухангӯи фурудгоҳи Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев ба Радиои Озодӣ гуфт, “ширкати "Ком Эйр" аз соли 2007 ин ҷониб ҳафтае як маротиба дар хатсайри
Муҳаммадюсуф Шодиев
Муҳаммадюсуф Шодиев
Кобул-Душанбе-Кобул парвоз мекунад ва тайи ин солҳо ягон ҳолати интиқоли маводи мухаддир тавассути ин ширкат сабт нашудааст ва фурудгоҳи Душанбе онро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва ба таври ҷиддӣ, аз назар мегузаронад".


Эълони айбномаи “Ком-Эйр” ин ширкатро аз сабқат барои дарёфти қарордодҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амрикоӣ маҳрум намуда, барномаи ҳамоиши “Ком-Эйр” бо ширкати ҳавоии давлати Афғонистон “Ориёно”-ро мушкил мекард. Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳам баъзан ҳангоми сафарҳои расмии хориҷӣ, аз ҳавопаймоҳои “Ком-Эйр” истифода мебарад. Баъди эълони айбномаи “Ком-Эйр”, ӯ маҷбур шуда буд, барномаи сафараш ба Аврупоро тағйир диҳад.

Дар ҳамин ҳол низомиёни ИМА хотирнишон кардаанд, ки феълан таҳрими ҳамкорӣ бо “Ком-Эйр” қатъ нагардидаааст. Дар сӯҳбат бо рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal сухангӯи артиши ИМА дар Кобул Томас Коллинз гуфт, таҳрими ҳамкорӣ бо “Ком-Эйр” фақат мутаваққиф шудааст ва қарори ниҳоӣ баъди эълони натиҷаи тафтиши мақомоти Афғонистон гирифта мешавад.

Вакили мудофиаи “Ком Эйр” Ворд Скот таваққуфи таҳрими ин ширкати хусусиро хуш пазироӣ намуда, гуфтааст, ки раҳбарони ширкат айбномаро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд ва маълумот дар бораи ҳар касе, ки бо ин ширкат ҳамкорӣ дошта, дар айни замон бо фаъолиятҳои ғайриқонунӣ машғул мебошад, барои тасдиқи ҷурм ва муҷозоти ҷиддӣ ба мақомоти марбутаи ҳукумати Афғонистон таслим хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG