Онҳо бояд ғизои нерӯманд захира кунанд, то Рамазонро хуб гузаронанд. Баъзе сокинон аз гаронии нархҳо шикоят доранду тоҷирон гунаҳкор мекунанд, ки бо истифода аз фурсат даромади бештар мехоҳанд. Иддаое, ки тоҷирон рад мекунанд ва мегӯянд ба ҷуз равған, нархи маводи дигари ниёзи аввалия бетағйир аст. Рамазониён ҳамчунин нигаронанд, ки мушкили бебарқии бомдодро чӣ гуна паси сар хоҳанд кард.
“Бо ин маош муаллим гӯшт харад ё орд гирад?”
Усмоналӣ Ҳайдаров, сокини шаҳри Душанбе барои хариди маҳсулот ба бозори “Саховат” омадааст. Ӯ аз нархи маводи ниёзи аввалия норозӣ аст.
“Дар моҳи шарифи Рамазон дар бисёр мамлакатҳои исломӣ нарху наво арзон мешавад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки дар Тоҷикистон баръакс аст. Инсоф ҳам лозим аст. Бо ин маоше, ки муаллим мегиранд, як кило гӯшт харад ё орд гирад? Зиндагиаш чӣ гуна пеш меравад?”
Видеоро инҷо бинед:
Ваҳҳоб Шоев, фурӯшандаи бозори “Саховат” ба шикоятҳо дар бораи боло рафтани нарх дар остонаи моҳи Рамазон розӣ нест. Ба гуфтаи Шоев, танҳо равғани офтобпарасти навъи “Олейна” камчин шуд.
Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бозорҳои Душанбе нишон дод, ки дар остонаи моҳи Рамазон асосан нархи равғани офтобпараст каме боло рафтааст. Ҳоло арзиши 5 литри он то 105-108 сомонӣ (қариб $10) арзиш дорад, ки назар ба як ҳафта пеш 5-8 сомонӣ (қариб $1) гаронтар аст. Нархи баъзе сабзавот ва меваҳои маҳаллӣ дар бозорҳо гарон аст. Азҷумла як килограм помидор аз 15-20 сомонӣ (қариб $ 2) ва себ то то 25 сомонӣ ($ 2,2) аст.
Чаро ба гӯшти Белорус шубҳа доранд?
Дар Тоҷикистон маъмулан пеш аз моҳи Рамазон ва дар арафаи дигар иду ҷашнҳо нархи маҳсулот боло меравад. Мақомот барои танзими қиматҳо баъзе корҳоеро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла ташкили ярмаркаҳо, ки ба гуфтаи масъулин, дар онҷо маҳсулот бо арзиши поёнтар аз бозор пешниҳод мешавад. Аммо аз сифати моли пешниҳодшуда дар ярмака на ҳама розианд.
Саломат Раҷабова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди арзон будани нарх, аз ярмарка гӯшт намехарад. “Дар инҷо гӯшти Белорусро пешниҳод мекунанд, ки намегирем. Шубҳа ҳаст,”--гуфт ӯ.
Гӯшти Белорус то 70 сомонӣ ($ 6,3) ва гӯшти Тоҷикистон 95 сомонӣ ($ 8,6) аст. Худдории баъзе сокинон аз харидани гӯшти Белорус дар он аст, ки мардум ба шеваи забҳи чорво шубҳа доранд. Тибқи таълимоти дини Ислом, мусалмонон танҳо гӯштеро истеъмол мекунанд, ки дар вақти забҳ номи худо бурда шавад. Масъулини идораи “Тоҷикстандарт” пештар гуфта буданд, гӯште, ки аз Белорус меоранд, бехатар аст.
Лимит – мушкили дигар дар Рамазон
Ба ҷуз аз нархи гарони маҳсулот, сокинони Тоҷикистон дар моҳи Рамазон мушкили камбуди барқ ҳам доранд. Тибқи ҷадвали Шабакаҳои тақсими барқ, сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб барқ мегиранд. Рӯзи 28-уми феврал дар Шабакаҳои тақсимоти барқ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан дар ҷадвали интиқоли барқ ягон тағйирот дар назар нест.
Моҳи Рамазон 1-уми март фаро расида, то 30-юми март идома мекунад. Тибқи шариати дини Ислом, мусалмонони солим дар ин моҳ бояд рӯза гиранд.
Гуфтугӯ