Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони гирифтори HIV аз мактаб ронда шуданд


Маркази кӯмак ба атфоли гирифтори HIV дар Шимкенти Қазоқистон
Маркази кӯмак ба атфоли гирифтори HIV дар Шимкенти Қазоқистон

Додситонии Қазоқистон таҳқиқи қазияи аз мактаб ронда шудани ду тифли гирифтори вируси марговарро шурӯъ кард.

Додситонии шаҳри ҷанубии Шимкенти Қазоқистон рӯзи панҷшанбе таҳқиқи қазияи аз мактаб ронда шудани ду тифли мактабхонро шурӯъ карданд, ки гирифтори вируси HIV будаанд.


Жанетта Жазиқбоева, раҳбари бунёди Save Children from AIDS дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки моҳи гузашта ду тифли мактабхон аз мактаб берун шуданд. Дар тафсилоти қазия гуфта мешавад, ки аз касалхонае, ки ин кӯдакон он ҷо сабти ном шудаанд, ба ҳамшираи мактаб телефон карда гуфта шудааст, ки бино ба ҳолати муайяни тиббии ин ду тифл, онҳо бояд аз воксини зидди бемории сил ё туберкулез озод бошанд.


  • Дар оғози сол волидон расман аз воксинзании кӯдаконашон ба хотири вазъи сиҳҳатии онҳо худдорӣ карданд. Вале баъдан мақомоти беҳдошти минтақа ба мактаб занг зада гуфтанд, ки ин ду тифл бо сабаби вазъи сиҳҳатиашон наметавонанд эм карда шаванд. Ин занги телефон духтурҳоро дар ҳайрат гузошт ва онҳо дар бораи ин вазъ директорро хабардор карданд. Баъдан сарвари мактаб волидони ин ду кӯдаки беморро даъват карда аз онҳо хост, ки фарзандонашонро аз мактаб бигиранд, - гуфт хонум Жазиқбоева.


Модари яке аз ин кӯдакҳо Индира Отажанова гуфт, ки бар зидди маъмурияти мактаб шикоят навишта дар он зикр кардааст, ки сабаби аз мактаб рона шудани фарзандаш гирифтории ӯ ба вируси заъфи масунияти бадан будааст. Вай мегӯяд, ки аз сӯе, ин тасмими сарвари мактабро дарк мекунад, ба он хотир, ки фикр мекунад, волидони дигар кӯдакон шояд нахоҳанд, ки фарзандонашон ҳамроҳ бо атфоли олуда ба HIV таҳсил кунанд.


- Директори мактаб, як нафари таҳсилдидаву огоҳ, нафаре, ки дар бахши маъориф кор мекунад, ба мо гуфт, ки кӯдаконамонро аз мактаб бигирем ва дидаву дониста қонунро вайрон кард. Аз тарафи дигар, ман ӯро мефаҳмам, чун ин бизнеси хусусии ӯст. Ман инчунин дарк мекунам, ки ҷамъияти Қазоқистон наметавонад шахси гирифтори HIV-ро қабул кунад. Онҳо метарсанд, ки кӯдакони олудаи ин вирус касали худро ба дигарҳо интиқол медиҳанд, - гуфт ӯ.


Ин ду тифли аз мактаб рондашуда ҳанӯз соли 2006 баробар бо даҳҳо кӯдаки дигар дар натиҷаи интиқоли хуни олуда дар як касалхонаи шаҳри Шимкент гирифтори вируси HIV шудаанд. Дар он ҳодиса 220 кӯдак гирифтори ин вирус шуданд. Ба гуфтаи Жасиқбоева, аз миёни кӯдакони олудашуда, чор нафарашон мактаби миёнаро бомуваффақият хатм карда ду нафарашон донишҷӯи донишгоҳ шуданд, ду нафарашон ба коллеҷ дохил шуданд. 170 кӯдаки дигар ҳамоно дар мактаб таҳсил мекунанд, гуфт ӯ.
XS
SM
MD
LG