Ин ид соли гузашта ба шарафи бистсолагии пирӯзии Нурсултон Назарбоев дар нахустин интихоботи президентии Қазоқистони мустақил, эълон шуд.
Ӯ қаҳрамони афсонаҳо барои кӯдакон буд, донишгоҳе номи ӯро дорад ва қариб дар ҳар шаҳри Қазоқистон метавонад аз осорхонаи худ дидан кунад. Акнун Нурсултон Назарбоев, сарвари Қазоқистон, дар арафаи “Рӯзи раисиҷумҳури нахустин” аз имтиёзи нав – рухсатии вижа бархӯрдор хоҳад шуд.
Ҳарчанд то «Иди Нурсултон Назарбоев» беш аз як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст, дар Қазоқистон омодагиҳо ба ин «ҷашни таърихӣ» дар авҷ аст. Рӯзи сешанбе вазорати маорифи Қазоқистон ғолиби озмун миёни мактабиён дар бораи Назарбоевро эълон кард. Толибилм Элбасӣ Бегмат дар ин озмун собит кард, ки тарҷумаи ҳоли раисиҷумҳурро аз ҳама беҳтар медонад. Зимнан Нурсултон Назарбоевро ҳам дар кишвар чун «Элбасӣ» ё сарвари миллат ном мебаранд.
Рӯзи 1-уми декабр шаҳрдории Остона баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, қувваозмоиҳои варзишӣ, намоиши аксҳо, намоишгоҳи китоб ва консертҳоро тарҳрезӣ кардааст. Вазорати маорифи Қазоқистон эълом дошт, ки мехоҳад ҳафтаи «Қазоқистони нав дар ҷаҳони нав»-ро ташкил кунад. Ба иттилои вазорат, тақрибан 1500 сиёсатмадору донишманди 51 кишвар барои ширкат дар ин Ҳафта ва баррасии мавзӯъҳои «Ибтикори Қазоқистон дар сиёсати беруна» ва «навсозии иҷтимоии Қазоқистон» изҳори омодагӣ кардаанд.
Мунаққидони раисиҷумҳури Қазоқистон мегӯянд, ки Нурсултон Назарбоев ҳарчӣ бештар ба ботлоқи шахспарастӣ меғӯтад. Моҳи август тасмим гирифта шуд, ки дар саҳифаи аввали китобҳои таърих тарҷумаи ҳоли Назарбоев чоп шавад. Соли гузашта пайкараи бузурги Нурсултон Назарбоев дар Алмаато, дар Боғи раисиҷумҳури нахустин, қомат афрохт. Дар Қазоқистон мактабу осорхонаву боғҳои фароғатии зиёд номи раисиҷумҳурро доранд, пайкарасозон талош мекунанд, ки дар муҷассамаҳо афроди монанд ба Назарбоевро тасвир намоянд. Рӯзи шаҳри Остона ҳамасола дар зодрӯзи Нурсултон Назарбоев доир карда мешавад.
Нурсултон Назарбоеви 72-сола ҳанӯз аз замони шӯравӣ сарварии Қазоқистонро бар дӯш дорад. Ӯ дар чаҳор интихоботи президентӣ ва дар як раъйпурсӣ ваколатҳои худро ба андозае густариш дод, ки ба ҳокими мутлақ табдил шудааст. Зимнан, ягон интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистонро нозирони ғарбӣ «озоду одилона» арзёбӣ накардаанд.