Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митинги мотами Кемерово ба эътироз табдил шуд. ВИДЕО


Субҳи 27 март президенти Русия Владимир Путин аз шаҳри Кемерово дидан кард. Ӯ дар назди маркази тиҷоратии ба коми оташрафтаи “Зимняя вишня” гул гузошт ва осебдидаҳои сӯхтори фоҷеаборро дар бемористон аёдат кард.

Соати 9 субҳи сешанбе дар шаҳр минтинги поси хотираи қурбониҳои сӯхтор шурӯъ шуд, вале базудӣ ба гирдиҳамоии эътирозӣ бадал гашт. Дар ин гирдиҳамоӣ сокинони маҳаллӣ истеъфои волии Кемерово Аман Тулеевро талаб карданд.

Як навори видеоие, ки дар ҷараёни мулоқоти Путину мақомот сабт шудааст, Тулеевро ба намоиш гузошт, ки мегӯяд, шумори эътирозгарон “тахминан 200 нафар буда”, онҳо “на хешовандон, балки афроди мушкилзо мебошанд”.

Ҳазорҳо ширкатдори ин гирдиҳамоӣ дар шаҳри сибирии Кемерово аз мақомоти минтақавӣ талаб доранд, ки курсиҳои худро холӣ кунанд. Дар миёни 64 қурбонӣ аксарият кӯдакон мебошанд. Ғаму андӯҳ баробар бо эҳсоси норизоият аз мақомот боло мегирад. Путин ваъда дод, ки гунаҳгорони фоҷеа ҳатман ҷазо мебинанд.

Дар дасти эътирозгарон шиорҳои мисли “Коррупсия мекушад”, “Истеъфо” ва “Ҳақиқатро бигӯед” дида мешавад. Дигарҳо ҳамоно ба саволҳои худ посух меҷӯянд ва яке аз онҳо шумори воқеии қурбониҳои фоҷеа мебошад. Сӯхтор дар маркази тиҷоратии Кемерово баъд аз шоми якшанбе, 25 март сар зад.

Эътирозгарон дар талаби худ истеъфои Аман Тулеев ва мулоқот бо худи Путинро талаб доранд. Путин як ҳафта пеш аз фоҷеа дар Кемерово бо 77 дар сади раъи оро ба мӯҳлати шаш соли дигар мӯҳлати раёсатҷумҳуриашро тамдид кард.

ПАХШИ ЗИНДА АЗ МИТИНГИ КЕМЕРОВО:

Дар як навиштаҷот ҳабси Путину Тулеев тақозо шудааст. Тулеев аз соли 1997 раҳбарии ин минтақаи ангишткани сибириро ба ӯҳда дорад.

Биноба маълумоти мақомоти Русия дар ин ҳодиса 38 нафар, бо шумули беш аз 20 кӯдак гумном шудаанд. Дар ин бора сомонаи маъмурияти шаҳр хабар дод. Дар рӯйхати сомона исми 25 ҳалокшударо навиштаанд. Эҳтимол ин ҳамон нафаронеанд, ки ҷасадҳояшон шиносоӣ шудааст. Қаблан хадамоти оҷил теъдоди ҳалокшудаҳоро 64 нафар номбар кард. Аммо гурӯҳҳои ибтикор рӯйхати 85 нафар, кушташуда ва гумшударо тартиб доданд.

Дар як рӯйхати волидон гуфта шудааст, ки шумори кӯдакони қурбонии ин ҳодиса ба 41 нафар мерасад. Дар минёни онҳо исми духтарчаи 11-сола ҳам ҳаст, ки ҳамроҳ бо ду хоҳараш дар бинои кинотеатри маркази тиҷоратӣ дармонда то охирин лаҳза талош дошт тавассути телефон наҷотбахшонро ҷалб кунад.

Кемерово дар мотам аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Путин то рӯзи 26 март хомӯш буд ва он рӯз танҳо як изҳороти расмӣ нашр кард. Рӯзи сешанбе зимни боздид аз макони фоҷеа ӯ “бепарвоии ҷинояткоронаро” гунаҳгори ҳодиса номид. Вай гуфт: “Охир ин ҷо макони ҷанг нест, ин ҷо ногаҳон гази метан натаркидааст. Одамон барои истироҳат омада буданд, дар миёни онҳо кӯдакон буданд. Мо дар бораи демография гап мезанему ин қадар одамро аз даст медиҳем. Чаро? Барои он ки бепарвоии ҷинояткорона дорем, беғамем. Аслан чӣ хел шуд, ки чунин ҳодиса рух дод?”.

Путин баъдан дар мулоқот бо сокинону хешовандони қурбониҳо итминони хотир дод, ки гунаҳгорон ҳатман муҷозот мешаванд.

Вай гуфт, ки 100 муфаттиш барои таҳқиқи ин ҳодиса омадааст ва раҳбарии ин гурӯҳро раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин ба ӯҳда дорад.

Путин инчунин дар бемористон бо ҷабрдидаҳои сӯхтор мулоқот кард, вале ба мулоқоти ҳазорҳо ширкатдори намоиши эътирозӣ нарафт. Ин мардум дар майдони марказии шаҳр дар муқобили сохтмони ҳукумати маҳаллӣ гирди ҳам омадаанд.

Як навори видеоие, ки дар ҷараёни мулоқоти Путину мақомот сабт шудааст, Тулеевро ба намоиш гузошт, ки мегӯяд, шумори эътирозгарон “тахминан 200 нафар буда”, онҳо “на хешовандон, балки афроди мушкилзо мебошанд”.

https://twitter.com/shaveddinov/status/978544267856576512?s=19

Ин суханҳои Тулеев бо мавҷи андӯҳу ҳамдардие, ки аз саросари ҷаҳон ба Русия мерасад, дар ихтилоф аст. Ва ин дар ҳолест, ки Русия мавриди таҳрими сиёсии кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт ва зери фишори байналмилалӣ қарор дорад. Рӯзи 26 март ИМА ва дигар далватҳои ғарбиву аврупоӣ тасмим гирифтанд дар маҷмӯъ беш аз 100 дипломати русро аз хоки худ берун кунанд.

Рӯзи 26 март муфаттишони рус гуфтанд, ки дар кори маркази тиҷоратӣ иштибоҳҳои ҷиддии бехатариро ошкор кардаанд ва дар миёни ин хатоҳо – масдуд будани баромадгоҳҳои эҳтиётӣ ба ҳангоми сӯхтор аст, ки боиси афзоиши шумори қурбониҳо шуд. Баробар бо ин, сигнали огоҳкунандаи сӯхтор аз ҷониби муҳофизони бино хомӯш шуда буд.

То ин лаҳзаҳо панҷ нафар, аз ҷумла, раиси маркази тиҷоратӣ боздошт шудаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG