Ин шаҳрванди Узбекистон бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Русия, аз ҷумла куштор ва амали террористӣ, муттаҳам аст. Азбаски мурофиа паси дарҳои баста гузашт, тафсилоти парванда ва, ҳамин тавр, мавқеи Аҳмадҷон Қурбонов ё вакили мудофеи ӯ феълан маълум нест.
Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия, субҳи 17-уми декабри имсол дар пайи таркиш дар наздикии хонааш дар Маскав кушта шуд. Муфаттишон гуфтанд, маводи тарканда дар як скутери барқӣ гузошта шуда буд. Дар ин ҳодиса ёвари Кириллов ҳам ҷон бохт.
Як рӯз баъди ҳодиса мақомоти Русия иттилоъ доданд, ки дар робита ба куштори генерал шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд. Боздошти ӯ, ки ба гуфтаи Маскав, фармони Украинаро дар бораи аз байн бурдани Кириллов иҷро кардааст, дар миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия тарсу ваҳмро ба бор овард.
Бисёре аз муҳоҷирони узбек шикоят доранд, ки пулиси Русия онҳоро ҳадафмонда мавриди таъқиб қарор медиҳанд:
- “Шахс метавонад бад бошад, аммо аз рӯйи рафтори як нафар наметавон ба миллат баҳо дод. Маҳфуми миллати бад вуҷуд надорад.”
- “Акнун тафтиш сахт мешавад. Ҳуҷҷати муҳоҷирон бояд сад дарсад дуруст бошад.”
- "Ба назари ман, ин як иғвогарӣ аст. Дар ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" тоҷиконро гунаҳкор донистанд, ҳоло як узбек боздошт шудааст. Дар паси ин нерӯҳои бузургтар истодаанд.”
- "Ман бо бачаҳои узбеку гурҷӣ ва доғистонӣ дар саноати хӯрокворӣ кор мекунам. Ҳар миллат одами бад ва хуб дорад. Ба андешаи ман, бояд бо одамони хуб ҳамнишин буд ва аз одамони бад парҳез кард."
- "Ман шоҳиди чунин бархӯрд шудам. Пулис шиносномаамро гирифт. Ман шаҳрванди Узбекистон ҳастам. Сипас ӯ шиносномаи шаҳрвандони Қирғизистонро, ки дар паҳлӯи ман буданд, тафтиш намуд. Маро боздошт кард ва онҳоро ҷавоб дод. Чун шумораи узбекон зиёд аст, онҳоро тез-тез дастгир мекунанд.”
Дар ин байн вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки барои терористон ҳукми қатл иҷро шавад. Аз ҷумла, Константин Затулин дар саҳифааш дар "Телеграм" навишт, ки сабабгори марги генерал Кириллов бояд ҳукми қатл бигирад, ҳатто агар шаҳрванди давлати дигар аст.
Раҳбари Ҳизби "Русияи одил" Сергей Миронов низ қаблан талаб карда буд, ки мораторий ба ҳукми эъдом дар Русия бекор карда шавад. Вай дар ин бора дарҳол пас аз марги афсари воломақоми рус изҳор дошт: "Ман бо боварии том мегӯям, ки бояд ҳукми қатл барои террористон, ёварон ва фармоишгарони онҳо баргардонида шавад."
Видеоро дар инҷо бинед:
Боздошти зодаи Узбекистон дар робита ба қатли генерали рус дар ҳолест, ки моҳи марти соли 2024, баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Маскав, ки дар шароити бисёр суолбарангез рух дод, асосан муҳоҷирони тоҷикро гунаҳкор карданд. Дар пайи ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зери фишор ва озору азият қарор гирифтанд.