Манобеи мӯътамади радиои Озодӣ дар Бадахшон мегӯянд, ки мақомоти раёсати умури дохила ва намояндагони ҳукумати вилоят тавонистанд таҷаммӯи мардуми нигарон аз вазъи амниятии минтақаро, ки дар ноҳияи Рӯшон ҷамъ шуда буданд, пароканда кунанд. Яке аз намояндагони ин ҳайати ҳукуматӣ, ки нахост номашро ошкор кунем, гуфт, мардуми зиёд субҳи имрӯз қисми марзбонӣ ва сохтмони раёсати корҳои дохилаи ноҳияи Рӯшонро ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимолияти идомаи амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ ба муҳосира гирифтанд.
“Баъди музокироти тӯлонӣ ҷамъомадагон розӣ шуданд, ки пароканда шаванд”. Яке аз манбаъҳои дигари огаҳ рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар музокирот намояндагони силоҳбадастон дар ҷавоб ба талаби таслими афроди муттаҳам дар куштори генерал Абдулло Назаров иброз доштаанд, ки ду нафар аз муттаҳамҳо яке кушта ва дигаре маҷрӯҳ мебошанд. Сипас ҳайати ҳукумат талаб кардааст, ки ҳайати силоҳбадастон ин иддаоро бо омилҳои қотеъ собит намояд.
Баробар бо ин, субҳи имрӯз мардуми зиёд дубора дар баробари сохтмони шаҳрдории Хоруғ ҷамъ омада, нигаронии худро аз эҳтимоли идомаёбии амалиёти низомӣ дар Хоруғ баён кардаанд. Инчунин имрӯз вазирони дифоъ ва умури дохилаи Тоҷикистон – Шералӣ Хайруллоев ва Рамазон Раҳимов бо сокинони Хоруғ мулоқот доштаанд. Хайруллоев дар муроҷиат ба мардум гуфтааст, ки ҳадафи онҳо боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров, раҳбари минтақавии Раёсати амнияти миллӣ будааст.
Айни замон, Раҳимов гуфтааст, ки ҳадафи онҳо “дастгир кардани тамоми аъзои гурӯҳҳои силоҳбадаст” мебошад. Ин дар ҳолест, ки ба бовари бархе сокинони Хоруғ, гурӯҳҳои силоҳбадаст метавонанд дар кӯҳҳо ё дар ҳудуди Афғонистони ҳамсоя панаҳ бурда бошанд ва ба ҳамин хотир ҳам, боздошт ва мушаххаскунии маҳалли пинҳоншавии онҳо душвор аст.
“Вазъияти равонии мардум дар Хоруғ хеле сангин аст”, гуфт як манбаи дигари огоҳ. Дар шаҳр низомиёни силоҳбадаст ба чашм мехӯранд ва ҳанӯз на ҳама фурӯшгоҳҳову бозори маҳаллӣ ба кор шурӯъ кардаанд. “Дар миёни мардум дар бораи камбуди орду нон сӯҳбат мешавад”, гуфт як сокини Хоруғ.
Дар таҳаввулоти дигар, гуфта мешавад, ки тақрибан ҳамаи афроди боздоштшуда дар амалиёти Хоруғро ба Душанбе интиқол додаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар ин амалиёт, 40 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
Ҳамчунин 23 нафар маъмурони амниятӣ ва сарбозони маҷрӯҳшуда дар амалиёти вижаи Хоруғ низ дар Душанбе табобат мегиранд. Яке аз табибон дар шифохонаи низомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари 12 маҷрӯҳи корманди кумитаи амнияти миллӣ, ё аз гардан ва ё аз сарашон захмӣ шудаанд ва ҳолати чаҳор нафари онҳо сангинг арзёбӣ мешавад.
Айни замон, муайян шудааст, ки шумораи нисбатан дақиқи шаҳрвандони осоишта, ки дар даргириҳои Хоруғ аз силоҳи оташфишон кушта шудаанд, 18 нафар будааст. Ин нафарон дар ҷараёни даргириҳои рӯзи 24 июл дар ҷараёни амалиёти вижа дар Хоруғ аз зарби тир ба ҳалокат расиданд. Бино бар хабарҳои расида, инчунин 2 сокини дигари маркази шаҳри Хоруғ, бинобар боло рафтани фишори хун ба ҳалокат расидаанд.
Як манбаи муътамад дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки қатъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба маъноми анҷоми пурраи ин амалиёт нест. Вай гуфт, ки шумори нирӯҳо дар дохил ва канораҳои шаҳри Хоруғ зиёд аст, ки аз ҳисоби нирӯҳои Горди миллӣ, Вазорати умури дохила ва амният бо роҳи заминӣ ба Хоруғ эъзом шудаанд. Айни замон, ин манбаъ нагуфт, ки шумори дақиқи нирӯҳои ҳукуматӣ чанд нафар аст.
Ба қавли ӯ, амалиёт то замони боздошт ва ё таслими Толиб Аёмбеков ва ҳамроҳони ӯ идома хоҳад кард ва вазирони тамоми ниҳодҳои қудратӣ то имрӯз дар Хоруғ ҳамчун ҳайати кумиссиюни давлатӣ ҷараёни амалиётро назорат доранд.
Ҳоло ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ҳукумат бо гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ музокираро идома медиҳанд. "Агар ин музокира бенатиҷа анҷомад боз амалиёт давом дода хоҳад шуд", гуфт ин манбаъ. Ба хотири ҳамин, барои талаф наёфтани мардуми таҳҷоӣ мувофиқи руйхати махсус иҷоза дода шудааст, ки сокинони шаҳр ва атрофи он ба мавзеъҳои амнтар бираванд.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо мақомоти ҳукумати кишвар то охирин лаҳза талош хоҳанд кард, ки ба хушунат роҳ дода нашавад.
Айни замон, аз шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки нимаи аввали рӯзи 26-уми июл вазъ дар Хоруғ нисбатан оромтар буд. Нирӯҳои давлатӣ мавзеъҳои худро иваз кардаанд ва дар чанд маҳалли маркази шаҳр ва кӯҳҳои атрофи он ҷое камин гирифта ва ҷое ҳам дар ҳолати дидбонии вазъанд. Дар ду рӯзи гузашта радио ва телевизион кор намекард ва барқ набуд. Рӯзи панҷшанбе ба Хоруғ барқ дода шуд ва қарор аст, телевизиони вилоят имрӯз намоишҳои худро аз сар гирад. Хабарнигорони он аз маҳалли даргириҳои дирӯза дидан кардаанд ва мегӯянд, маҳаллаҳои УПД ва Хлебзавод осеби сахт дидаанд.
Дирӯз вазъи Бадахшон дар як ҷаласаи изтирории ҳукумат дар Душанбе баррасӣ шуда, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардум хостааст, дар амалиёти боздошти афроди, ба гуфтаи ӯ, “ҷинояткор” бо давлат ҳамкорӣ кунанд.
Рӯйдодҳои ахири Хоруғ вокунишҳоеро дар миёни ҷомеаи бадахшониҳои берун аз вилоят ба бор овард. Дар як муроҷиати хаттии шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвонии СММ, САҲА, Иттиҳодияи Аврупо, корпусҳои дипломатии хориҷӣ дар Душанбе ва созмонҳои байналмилалӣ тақозо шудааст, ки ба ҳукумати Тоҷикистон таъсир расонда, барои хатми хушунатҳо, барқарории иртиботи мухобиротиву нақлиётӣ бо Бадахшони кӯҳӣ талош ба харҷ дода шавад.
Инчунин дирӯз дар тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Бадахшон раиси вилоят Қодири Қосим гуфт, бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ оташбас эълон мешавад. Дирӯз зодагони Бадахшон дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскаву Бишкек ва Нйю-Йорк дар баробари сохтмони СММ ба нишони эътироз ба амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва масдуд шудани иртиботи телефонӣ бо Бадахшон таҷаммӯъ карданд.
Ба гуфтаи мақомот, рӯзи сешанбе дар Хоруғ дастикам 42 нафар кушта шуд, вале манобеъи дигар, шумори кушташудаҳоро хеле бештар ва танҳо мардуми мулкии ҳалокшударо то 30 нафар мегӯянд. САҲА аз ҳалокати афроди осоишта дар Хоруғ изҳори нигаронӣ кард. Вазорати хориҷаи Русия низ дар як изҳорот аз вазъи Бадахшон изҳори ташвиш кардааст.