Дар ҳоле, ки бӯҳрони молӣ ва қимат шудани хӯрок сокинонро ба сарфаҷӯӣ ва сарфи моҳона фақат барои ғизо водор мекунад, як созмони ҷамъиятӣ дар маркази Хуҷанд машваратгоҳе боз карда, ба таври ройгон ба сокинон чӣ тавр сарфакорона истифода бурдани будҷаи хонаводаро меомӯзонад.
Хоҳишмандони машваратгирӣ зиёданд ва вақте хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 3 апрел дар ҳавои боронӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ба ин машваратгоҳ сар зад, сокинони зиёд ба инҷо сар мезаданд.
Як созмони ҷамъиятӣ дар маркази Хуҷанд машваратгоҳе боз карда, ба таври ройгон ба сокинон чӣ тавр сарфакорона истифода бурдани будҷаи хонаводаро меомӯзонад.
Яке аз онҳо Фаррух Шарифов аст, ки дар Донишкадаи лоиҳакашии шаҳри Хуҷанд ба ҳайси лоиҳакаш кор мекунад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳудуди моҳона 1,5 ҳазор сомонӣ маош мегирад ва зиндагии худу ҳамсар ва ду фарзандашро бо ин маблағ мечархонад. Барои Фаррух ҷолиб аст бидонад, ки чӣ тавр моҳонаи худро сарфа кардаву барои як моҳ расонидан мумкин аст.
“Шароити зиндагӣ водор мекунад, ки мо ҳар сомониро сарфа кунем ва ба сарфаҷӯӣ одат кардаем. Аммо ин ҷо мушовирон баъзе тарафҳои дигари сарфакориро фаҳмониданд. Масалан, ман 2 рақами мобил ва симкард дорам. Агар якеи онро кор нафармоям, дар як моҳ камаш 30 сомонӣ дар кисаам мемонад”,-мегӯяд Фаррух Шарифов.
Фаррух ва сокинони дигар аз машваратгоҳ як “Рӯзномаи даромад ва хароҷоти оила” ҳам тақдим карданд, ки дар он даромад ва хароҷоти ҳаррӯзаи худро давоми 12 моҳи сол навишта, метавонанд будҷаи оилавии худро танзим кунанд. Ин рӯзномаро Бонки ҷаҳонӣ таҳия намуда, дар он хароҷоти сокинон 4 навъ муайян шудааст: хӯрду хӯрок, нақлиёт, молу маҳсулот ва хароҷоти дигар.
Мухбира Ортиқова, яке аз машваратгарони молиявӣ мегӯяд, онҳо ба сокинон бо такя ба ҳамин рӯзнома сарфаи будҷаи оилавиашонро меомӯзанд. Ӯ мегӯяд, ки “бисёриҳо назди мо меоянд ва мегӯянд, ки агар пул медоштанд, худашон чӣ тавр хароҷот карданашро медонанд. Аммо дар сӯҳбат маълум мешавад, ки байни халқи мо хеле кам касон харҷу дахли будҷаи оилавии худро ҳисобу китоб ва навишта мекунанд. Мо ба ҷавонон маслиҳат медиҳем, ки хароҷоти худро аз хариду сарфҳои нолозим кам кунанд. Масалан, ба як нафар маслиҳат додем, ки носкашӣ ё сигоркаширо партоянд, он вақт дар як моҳ камаш 40-50 сомонӣ пулашон пасандоз мешавад. Ҳамин тавр, аз нишасту маҳфилороиҳои чандумдараҷа ё аслан беҳуда сарфи назар кунем, пуламон пасандоз мешавад.”
Машваратгоҳи бепул барои сокинон дар маркази Хуҷанд боз гардида, аз 30-юм то 5 апрел идома мекунад. Машваратгарони молиявӣ ба сокинон чӣ тавр аз моҳ то моҳ расонидани маошу даромад ва буридани хароҷоти беҳударо ёд медиҳанд. Ин машваратгоҳи хиёбонӣ бо ибтикори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд ва дастгирии молии созмони “Зан ва ҷомеа” фаъол шудааст.
Дар Тоҷикистон маоши миёнаи кормандони буҷавӣ ҳудуди 900 сомонӣ аст ва қисмати зиёди сокинон ҷойи кори доимӣ надоранд. Бино ба маълумоти сарраёсати Оҷонси омор, музди миёнаи ҳармоҳаи кор дар соли 2016 дар вилояти Суғд 765 сомонӣ буда, назар ба ҳамин давраи соли 2015 беш аз 11 дар сад зиёд шудааст.
Ин аст, ки тӯли таъминан ним соате, ки назди машваратгарон будем, 7-8 нафар сокинон аз онҳо маслиҳат мегирифтанд. Яке аз машваратгарони молиявӣ мегӯяд, аксари машваратхоҳон ҷои корӣ надоранд ва дар ҷустуҷӯи кор ба маркази Хуҷанд омадаанд ва ё мисли Фаррух -- мусоҳиби авваламон бо маоши кам зиндагии оддии сарфакоронае доранд. Вале мушкилоти рӯзгор ва нарасидани пул боз ҳам водорашон карда, ки барои пешбурди рӯзгор роҳҳои аз ин ҳам бештари сарфаҷӯиро биёбанд.