Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"60 километрро 5-6 соат мегузарем." Гузориш аз роҳе, ки ягон бор таъмир нашудааст


Кай роҳ ба ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ обод мешавад? Ин суолест, ки аксари сокинони ин ноҳияи дурдасти Тоҷикистон ва як қисмати ноҳияи Айнӣ солҳо боз аз мақомот мепурсанд. Ҳам дар даврони Шӯравӣ ва ҳам дар 34 соли Истиқлолият, ин роҳ ягон маротиба асфалтпӯш нашудааст.

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва чанд деҳаи ноҳияи Айнӣ солҳост, ки бо роҳи пурчангу ғубор ва хатарнок равуо мекунанд. Бо наздик шудани фасли зимистон, тарсу бими сокинон аз роҳи мошингузар бештар мешавад. Зеро роҳҳо дар ин айём маҳкам мешаванд ё бар асари лағжиш ба пастиҳо сарозер мегарданд.

Муҳаммадсиддиқ Атоев, сокини деҳаи Ҳадишаҳри Кӯҳистони Масчоҳ, борҳо тавассути ин роҳ ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе рафтааст. Мегӯяд, роҳсозон чуқуриҳои роҳро пур мекунанд, вале баъди як борон боз ҳама чиз хароб мешавад. "Барои он, ки вақте борон шуд, хоку шағал аз кӯҳ мерезад. Лекин роҳсозон шабу рӯз кор мекунанд."

Дарозии роҳ аз назди Беморхонаи маркази ноҳияи Айнӣ то даромадгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, тақрибан 60 километр аст. Искандар Маҳмудов, сокини ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мегӯяд, мошинҳо ин роҳро дар 5-6 соат тай мекунанд, чун пурра хароб асту маҷбуранд оҳиста раванд. Ронандаҳо ва тоҷироне, ки аз ин роҳ мегузаранд, мегӯянд, ба сабаби сахтии роҳ зиёни иқтисодӣ мебинанд. Аз ҷумла нақлиёти Искандар Маҳмудов борҳо дар ин роҳ хароб шудааст, аммо ӯ маҷбур аст аз шаҳри Истаравшан молу коло оварда, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ фурӯшад.

Ин ронанда аз азобҳояш мегӯяд, “пеш бо мошини “Опел” ба деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ омадаам, муҳаррики мошин хароб шуд, сарсон шуда будам. Се-чор рӯз дар чойхонаи Айнӣ хоб карда будам. Баъд мошинро ба “Камаз” бор карда бурда будам. То Кӯҳистони Масчоҳ мебароям, роҳ бисёр азоб аст. Роҳи 60 километраро ба 5-6 соат мебароем.”

Ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ тақрибан 30 ҳазор аҳолӣ дорад ва минтақаи аграрӣ ба ҳисоб меравад. Як бахши асосии картошкаи мавриди ниёзи Тоҷикистон, тариқи ҳамин роҳ аз Куҳистони Мастчоҳ ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон бурда мешавад. Ронандагон мегӯянд, боре ҳам идораи роҳсозӣ ин роҳро мумфарш накардааст.

Муродқул Шарипов, сокини ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фасли зимистон гузаштан аз ин роҳ хеле вазнин мешавад. “Бисёр мошинҳо азоб мекашанд. Дар вақти баромадан мемонанд. То 10-12 тонна бор гирифта мебиёнд, баъд дар ҳамин роҳҳо мемонанд. Ин роҳҳо мушкилии зиёд дорад”.

Гузориши видеоро инҷо тамошо кунед:

Кай роҳ ба Мастчоҳи Кӯҳӣ обод хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Нигаҳбонони роҳ мегӯянд, новобаста аз чигунагии вазъи ҳаво, талош мекунанд, ки равуои нақлиёт таъмин бошад.

Алибой Сафаров, корманди идораи роҳи ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо шабонарӯз кор мекунанд, аммо ин роҳ ҳамеша хатарнок аст. Сафаров афзуд, барои гузаштани нақлиёт дар фасли зимистон, қумму намак тайёр кардаанд.

Ин масирро дар замони Шӯравӣ барои пайванд шудани сокинони ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ ба марказ сохтаанд. Вале аз он замон, ягон бор ин роҳ мумфар нашудааст. Масъулони Вазорати нақлиёт дар минтақа гуфтанд, ки лоиҳаи бунёди роҳро кашидаанд ва бо дарёфти сармоягузор онро месозанд. Ин гуфтаҳо то ба гӯши сокинон рафтааст ва интизорӣ мекашанд. Аммо маълум нест, ин роҳ кай ин роҳ рӯйи асфалтро мебинад?

Ҳукумати Тоҷикистон сохтани роҳ ва барқарор кардани равуои доимӣ миёни минтақаҳои кишварро, яке аз ҳадафҳои асосии худ эълон кардааст. Дар ин муддат роҳҳои зиёде дар дохили кишвар, асосан бо қарзи хориҷӣ, таъмиру навсозӣ шуданд. Аммо то ҳол масирҳое, ба монанди роҳи Кӯҳистони Мастчоҳ боқӣ мондааст, ки таъмири куллӣ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG