Ин зарфҳои пластикӣ ё худ баклажкаҳои яклитра, ки оби гарм доранд, бадани сокинонро то чанд муддате гарм нигаҳ медорад. Аксаран, аз ин усул сокинони манзилҳои баландошёна истифода мебаранд. Шамъигул Муродова, як сокини Кӯлоб мегӯяд, дар мавсими сармо интиқоли барқ ба хонаҳояшон зуд-зуд қатъ мегардад ва онҳо маҷбуранд, ки зери кӯрпа барои худу кӯдакон зарфҳои оби гарм гузоранд.
Ӯ гуфт: «Барқ хомӯш мешавад, дар ин баландошёна печка ҳам нашинондаем. Дар болои балони газ об гарм карда, дар баклажкаҳо мерезем ва чандтоӣ ба кӯдакон дода, ба кӯрпа мепечонем. Ҳавои хона ҳам сард бошад, оғӯш кардани баклажкаи гарм то андозае баданро гарм нигаҳ медорад».
Ин усул ягона роҳи арзон ва дастраси гармшавии сокинон боқӣ мондааст. Рафоат Ҷабборова, як сокини ҳавлие дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, пайдо кардани
ангишти хуб ғайриимкон аст ва як дарзаи хурди ҳезум, ки як бор барои гармшавӣ истифода мешавад, аз 4 то 6 сомонӣ арзиш дорад, ки дар ниҳоят, хеле гарон меанҷомад. Ба гуфтаи ӯ, бебарқӣ ва сардӣ ба саломатии онҳо таъсири бад расонидааст.
«Дар як хона ҳама аз хунукӣ зуком шудаем. Дигар гармии баклажкаҳо ҳам фоида намекунад. Ба ғайри дуо, ки Худо рӯзҳои гармро тезтар биёрад, чорае надорем», гуфт хонум Ҷабборова. Бо ин вуҷуд, гармии зарфҳои пластикӣ дер намепояд ва то ду-се соат дубора сард мешавад.
Аз моҳи октябр дар Кӯлоб реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Дар бархе маҳаллаҳо ҳафтаҳо боз бинобар аз кор боз мондани зеристгоҳҳои барқрасон мардум дар шароити бебарқии комил зиндагӣ мекунанд. Вале Аҳмад Кишваров, сармуҳандиси шабакаҳои барқи Кӯлоб мегӯяд, ҳоло дар дохили шаҳр дар як шабонарӯз 10 соат ва дар деҳоти атроф то 8 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Сабаби аз кор бозмондани зеристгоҳҳои барқиро ӯ дар нодуруст ва аз меъёри муқарраршуда бештар истифода шудани нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонад.
Бебарқӣ дар ҳолест, ки дар Кӯлоб камбуди гази моеъ низ мушоҳида мешавад. Кӯлоб сеюмин бузургтарин шаҳри Тоҷикистон аст, ки ҳамасола сокинонаш аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.