Раҳбарияти бозори "Ҷал-Ҷам" дар маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе ба садҳо тоҷир то нимаи моҳи январи соли 2020 муҳлат додаанд, ки дӯконҳои худро холӣ карда, дар бозори нави "Кушониён" ҷойгир шаванд.
Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ ба он даст ёфт, молики бозори нав дар қисмати шимолии Душанбе ширкати "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Вале раиси бозори "Кушониён" Муҳаммад Давлатшоев рӯзи 17-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бозорро чанд нафари алоҳида ташкил кардаанд" ва яке аз саҳмдорон ӯст.
Зарбулаҷал ба тоҷирони бозори "Ҷал-Ҷам" 16-уми декабр ва дар рӯзе эълон шудааст, ки бозори нави "Кушониён" ба кор оғоз кард. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи ҳукумати Душанбе гуфт, барои кӯчонидани бозори "Ҷал-Ҷам" ҳанӯз соли 2018 қарори раиси шаҳр содир шудааст. Масъулони Раёсати рушди иқтисоди ҳукумати Душанбе гуфтанд, замини бозори "Ҷал-Ҷам" ба ихтиёри давлат гирифта мешавад. Маълум нест, дар онҷо чӣ месозанд.
Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрасӣ дорад, бозори "Ҷал-Ҷам" ба Ҷамолиддин Сироҷов тааллуқ дорад ва расман соли 2005 дар идораи андоз сабтином шудааст. Он дар масоҳати 7 гектар замин яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои маводи сохтмонӣ дар Душанбе ба шумор меравад. То ин дам муяссар нашуд, ки назари раиси бозорро дар бораи тасмими кӯчондани тоҷирон бипурсем.
Тоҷирони бозори "Ҷал-Ҷам" фурсати додаи мақомотро барои кӯчидан ба бозори нав кам мешуморанд. Онҳо мегӯянд, дар ҷойи нав пайдо кардани муштарӣ мушкил аст ва аз ин ҳисоб тиҷораташон зарар мебинад.
Садриддин Муродов, тоҷири бозори "Ҷал-Ҷам" рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷойгир шудан дар онҷо бо маблағ будааст. Ҳамин хел шунидем. Рости гап, пул надорем, ки дар онҷо макони нав харем. Онҳое, ки маблағ доранд, харида истодаанд. Агар ба иҷора диҳанд, кор мекунем," -- афзуд ӯ.
Ёқубҷон Юнусбоев, фурӯшандаи дигари бозори "Ҷал-Ҷам", гуфт, "дар онҷо мағозаҳо омода нест. Пеш аз рафтан бояд омода бошем. Дар маҷлис гуфтанд, ки як моҳ вақт доред, бозор баста мешавад."
Раҳбарияти "Ҷал-Ҷам” мегӯянд, аз чанд моҳи пеш тоҷиронро огоҳ намуда буданд, ки барои рафтан ба бозори нав омода бошанд. Тоҷирон мегӯянд, сарусадо дар мавриди қатъи кори бозор буд, вале интизор надоштанд, ки муҳлати кам медиҳанд.
Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, бо таваҷҷуҳ ба он ки дар макони нав якбора муштарӣ пайдо намекунанд, масъулон то як муддат ба онҳо дар пардохти пули иҷора ва андоз имтиёз диҳанд.
Муҳаммад Давлатшоев, раиси Маркази савдои "Кӯшониён" – бозори наве, ки барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ шудааст, мегӯяд, тоҷирон набояд нигарон бошанд, зеро онҳо бо пешниҳоди имтиёзу шароити беҳтари корӣ омодаи қабули фурӯшандаҳо ҳастанд. Ӯ рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар тоҷире, ки дар бозори нав корро оғоз мекунад, ҳамчун имтиёз то се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи дӯконҳо озод аст."
Вай иддао дар бораи фурӯхтани дӯконҳои бозорро рад кард ва гуфт, "инҳо ба иҷора дода мешаванд. Барои як метр тахминан аз 20 то 31 сомонӣ дар як моҳ пешбинӣ шудааст."
Муҳаммад Давлатшоев мегӯяд, то нисфирӯзии 17-уми декабр беш аз 100 тоҷир аз "Ҷал-Ҷам" омада, шартномаи корӣ бастаанд. Ӯ гуфт, дар қадами аввал тоҷирони "Ҷал-Ҷам"-ро бо дӯкон таъмин мекунанд ва баъдан фурӯшандаҳои дигар метавонанд дар макони нав тиҷораташонро ба роҳ монанд.
Дар посух ба ин суол, ки молики асосии ин маркази бузург кист, Давлатшоев гуфт, "ин макон аз сӯи якчанд соҳибкор сохта шудааст ва саҳомӣ аст. Ҷамъияти саҳомии пӯшида аст. Ман низ яке аз саҳомон ҳастам." Аммо дар санадҳои расмӣ молики бозор ширкати "Фароз" зикр шудааст. Масъулони "Фароз" моҳи сентябри имсол аз тасмими барҳам додани ширкат хабар дода буданд, аммо ширкат ва дастикам 46 ҷамъияти саҳомии таъсисдодаи он ҳанӯз фаъол аст.
Бозори нави "Кушониён", ки яке аз онҳост, дар 13 гектар замин дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе) воқеъ аст ва аз 1200 то 1500 дӯкон дорад.
Дар Душанбе дар давоми беш аз даҳ соли ахир чанде аз бозорҳо, аз ҷумла, “Шоҳмансур” ва “Баракат” вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо боғ ва ё биноҳо сохта шудаанд. Аммо тасмими тахриби бозорҳо ва ба ҷойи дигар кӯчонидани тоҷирон ҳамеша бо нигаронӣ ва норозигии фурӯшандаҳо ҳамроҳ будааст.
Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10