Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои вазир дар пайи моҷарои додситони кулл


Алмамбет Шикмаматов
Алмамбет Шикмаматов

Алмамбет Шикмаматов, вазири адлияи Қирғизистон эълон кардааст, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад ва аризаи истеъфояшро ҳам навиштааст.

Алмамбет Шикмаматов, вазири адлияи Қирғизистон, аз тариқи телевизиони бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар барномаи “Суолҳои номуносиб” омодагиашро дар бораи истеъфо эълон кард.

Шикмаматов гуфт, сабаби истеъфояш ин аст, ки нахост аз Дониёр Норимбоев -- раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ маъзаратхоҳӣ кунад.

Шикмаматов дар мусоҳибае бо як рӯзномаи қирғизӣ гуфта буд, найрангҳои сиёсии Норимбоев сабаби истеъфои Айда Салянова аз мақоми додситонии кулл шудааст. Вай афзудааст, суханонашро рӯзнома нодуруст таъбир карда, вале то ҳол намехоҳад бо тақози Норимбоев аз ӯ узр бипурсад.

Намояндагони парлумон аз рӯзноманигоре, ки ин мақоларо ба нашр расондааст, хостанд, рӯзи 2 феврал ба парлумон ҳозир шуда, ба суолҳо посух диҳад. Аммо рӯзноманигор гуфтааст, ба сафари хидматӣ меравад ва наметавонад дар иҷлоси парлумон иштирок дошта бошад.

Феликс Қулов, раиси Шӯрои эътилофи парлумонӣ гуфт, тавзеҳоти Шикмаматов ба эътибори Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон зарба задааст. Алмамбет Шикмаматов узви Ҳизби “Ота Макон” аст ва чун намояндаи ин ҳизб ба курсии вазири адлияи Қирғизистон нишаста буд. Дар мусоҳибае бо Омурбек Тикебоев, раиси ин ҳизб ва яке аз шахсиятҳои бонуфузи сиёсии Қирғизистон пурсидем, чаро вазир истеъфои худ ва истеъфои Додситони куллро интрига ё бозиҳои сиёсии раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ арзёбӣ кард?

Тикебоев: "Вазири адлия ба соддагӣ гуфт, Дониёр Норимбоев - раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон шахсияти бештар муносиб аст ва он шахсест, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ доштааст. Вале раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ ин суханонро барои худ таҳқир арзёбӣ кард ва дар ин бора ба Шӯрои эътилоф шикоят навишт. Барои ҳамин, вазир ба нишонаи эътироз аз мақоми худ истеъфо дод. Аввал ин ки вазир шикояти Норимбоевро рафтори муносиб намедонад, зеро чунин рафтор аз ғаризаҳои шахсӣ ва норизоятиҳои шахсӣ бармеояд. Барои ҳамин Шикмаматов истеъфо дод, то нишон диҳад, барои мақому мансаб аз касе узрхоҳӣ ва ба касе тамаллуқ нахоҳад кард. Мо намунаҳои дигар ҳам доштем, ки аз ҳизби мо аз мақомҳои вазирӣ пештар ҳам истеъфо дода буданд. Барои ҳамин вай хусусияти “Ота Макон”-и воқеиро нишон дод."

Озодӣ: Фикр намекунед, баъд аз чунин истеъфоҳо эътилофи сиёсии зери раҳбарии раиси ҷумҳур ба хатари фурӯпошӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд?

Тикебоев: "На. Воқеан ҳам, вазир изҳор дошт, ки баъзеҳо мехоҳанд, дар Қирғизистон вазъи сиёсӣ барҳам хӯрад. Барои ҳамин, ин масъаларо ба бозӣ гирифтаанд ва онро бузург нишон медиҳанд. Барои ҳамин, масъалаҳои таҳрикбарангезро матраҳ мекунанд. Вазир барои он истеъфо медиҳад, ки барои онҳо сабабе барои барҳам задани суботи вазъ дар оянда надошта бошанд ва эътилоф боқӣ бимонад."

Озодӣ: Дар чунин ҳолатҳо маъмулан вазирон ба таври расмӣ узрхоҳӣ мекунанд, то курсии вазоратро нигоҳ доранд. Барои чӣ Шикмаматов узр напурсид ё воқеан ҳам дар паси саҳна бозиҳои ҷиддитаре идома дорад ва вай маҷбур ба истеъфо шуд?

Тикебоев: "На, на, касе водор накардааст. Гузашта аз ин, эътилофи ҳоким аз вай хост, дар мақоми худ бимонад. Вале вай ҳамин тасмимро гирифт, то ба кормандони ҳукумативу мардум дарс шавад, ки барои курсӣ одам набояд усулро зери пой гузорад, тамаллуқ кунад, зеро он барои ҳизби мо падидаи бегона аст."

Озодӣ: Сару садоҳое ҳаст, ки дар оянда низ истеъфоҳо идома меёбанд. Дуруст?

Тикебоев: "Фикр мекунам, на. Барои он ки эътилоф диди худ ва барномаҳои худро дорад. Мо ҳама хостори ҳифзи суботи вазъи сиёсӣ ҳастем."

XS
SM
MD
LG