Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон як марди узбакро ба зан табдил доданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар таърихи Қирғизистон аввалин ҷарроҳии табдили ҷинс анҷом ёфт ва шаҳрванди Ӯзбакистон аз писар ба духтар табдил дода шуд.

Ҷарроҳони Бемористони миллии Вазорати беҳдошти Қирғизистон нахустин амалиёти табдили ҷинсро бо муваффақият анҷом доданд. Онҳо ҷинси як ҷавони 25-соларо аз Ӯзбакистон аз писар ба духтар иваз карданд.

Бино бар маълумоти Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, амалиёти ҷарроҳӣ бе мушкил ҷараён гирифт ва вазъи ҷавоне, ки акнун ба бону табдил ёфт, мӯътадил аст.

Пизишки Бемористони миллии Вазорати беҳдошти Қирғизистон Зуфар Ҳакимхоҷаев мегӯяд, ҷарроҳӣ дар моҳи октябри соли 2013 баргузор шуд ва ҳамчунин имкон шудааст, ки шиносномаи ҷавони ӯзбак низ тағйир дода шавад: “Ду ҳафта пеш шахси ҷарроҳикарда мо барои озмоиши вазъи саломатияш ба бемористон омад ва гуфт, мақомоти Ӯзбакистон шиносномаашро иваз карда, ном ва насаби ӯро ба гунаи занона иваз кардаанд. Вай ба гӯшҳояш гӯшвор андохта, либоси занонаи дароздоман пӯшидааст. Аз занон ягон зарра фарқ намекунад. Аз ҳаёти худ розист.”

Ҷаноби Ҳакимхоҷаев аз ифшои номи пешина ва нави “бемор”-и худ ба далели сирри тиббӣ ва ҳуқуқӣ будани он худдорӣ кард.

Амалиёти ҷарроҳии табдили ҷинсро дар Бемористони миллии Вазорати беҳдошти Қирғизистон урологи асосии ин ниҳод Оқилбек Усупбоев сарварӣ кардааст. Вай гуфтааст, ҷарроҳӣ хуб гузашт ва ягон нишонаи пеш омадани мушкил дар вазъи саломатии “бемор” ба мушоҳида намерасад.

Шаҳрванди Ӯзбакистон ҷарроҳии худро барои он дар Қирғизистон анҷом дод, ки натавонистааст, дар кишвари худ пизишконро ба чунин амалиёт розӣ кунад.

Дар Тоҷикистон аввалин амали ҷарроҳии табдили ҷинс дар соли 1998 ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он ҷинси як зан, ки гуфта мешавад, аз хурдӣ худро мард тасаввур мекард, иваз карда шуд. Пизишкон мегӯянд, ин амалиёт бо иҷозаи расмии ҳукумат ва барои таҷриба анҷом дода шуд. Эҳтимол меравад, чунин ҷарроҳиҳо дар солҳои баъдӣ низ ба вуқӯъ пайваста бошанд, аммо дар бораи онҳо хабаре нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG