Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти бунёдӣ дар Академияи илмҳои Қирғизистон


Академияи илмҳои Қирғизистон
Академияи илмҳои Қирғизистон

Дар Қирғизистон тарҳи азнавсозии Академияи илмҳои ин кишвар омода шуд, ки интизор меравад, сохтор ва шеваи кори онро аз реша иваз кунад.

Бино бар тарҳи ислоҳот дар Академияи илмҳои Қирғизистон сохторҳои ин ниҳод 3,5 баробар камтар шуда, бархе аз моликияти он ба ихтиёри давлат супурда мешавад. Ба ҷои 22 пажӯҳишгоҳи мавҷуда 7 инстиути муосир таъсис ёфта, раёсати академия ва 4 вазифаи ноиб-презитдентӣ барҳам мехӯранд.

Раиси Академияи илмҳои Қирғизистон Абдуғанӣ Эркебоев дар бораи тарҳи ислоҳи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт: “Академия ҳамчун маркази илм бояд нигоҳ дошта шавад, аммо тарзи кори он бояд ҷавобгӯи замона бошад. Мо тасмим гирифтем, сохторро иваз ва раҳбариятро ихтисор кунем. Ба ҳайси раҳбарият танрҳо раис ва котиби илмӣ боқӣ мемонанд. Теъдоди пажӯҳишгоҳҳо низ ба маротиб камтар хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи академик Эркебоев, буҷаи солонаи ин ниҳоди имлмӣ 252 миллион сомро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои маоши 1900 корманд ва харҷҳои зербиноӣ сарф мешавад. Маоши олимон баланд нест ва ҳисоби миёнаи он 6000 сомро ташкил медиҳад. Барои тадқиқоти илмӣ ва таҷҳизоти фаннӣ маблағе боқӣ намемонад. Баъд аз ислоҳот қарор аст, сармояи сарфашуда барои рушди илм ва пуштибонии кормандони илмӣ равона шавад.

Ба ғайр аз ин, бино бар тарҳи ислоҳот чанде аз бино ва қитъаҳои замин ҳамчун моли академия боқӣ монда, бақия ба ихтиёри ҳукумат мегузарад.

Пешниҳоди ислоҳи Академияи илмҳои Қирғизистон бори аввал аз тарафи раисиҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоев садо дод. Бар пояи он дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва ҳам ҳукумат ду гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Аъзои он ба натиҷае расиданд, ки “фаъолияти Академияи илмҳои Қирғизистон ба талабҳои рӯз ҷавоб намедиҳад.” Дар ин замина қарор шуд, шумораи ниҳодҳои илдмӣ камтар шуда, бархе аз онҳо ба донишгоҳ ва донишкадаҳо ҳамҷоя шаванд. Аммо он вақт раҳбарияти академия ба ин пешниҳод зид баромад. Ҳоло, зоҳиран, як ҳалли миёна ба даст омадааст.

Узви гурӯҳи корӣ, сардори бахши маориф, фарҳанг ва варзиш дар дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон, Абдиманап Муродов изҳор дошт, ки тасмими ниҳоӣ баъд аз баррасии ҳамаи пешниҳодҳо гирифта хоҳад шуд.

“Мо ҳам пешниҳодҳои гурӯҳҳои корӣ ва ҳам назари академияро омӯхта, аз ҳарду то охири сол як тарҳи ниҳоӣ месозем. Сипас он ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод мешавад ва он гоҳ ҳукумат ба як қарор мерасад. Мо умедворем, ки ин раванд дар аввалин моҳҳои соли оянда ба поён хоҳад расид.”

Ҷомеаи Қирғизистон тарафдори ислоҳот дар Академияи илмҳои ин кишвар аст, аммо онҳое низ ҳастанд, ки дурустии тарҳи мазкурро зери суол мегузоранд. Барои намуна, узви гурӯҳи кории ҳукумат, дотсент Эмил Ҷӯраев бар ин аст, ки танҳо бо тағйир сохтор намешавад, академияро наҷот дод: “Кам кардани шумораи кормандону раҳбарон усулан шохиси хуб аст, вале хатаре вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди ин кор ба шакли пешина боқӣ хоҳад монд. Агар академия мисли пешина кор кунад, ин ислоҳот ба мақсад нахоҳад расид.”

Доктори улуми таърих Тинчтикбек Чоротегин аз ин ақидаи ҳимоят мекунад ва мегӯяд, барои як ислоҳоти муваффақона Қирғизистон бояд ба таҷрибаи ҷаҳонӣ рӯй орад: “Мо бояд таҷрибаи Қазоқистон ва кишварҳои дигарро ба назар гирем. Дар онҳо сохтори пешина боқӣ монд, аммо корҳои илмӣ акнун бо ёриҳои молӣ ва зимни барномаҳои муштарак амалӣ мешаванд. Набояд бо кам кардани шумораи институтҳо маҳдуд шуд, бояд ҳамкории наздики онҳоро бо донишгоҳҳо рушд дод. Бояд унвонҳои академик ё узви вобастаи академияро нигоҳ дошт, аммо набояд барои ин ба унвондорон маош дод, балки баръакс, монанди Амрико ва кишварҳои дигар, онҳо бояд ҳаққи аъзогӣ диҳанд.”

Ин ақида ҳам дар ҷомеа ҷой дорад, ки бояд сармоягузории давлат ба илм бештар шавад. Дар акси ҳол ин низом фосид боқӣ мемонанд ва ислоҳот ба ҷое намерасад.

Дар Тоҷикистон ислоҳоти Академияи улуми ин кишвар дар соли 2011 ҷараён гирифт. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, 10 пажӯҳишгоҳи он дар 5 ниҳод муттаҳид карда шуд. Шумори аъзои раёсати ин ниҳоди илмӣ аз 11 то 9 нафар ва теъдоди кормандони дастгоҳи Академия аз 70 то 50 нафар коҳиш дода шуд.Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиология, Пажӯҳишгоҳи иқтисод бо Пажӯҳишӯгоҳи демография, геология бо зилзилашиносӣ, давлат ва ҳуқуқ бо фалсафа ва Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ бо Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт як карда шуданд.

XS
SM
MD
LG