Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбанди баландтар барои нирӯгоҳи Қамбарота


Нирӯгоҳи Қамбарота
Нирӯгоҳи Қамбарота

Қирғизистон мехоҳад барои нирӯгоҳи Қамбарота-1 дар рӯди Норин сарбанди баландтаре бино кунад. Ин нақша зоҳиран ба мухолифати навбатии кишварҳои поёнбоби Осиёи Марказӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки барои нирӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1 дар рӯдхонаи Норин сарбанди баландтаре сохта шавад, то тавоноии тавлидотии нирӯи барқ дар ин нирӯгогҳ боло равад.

Ин тасмими ҳукумат баъд аз он эълон шуд, ки Қирғизистон ва Русия розӣ шудаанд, ки сарбанди нирӯгоҳи Қамбарота-1 ва садди чаҳор нирӯгоҳи дигарро дар болооби рӯдхонаи Норин ҳамроҳ бисозанд. Бино ба ризояти ҷонибҳо, даромад аз тавлиди нирӯи барқро Қирғизистон ва Русия баробар тақсим хоҳанд кард.

Ҷониби Қирғизистон дар ин бора ба "Интер РАО ЕЭС" бар асоси қарордод дархост ва ба ҳукумати Русия шароити техникии сохтмонро фиристодааст. Дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Раимбек Мамиров - муовини пешини вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон аз вай пурсидам, агар Қирғизистон сарбанди нирӯгоҳи Қамбарота-1-ро баланд бардорад, кишварҳои поёноб эътироз нахоҳанд кард, он гуна, ки бар зидди нирӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон садо баланд карданд?

Раимбек Мамиров
Раимбек Мамиров

Мамиров: Он чӣ ба сохтмони ин ду нирӯгоҳ тааллуқ дорад, яъне ба Қамбарота ва нирӯгоҳи Тоҷикистон, ин масъала муҳим аст, ки сохтмони ин ду нирӯгоҳ барои ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла барои кишварҳои поёноб аҳамият дорад. Ман дар бораи мушаххасоти фаннии онҳо бо шумо гап намезанам. Вале бояд бигӯям, ки ин сарбандҳо бо назардошти талабот сохта мешавад. Албатта, пешниҳодҳои мухталифи кишварҳои ҳамсояи мо дар бораи сарфаҷӯӣ дар истифодаи захираҳои об вуҷуд дорад. Лекин ман мегӯям, ки сохтмони обанбори ин нирӯгоҳҳо баръакс захираҳои обро афзоиш медиҳад ва муттаносибан майдони зироатҳои кишоварзӣ низ бештар мешавад, зироатҳое, ки ба оби бештар ниёз доранд.

Озодӣ: Ба ҳар ҳол чаро ҳукумат тасмим гирифт, ки баландии сарбандро болотар бибарад?

Мамиров: Сабаби тасмими ҳукумат дар бораи боло бурдани баландии сарбанд ин аст, ки тавоноии тавлидотии нирӯгоҳро бештар кунанд. Ҳар қадр, ки сарбанд баландтар сохта шавад, тавоноии нирӯгоҳ низ ба ҳамон андоза метавонад зиёд шавад. То ҳол пешбинӣ мешуд, ки тавоноии тавлидотии Қамбарота-1 1200 мегаватт бошад, вале акнун сарбанде месозанд, ки тавлиди 1860 мегаватт нирӯи барқ имконпазир бошад. Медонед, кишварҳои мо ин нирӯгоҳҳоро як бор месозанд, баъд аз итмоми сохтмон мо дигар наметавонем сарбандро дубора баландтар ва тавоноии нирӯгоҳро бештар кунем. Барои ҳамин мо як бор нирӯгоҳ месозем, яъне як бор сарбанд месозем, як бор таҷҳизот ва чархаҳоро насб мекунем. Ин сарбандҳо оби зиёро захира мекунанд ва саранҷом ин захираҳои обиро ҳамон кишварҳое истифода мекунанд, ки дар поёноб қарор доранд. Сарбанди Қамбарота-1 тақрибан 5 миллиард метри муккааб об захира мекунад. Масалан, сарбанди Токтагул-бузургтарин нирӯгоҳи мо 16 миллиард метри муккааб об нигоҳ медорад.

Озодӣ: Тарҳи кунунӣ магар ҳамон тарҳи давраи Шӯравӣ нест?

Мамиров: Дар гузашта мо пешбинӣ карда будем, ки тавоноиаш 1800 мегаватт бошад. Медонед, ин тарҳи давраи Шӯравӣ буд ва ҳоло ҳамон тарҳро иҷро мекунанд, ки бояд 1800 мегават боқӣ бимонад.

Озодӣ: Оё гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи шарту шароити сохтмони нирӯгоҳ бо ҷониби Русия ҳамоҳанг шудааст?

Мамитов: Усулан ин ҳисобу китоби фанниву иқтисодист. Ин ҳисобу китобро пажуҳишгоҳи Русия як ҷо бо Канада таҳия кардаанд, албатта бо фармоиши муҳандисони мо ва Русия. Як ҷамъияти муштараки саҳҳомони Қирғизистону Русия ташкил шудааст, ки дар он саҳми ҷонибҳо 50 ба 50 хоҳад буд. Ҳоло тақрибан 3 миллиард долларро барои ин сохтмон пешбинӣ мекунанд. Вале дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ мумкин аст аз ҳар ҷо қарз бигиранд, шояд аз худи Русия ҳам қарз бигиранд. Вале ин қарзҳо ба номи Ҷамъияти муштараки саҳҳомони Қамбарота-1 сабт мешавад. Дар муқоиса бо тарҳҳои дигар ин қарзҳо маҳз ба номи Қамбарота-1 навишта мешавад ва ин қарзҳоро давлат пардохт намекунад, балки дар оянда Қамбарота-1 худаш онро бармегардонад.

XS
SM
MD
LG