Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар тақрибан даҳ соли охир ду бор дар бораи аз байн бурдани маҳдудияти нерӯи барқ ва расидан ба истиқлоли энержӣ ваъда дод. Бори охир рӯзи 28-уми декабри соли 2024. Ӯ дар ҳузури вакилон гуфт, то моҳи майи соли 2027 "норасоии нерӯи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад".
Мардуми Тоҷикистон ҳар сол, аз моҳи сентябр то апрел, соатҳо аз нерӯи барқ маҳруманд. Ин вазъ танқидҳоро аз кори ҳукумат дар дохилу берун бештар кардааст.
"Имкониятҳои мавҷуд" кадоманд?
"Шояд ин зимистонҳои охире бошад, ки мо бо мушкилӣ паси сар мекунем... Соли 2027 ба он тараф дар таърихи гузашта мемонад," -- гуфт Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр дар паёмии солонааш ба порлумон.
Сокиноне, ки солҳо боз аз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ранҷ мекашанд, ин изҳоротро бо хушнудӣ пазируфтанд. Баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки расидан ба истиқлоли энержӣ орзуи онҳо низ ҳаст, аммо ба татбиқаш дар ҳоли ҳозир мутмаин нестанд.
Ҳомидҷон Орифов, донишманд ва коршиноси варзидаи тоҷик, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад, ки соли 2027 маҳдудият аз байн меравад: "Касоне, ки матнро тайёр кардаанд, мутахассис нестанд." Коршинос аз ин бештар суҳбат накард ва далелашро ҳам баён надошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба порлумон рӯзи 28-уми декабри 2024 гуфт, аз ҳисоби нерӯгоҳи "Роғун" ва навсозии чархаҳои "Норак"-у "Қайроққум" ва ба анҷом расидани бунёди "Себзор" ба камбуди барқ дар кишвар хотима хоҳанд дод.
Вазорати энергетика ва захираҳои об дар як посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми декабри 2024 гуфт, “ҳадаф муайян шудааст” ва барои расидан ба он “аз тамоми имкониятҳои мавҷуд" истифода хоҳанд бурд. Вазорат ба ҷуз он чи раисҷумҳур дар паёмаш зикр кард, “имкониятҳои мавҷуд”-ро чунин баршумурд:
- Ба 1175 метр расондани баландии сарбанди нерӯгоҳи “Роғун”;
- Ба 1500 МВт расондан (то соли 2030)-и истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ;
- Кам кардани талафоти нерӯи барқ;
- То соли 2027 бо ҳисобкунакҳои ҳушманд фаро гирифтани тамоми муштариён.
Пеш аз интихобот
Фарҳод Одинаев, фаъоли мухолифон дар Аврупо, мегӯяд, ду бор ваъдаи аз миён рафтани "лимит" ба солҳое рост меояд, ки интихоботи порлумониву президентӣ дар Тоҷикистон дар назар аст. Биноан, ӯ ваъдаи навро бештар чун шиор ё ваъдаи навбатӣ тафсир кард.
Моҳи марти имсол дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва тирамоҳи соли 2027 интихоботи президентӣ дар назар аст. Ҳарчанд ҳанӯз эълон нашудааст, дар долонҳои сиёсӣ, умдатан аз номзад шудани Эмомалӣ Раҳмон ё писараш Рустами Эмомалӣ - шаҳрдори Душанбе ва раиси палатаи болоии Маҷлиси Олӣ сухан меравад.
“Дар соли 2027 ҳам ин ваъдаи пешазинтихоботӣ иҷро намешавад, зеро барқ ба хориҷи кишвар фурӯхта мешавад ва дар моҳҳои зимистон мардуми Тоҷикистон доимо бебарқ мемонанд," -- гуфт Фарҳод Одинаев.
Ҳукумати Тоҷикистон фурӯши барқро ба хориҷа далели бебарқӣ дар дохили кишвар намедонад. Далер Ҷумъа, вазири обу энержии Тоҷикистон, тобистони соли 2024 ба хабарнигорон гуфт, дар моҳҳои сентябр-май ба хориҷ, аз ҷумла Афғонистон барқ намефурӯшанд ва танҳо миқдори ночизе барои нигаҳ доштани хатҳои барқ интиқол мешаваду бас.
Ба маълумоти Оҷонси омор, Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ба беш аз 106 миллион доллар ба хориҷ барқ содир кардааст. 1,1 дарсад бештар аз соли 2023.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2012 ба ин сӯ борҳо эълон кардааст, ки бо рӯйи даст гирифтани барномаҳои роҳбурдӣ, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои зиёди хурду миёна ва шиддат бахшидани бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар соли 2020 ба истиқлоли энержӣ ноил мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 ҳангоми ба кор андохтани як чархаи нерӯгоҳи "Роғун" гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт, вале аз он замон то кунун ин афсона воқеиятест, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Маҳдудияти норасоии барқ, умдатан аз моҳи октябр оғоз шуда, то моҳи апрел идома мекунад, ки ба ҷуз маркази шаҳрҳо, боқии шаҳру навоҳӣ дар як шабонарӯз аз 5 то 10 соат барқ доранд.