Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои "2"-и Легатум ба "демократияи тоҷикӣ"


Пажӯҳишгоҳи Легатум, марказаш дар Лондон, дар гузориши солонаи “Prosperity Index 2013” (“Шохиси шукуфоӣ 2013”) мавқеъи Тоҷикистонро 8 зина поён бурдааст.

Дар раддабандии имсолаи “Шохиси шукуфоӣ”, ки 142 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, Тоҷикистон дар мақоми 94-ум ҷой гирифтааст. Як сол пеш, Тоҷикистон, ки барои бори аввал дар ин раддабандии сатҳи шукуфоии кишварҳо роҳ ёфт, дар зинаи 86-ум қарор дошт.

Ба истиснои Туркманистон, ки дар гузориши имсолаи Пажӯҳишгоҳи Легатум низ арзёбӣ нашудааст, Тоҷикистон ба сурати умум, дар “Шохиси шукуфоӣ 2013” аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ақиб монда, дар паҳнои пасошӯравӣ танҳо аз Арманистон ва он ҳам як зина пеш гузаштааст. Дар ин раддабандӣ Эстония дар зинаи 36, Литва - 43, Қазоқистон -47, Латвия – 48, Беларус – 58, Русия – 61, Узбакистон -63, Украина – 64, Қирғизистон – 80, Озарбойҷон – 81, Гурҷистон – 84, Молдова – 89 ва Арманистон – мақоми 95-умро ишғол кардаанд.

Тоҷикистон - 94-ум кишвари муносиб барои зиндагӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00
Линки мустақим


Пажӯҳишгоҳи Легатум аз соли 2009, инак бори панҷум аст, ки шохиси солонаи шукуфоии кишварҳои дунёро нашр мекунад. Ҳадаф аз ин раддабандӣ маълум кардани муносибтарин маконҳои дунё барои зиндагист. Дар ҳамаи 5 гузориши солонаи ин бунгоҳи таҳлилӣ Норвегия беҳтарин макони дунё барои зиндагӣ эътироф шудааст. Имсол Швейтсария ҷои дуюм, Канада – 3-юм, Шветсия – 4-ум ва Зеландияи нав 5-ум шудаанд. Дар панҷгонаи бабъдӣ низ 4 кишвари аврупоӣ – Дания, Финландия, Ҳолланд ва Люксембург – ва Австралия, ки дар мақоми 7-ум аст, роҳ ёфтаанд.

Пажӯҳишгоҳи Легатум шохиси шукуфоии ҳар кишварро бар пояи омори иқтисодӣ ва пурсиши эҳсосу таассуроти сокинони ин кишвар ва, ҳамин тавр, хориҷиёне, ки ба хотири кор ё таҳсил ваё барои паноҳандагӣ ба ин кишвар омадаанд, муайян мекунад. Мақоми кишвар дар ин гузориш бахусус дар роҳи ҷалби ширкатҳои бузург ва сармоягузорони муҳим нақши ҷиддӣ бозӣ мекунад ва метавонад сармоядорро ташвиқ кунад ё баръакс, дар сурати макони барои зиндагӣ ва кору тиҷорат номуносиб таъриф шудани кишвар, "бигурезонад."

Тоҷикистон аз нигоҳи рушди иқтисодаш дар байни 142 кишвар дар зинаи 100-ум меояд. Мизони миёнаи рушди иқтисодии кишвар дар 5 соли охир 4,3 дарсад ва сатҳи эътимод ба ниҳодҳои молии Тоҷикистон 72,7 дарсад бароварда шуда, 83,2 дарсад аз меъёрҳои зиндагӣ дар ин кишвар изҳори қаноат кардаанд.

Ба сурати умум, нархи оғози тиҷорат дар Тоҷикистон баробари 27,1 дарсади маҷмӯъи даромади миллӣ баровард шудааст. Маҷмӯъи даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 860 доллар дар солро ташкил медиҳад. 73 дарсад дар Тоҷикистон гуфтаанд, дар вақти зарурат метавонанд ба кумаки дигарон умед банданд. 51 дарсад Тоҷикистонро як макони муносиб барои зиндагии муҳоҷирони хориҷӣ хонда, аммо 52 дарсад гуфтаанд, ки фасод дар идороти давлатӣ ва арсаи тиҷорати Тоҷикистон табиати саросарӣ гирифтааст.

64 дарсад шароити кунуниро фурсати хубе барои ҷустуҷӯи ҷои кор дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Тоҷикистон аммо аз нигоҳи шароити соҳибкорӣ ва имконоти рушд дар мақоми 108-ум ҷой гирифта, бино бар ин гузориш, барои таҳқиқот ва таҳияи шароити пешрафт танҳо маблағи баробари 0,1 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилиашро масраф мекунад. Ин назар ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ 8 маротиба ва аз “ғолиб”-и сабқати имсола – Норвегия – 17 маротиба камтар будааст.

Дар айни замон, аз лиҳози ду меъёри дигари ин бахши гузориш Тоҷикистон ҷое барои ифтихор дорад, чунки аз ҳар 100 сокини ин кишвар 92,2 нафараш соҳиби телефони мобил буда, 85,6 дарсад мутмаинанд, ки агар сахт кор кунанд, ба пешравӣ ноил мешаванд. Ин нишондоди ахир дар Норвегия 95 ва дар сатҳи дунё 81 дарсад, яъне 4 фоиз камтар аз Тоҷикистон будааст.

Аз нигоҳи сифати идораи давлат Тоҷикистон дар байни 142 кишвар дар зинаи 111-ум ҷой гирифта, аз нигоҳи маориф дар мақоми 65, вале аз зовияи сатҳи тандурустӣ дар ҷои 96-ум қарор гирифтааст. Аммо ҷолиб он аст, ки 80 дарсади сокинон аз сифатиомӯзишу парвариш изҳори ризоият кардаву 83,4 дарсад гуфтаанд, ки аз сатҳи хидмати тиббие ки дар Тоҷикистон мерасонанд, розиву қаноатманд ҳастанд.

Гузориш сатҳи мурооти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро тибқи ҷадвали 10-холиаш 5,3 хол баҳо дода, аз нигоҳи амнияти мардум ин кишвари пасошӯравиро дар мақоми 57-ум гузоштааст. 86,5 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки бидуни ягон тарс шабона метавонанд пои пиёда ва танҳо ба ҳар куҷо бираванд. Ин рақам дар сатҳи ҷаҳонӣ 62,8 дарсад будааст. Дар айни замон, 7 дарсад иқрор кардаанд, ки дар як соли охир дастикам як дафъа шоҳиди дуздӣ шудани амволи худ шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар дунё 16,5 дарсад аз дуздӣ шудани моли худ дар соли гузашта хабар дода, ҳатто дар Норвегияи пешрафта 14 дарсад, ё ҳар нафари ҳафтум ба таҳиягарони гузориши “Шохиси шукуфоӣ” аз ин шикоят кардаанд.

Сатҳи озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тибқи ҷадвали 7-баллӣ ҳамагӣ баҳои 2 гирифтааст. Ин нишондод дар сатҳи ҷаҳон 4,7 ва дар Норвегия 7 балл баровард шудааст. Бо ин вуҷуд, 74,9 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз сатҳи озодии баён, ки барояшон дода шудааст, хушу розианд. Дар ин бахши гузориш 71,5 дарсад гуфтаанд, нисбат ба қавмҳои дигар ҳусни таҳаммул доранд, вале ба сурати умум, Пажӯҳишгоҳи Легатум Тоҷикистонро аз нигоҳи мурооти озодиҳои шахсӣ дар мақоми хеле поёни 113-ум ҷой кардааст.

Аммо аз нигоҳи сармояи иҷтимоӣ, ки аз ҷумла бар пояи таваҷҷӯҳи сокинони ҳар кишвар ба корҳои савобу хайрия ҳисобукитоб мешавад, Тоҷикистон дар мақоми баландтари 70-ум қарор дорад. 40,6 дарсад дар ин кишвар иддао доранд, ки дар як моҳи охир дастикам як кори хайр анҷом додаанд. 11,4 дарсад гуфтаанд, ки дар ин як моҳи охир хайру садақа додаанд. 45 дарсад гуфтаанд, ки дар ин муддат ба мардуми барояшон ношинос кумак расондаанд.
XS
SM
MD
LG