Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тотористон дар оянда раиси ҷумҳур хоҳад дошт?


Раиси ҷумҳури Тотористон Рустам Минниханов зимни мулоқоти бо Владимир Путин.
Раиси ҷумҳури Тотористон Рустам Минниханов зимни мулоқоти бо Владимир Путин.

Интихоботи маҳаллӣ дар Русия як навъ назарпурсиии ғайрирасмӣ хоҳад буд, ки оё ҷумҳуриҳои мухтори Федератсияи Русия аз қабили Тотористон дар оянда “раиси ҷумҳур”-и худро хоҳанд дошт ё на.

Дар Русия рӯзи якшанбе интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ баргузор шуд ва интизор меравад, ки дар ин интихобот номзадҳои ҷонибдори Кохи Кремл бартарӣ пайдо кунанд. Ин интихобот як навъ назарпурсиии ғайрирасмӣ хоҳад буд, ки оё ҷумҳуриҳои мухтори Федератсияи Русия аз қабили Тотористон дар оянда “раиси ҷумҳур”-и худро хоҳанд дошт ё на.

Ин ақида барои он ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ки дар парлумони миллии Тотористон соли 2010 қонуне ба тасвиб расид ва тибқи он, танҳо раиси ҷумҳури Русия метавонад унвони расмии “раиси ҷумҳур”-ро дошта бошад. Дар асл то ин вақт ҷумҳуриҳои дигари мухтори Русия -- Чеченистону Бошқирдистон ва амсоли он унвони “раиси ҷумҳур”-ро ҳазф карданд ва онҳоро бештар бо номи нави “раҳбар” ба забон меоранд.

Дар Тотористон тоторҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар Русияи асрҳои миёна ба бартарӣ соҳиб буданд ва дар ин қаламрав аксарияти аҳлиро ташкил медоданд. Баъдтар мухторияти онҳо гаҳ-гоҳе зери нуфузи Русия ба маҳдудият дучор мегардид, вале бар асоси Аҳдномаи соли 1990 бо ҳукумати федеролии Маскав, Тотористон нисбат ба дигар минтақаҳои миллии Русия истиқлоли бештар дошт.

Акнун чунин ба назар мерасад, ки бо баргузории интихоботи мақомоти маҳаллӣ раъйдиҳандагон бори охир барои “раиси ҷумҳур”-и минтақаи худ раъй медиҳанд. Барандаи ин интихобот танҳо то соли нави 2016 метавонад аз худ “раиси ҷумҳур” ном бибарад.

Албатта интизор меравад, ки дар ин интихобот Рустам Минниханов, раиси ҷумҳури кунунии Тотористон ва аз наздикони Кохи Кремли Маскав баранда шавад. Минниханов соли 2010 ба мақоми раиси ҷумҳур баргузида шуда буд, замоне ки Дмитрий Медведев раёсати ҷумҳуриро дар Русия бар ӯҳда дошт. Он вақт дар Русия барои интихоби раҳбарони ҷумҳуриҳои мухтор интихоботи мустақим баргузор намешуд.

Владимир Путин аз Минниханов барои рафъи нигарониҳои тоторҳои Қрим истифода кард. Вай ташвиқ намуд, ки тоторҳои Тотористон мехоҳанд, ки тоторҳои Қрим ҳам ба Русия ҳамроҳ шаванд.

То ҳол Минниханов дар бораи унвони “раиси ҷумҳур” ба таври ошкоро изҳори ақида накардааст. Вай ҳеҷ гоҳ аз парлумони Тотористон нахостааст, ки аз унвони вай чун “раиси ҷумҳур” ҷонибдорӣ кунанд. Вале вай мегӯяд, ки Тотористон анъанаву суннатҳои миллии худро дорад ва зиндагии ин мардум фарқ мекунад.

4 сентябр вай дар ҳузури мақомоти расмӣ ва шаҳрдори Қазон-пойтахти Тотористон гуфт, ки интихоботи 13 сентябр дар амал як навъ назархоҳӣ барои ояндаи Тотористон хоҳад буд.

Дар остонаи интихоботи 13 сентябр дар Тотористон ин сару садоҳо низ шунида мешуд, ки бояд Қазон қонуни соли 2010-ро тағйир диҳад ва ба таври расмӣ мақоми “раиси ҷумҳур”-ро барои Тотористон нигоҳ дорад. Ин ақидаро Рафаел Ҳакимов, раиси Пажуҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тотористон ба миён ниҳод. Вай гуфт, дар Қонуни Асосии Тотористон омадааст, ки ин кишвар раиси ҷумҳур ва парлумони худро хоҳад дошт. Ҳакимов мегӯяд, агар кор дар дасти вай мебуд, вай аз муддатҳо пеш қонуни соли 2010-ро ба чолиш мекашид, зеро барои ин кор Тотористон Додгоҳи Қонуни Асосӣ дорад. Ҳакимов мегӯяд, баъд аз қабули ин қонун фаъолияти парлумон хеле заиф шудааст.

Рафил Нугуманов-муовини раиси парлумони Тотористон мегӯяд, агар дар соли 2016 Маскав ба иҷрои ин қонун пофишорӣ кунад, дар он сурат Қазон масъалаи “раёсати ҷумҳурӣ”-и Тотористонро ба чолиш хоҳад кашид. Фарид Муҳамедшин, раиси парлумон ҳам ҳамин ақидаро ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки ширкати тӯдаҳои васеи аҳолӣ дар интихобот заминаи музокироти миёни Қазону Маскавро дар бораи боқӣ мондани мақоми “раиси ҷумҳур” дар Тотористон фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG