13:12
13.9.2013
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар дидоре дар Бишкек гуфтаанд, мехоҳанд, дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар бо иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон баргузор шавад. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, ки пеш аз оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд, аз ҷумла таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардидааст.
13:15
13.9.2013
Дар оғози нишасти сарони СҲШ Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон, хабар дод, ки моҳи оянда дар як конфаронси байнулмилалӣ дар Бишкек рӯи авзоъ дар Афғонистон ва масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 тамаркуз хоҳад шуд.
13:17
13.9.2013
Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои афғони ӯ Ҳомид Карзай дурнамои амният дар марзи байни ду кишвар баррасӣ шуд. Тоҷикистон ва Афғонистон 1300 километр марзи муштарак доранд, ки дидбонии бархе аз қисматҳои он мушкил аст.
13:52
13.9.2013
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дурнамои вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кард.Сухани президент Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони СҲШ