Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блоги зинда: СҲШ: раёсати даврӣ ба дасти Тоҷикистон гузашт

Амнияти марзҳо пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва вокуниш ба бӯҳрони давомдори Сурия дар садри дастури кори нишасти сарони СҲШ -- Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарор дорад.

Нукоти асосӣ:

- Сарони кишварҳои СҲШ дар эъломияи ниҳоии ин нишаст вазъи Сурияро нигаронкунанда номиданд ва аммо ба мудохилаи беруна мухолифат карда, хостори ҳалли сиёсии бӯҳрон аз тарафи худи суриягиҳо шуданд.

- Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа ба ризоият даст ёбанд.

- Сарони кишварҳои узв дар СҲШ гузориши солонаи Дабири кулли он ва раҳбарияти Шӯрои зиддитеррористии созмонро тасдиқ ва нақшаи кори СҲШ-ро то сол 2017 тасвиб намуданд.
17:26 13.9.2013
Дар Бишкек мулоқоти президентҳои Русия ва Эрон Владимир Путин ва Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гашт. Ду раҳбар ҳамкориҳои миёни ду кишвар, авзоъ дар Ховари Миёна, ба хусус Сурия, дурнамои баҳси барномаи ҳастаии Эрон ва густариши ҳамкориҳои ҳастаии байни ду кишварро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG