Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Булаҷабҳои забони «тоҷикӣ»: Тыра хыдта чы мефорист? (ВИДЕО)


Забони адабии тоҷикӣ дар ду даҳаи охир хеле пеш рафт ва аз таъсири забони русӣ дуртару ба зебони меъёр наздиктар шуд. Вале маълум мешавад, қаламрави истифодаи забони адабӣ дар Тоҷикистон хеле маҳдуд боқӣ монда, то ҳол забони ом нашудааст.

Забони адабии тоҷикӣ бо қабул ва ҳазми вожаву истилоҳоти фаровоне аз форсиву дарӣ ғанитар гардид ва ба забони меъёр ҳам наздиктар шуд. Ин пешрафт бавижа дар фарқи забону адабиёти имрӯза аз 20 ё 30 соли пеш назаррас аст.

Аммо дар ин миён маълум мешавад, ки аз худи аҳли забон фаромӯш шудааст ва қаламрави корбурди забони адабӣ дар як ҳамон маҳдудаи танг боқӣ монд ва бо вуҷуди ҳанӯз 25 сол қабл забони давлатии Тоҷикистон эълон шудани тоҷикӣ забони адабӣ, ё ба таъбири як ҳамсӯҳбати ҷавони мо дар Душанбе, «забони боодобӣ», мутаассифона, забони ом нашуд.

Имрӯз ҳам ба забони адабӣ дар Тоҷикистон асосан ду қишри камшумори равшанфикрон ва рӯҳониён ва он ҳам на ҳамаи онҳо сӯҳбат мекунанд. Аммо забони бақия, ки аксариятанд, аз ин ҳама таҳаввулоти гузашта бо забони адабии тоҷикӣ оби чандоне нахӯрд, балки баръакс ба иллати болотар рафтани сатҳи бесаводии ҷомиа боз ҳам содаву камбағалтар шуд. Фарқи байни ин ду тоҷикӣ – адабӣ ва кӯча – ҳоло чунон шудааст, ки мардуми ом сӯҳбати равшанфикрону рӯҳониён бо забони адабиро хеле ба сахтӣ мефаҳманд ва он ҷониб аз забони омиёнаву пур аз вулгаризмҳо, яъне алфози қабеҳ ки дар кӯча ба гӯш мерасад, гиребон мегирад.




Тарҷумоне аз "тоҷикӣ" ба ... тоҷикӣ

Акнун ин забони булаҷаби оммиёна ва пур аз вулгаризм ба Интернет ҳам роҳ ёфтааст. Интернет, бахусус шабакаҳои иҷтимоияш моломоли матлабу шарҳ ва изҳори назарҳоест, ки зоҳиран ба тоҷикист, вале бо чунон «тоҷикӣ»-е ки…
Чанде аз ин «тоҷикӣ»-ҳоро бо ҳам мехонем:

Салим: ика хта умни грфтести …

Муҳоҷири беватан: о ай як мулора капидана равен фойшоҳотона капен охи...

Vatandor from: Moskva

Kand zan Imomali Rahmon in korat nagz) khudat 1 tai da)

Ё бо навишти калимаҳое чун ту, йигит бо ҳарфи Ы, ки ҳанӯз дар солҳои 90 аз алифбои забони тоҷикӣ ҳамчун як ҳарф ва садои бегона комилан бардошта шудааст:

Антон аз: Дубай
09.02.2014 11:42
Посух
тыра мефорат ки Эшони Нуриддина монан????

Шам
09.02.2014 14:33
Маро мефорад ТЫРА монан!!! Бахс дар бораи водкаву самогон ки расид, хатман Антон ТЫРА даъват мекунем!!!

Дар посух
Ном: Антон аз: Дубай
09.02.2014 23:16
акы Шам ба гуфти хдт прикол кади хы???

Аммо ин ҷумла шояд ба сари худ “шоҳкор”-е аз ин даста ё навъи "неозабон" бошад:

Ном: шейх аз: душанбе
09.02.2014 15:37
Посух
Ма хайрон мешам и палитикатонда акалан кудака фиребдода наметонен хай майли нахзати боша чи нахзатиера Кабири калон кадай е Кабири тавсия мета ами корора .. Зайда хурдан будет кадан ВАзифхош додан тафтишот накадан акибша фаришта БД шд гнахгор фасод тачовузкор я чиз сами палитико каааамакак фигур кнен камтарак гнахгор книтона ба наклона кнен хотя кудакои садик боварто кнан Пага налат нахонан бобоощона ма бовар дорм фарзандото даже боварто намекна...

Нафаре бо номи Мусофир баъди қироати ин шарҳи Шайх эътироф кардааст, ки барои фаҳмидани ин ”забон” ниёз ба тарҷумон дорад:


Ном: Мусофир аз: Дур аз Ватан
09.02.2014 18:10
Посух
Бародар Шайхи бузургвор! дар куча асри 21. Охир шумо донишчу хастед. Аз шумо эхтиромона хохиш мекунам, ки фикру мулохизаатонро ба таври дуруст, ва бо забони ба мо мардуми точик фахмотар баён кунед. Бо ин гуна лахча ва шевахо факат дар махалли зистатон дар байни хамсояхо гап занед. Аз чунин донишчу чи тавр муттахасис мебаромада бошад.

Ё нафаре дар Интернет ҳамагӣ 2 ҳарф навиштааст: т к. Барои мисол, худи ман баъди хеле майна об кардан фаҳмидам, ки ки манзури ин нафар “ ту бикун” аст. Дар ҳақиқат тарҷумон мебояд, ки ин “тоҷикӣ”-ро ба тоҷикӣ гардонад.

Аммо ҳамин тавр, аз он тараф ба равшанфикрони тоҷик эрод мегиранд, ки ин ҳама ба истилоҳ “эронча”-и онҳоро бидуни тарҷумон ё муроҷиат ба луғат намефаҳманд. Мисли Тоҷфар, ки бо шикоят аз чунин бархӯрдҳо менависад:

Тоҷфар from: миёни Чалатоҷикон
e-mail:
Ба бародари гиромӣ Юсуфшоҳ: ...дар Душанбе ҳам дақиқан ҳамин тавр аст, ... ба мо мегӯянд: Ака худут тоҷикӣ када гап зан ё ки ба урусӣ мара фаҳмон, росша бугум, баъзе гапот чум-читариай - фамида намешава. Ё мисоли дигар: Ҷо неки эронча када фисондед-да. - мегӯянд...

"Фарҳанг" - 100 доллар!

Соҳибназарон чунин ҷудоӣ ё ба таъбири забони адабӣ, шикофи бузург байни забони хосу омро як мушкили умдаи забони тоҷикии имрӯз меноманд ва мегӯянд, дунболи ислоҳи забон як мавзӯъи муҳим – саводи мардум - фаромӯш шуд. Ва ҳоло бо онки хазинаи луғавии забони форсиро садҳо ҳазор вожа мегӯянд, забони кӯча дар Тоҷикистон бо ҳамагӣ чанддаҳ ё чандсад калима маҳдуд шудааст ва он ҳам асосан – бо ин ё он лаҳҷа ва вулгаризмҳо.

Як манбаъи омӯзиши ҳар забон китоб аст. Дар Ҷумҳурии Чех, ки аҳолиаш 10,5 миллион, яъне тақрибан 30 дарсад аз Тоҷикистон бештар аст, мардум солона ба маблағи 8,2 миллиард крон, ё тақрибан 400 миллион доллар китоби бадеӣ мехаранд. Яъне ҳар нафар дар сол дастикам 40 доллар барои харидории китоб сарф мекунад.

Аммо бино ба омори вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2013 дар ин кишвар ҳамагӣ 80 номгӯ китоб бо теъдоди 160 000 нусха ба чоп расида, ба маблағи ним миллион сомонӣ китоб фурӯхтаанд. Яъне ҳамагӣ як китоб барои 50 нафар! Бино ба ҳисобҳо, мардум дар Тоҷикистон барои харидории китоб ҳамагӣ 24 дирам ё 5 сент сарф мекунанд, яъне 800 маротиба камтар аз як нафари миёна дар Чехия ва 1200 маротиба камтар аз пуле ки мардум дар Тоҷикистон барои пур кардани ҷисоб, ё боз ҳам ба забони кӯча, “шот”-и телефони мобилаш харҷ мекунад.

Ғановати ҳар забонро метавон аз шумораи луғату фарҳангҳои тафсирии ин забон ҳам дарёфт. Забони чехӣ, албатта, аз забонҳои рақами яки Аврупо нест ва аз 250 000 калимае ки дар фарҳанги бузургтаринаш дорад, амалан ҳудуди 48 000-аш имрӯз дар истифода қарор доштааст. Вале боз ҳам дар фурӯшгоҳи “Нео Луксор” як шӯъбаи алоҳида сирф ба луғатҳои забони чехӣ ихтисос дода шудааст.

Яке аз луғатҳои форсӣ ба англисӣ
Яке аз луғатҳои форсӣ ба англисӣ
Фарҳангу луғатҳое ки метавонанд ҳамчун манбаъи омӯзиши тоҷикӣ истифода шаванд, низ кам нестанд. Хусусан луғатҳои чопи Эрон ва ба хатти форсӣ. Барои мисол, “Луғат”-и Алиакбари Деҳхудо дар Эрон дар 200 ҷилд нашр шудаву 26 500 саҳифаро дар бармегирад. Бо ҳуруфи кирилӣ ҳам ҳанӯз соли 1967 “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар ду ҷилд нашр шуд, ки тафсири 45 000 калимаро фаро мегирад. “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”, ки низ дар ду ҷилд дар соли 2008 ба бозор даромад, беш аз 80 000 вожаро ба ин забон маънидод мекунад. Аммо нархи ин китобҳо аз 160 сомонӣ сар шуда, то ба 500 сомонӣ мерасад ва ин, албатта, дили касро аз омӯхтани тоҷикӣ хеле зуд сард мекунад.

Соҳибназарон бар инанд, ки як муқассири чунин ҳолати забони адабӣ масъулони риштаи маорифанд, ки ин ҳама сол пушти ислоҳи зоҳири ин соҳа, аз ҷумла пушти ҳатман галстук бастану туфлии пошнабаланд ё сатр напӯшидани донишҷӯву мошину телефони ӯ давиданд ва вазифаи асосии худро, ки омӯзондани савод, аз ҷумла таълими забон буд, аз ёд бурданд. Аммо Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба сурати умум нигилизми забоние, ки имрӯз аз гиребони Тоҷикистон гирифтааст, мероси 70 соли Шӯравист, ки захмҳояш то ҳол шифо наёфтаанд.

Бо ин ҳол, забони кӯча ва забони адабӣ дар Тоҷикистон ҳарду гӯё дар ду киштии мухталиф нишаставу ба самтҳои муқобил шино мекунанд. Забони адабӣ зоҳиран солтосол поктару ғанитар мешавад ва забони кӯча баръакс - камбағалтару ғализтар ва то ҳадде пур аз дашном, ки ба гуфтаи як мусоҳиби мо, кас мехоҳад дар кӯча ба ҳарду гӯшаш пахта бихаладу чизеро нашунавад. Ваё дар сурати зарурат, ба иқрори як ҳамсӯҳбати мо, ба рӯяш пӯст кашида, ба ҳамин забони омиёна сӯҳбат кунад, то манзурашро дар кӯчаву бозор дуруст бифаҳманд ва мабодо “афғон” ё “эронӣ”-аш нагуморанд.

Аммо мушкили бузургтар, ба ақидаи равшанфикрони тоҷик, паёмадҳои ин ҳолати булаҷаб аст. Зеро баъди 10 ё ана 20 соли дигар умури кишвар дар ҳама сутуҳ хоҳ-нохоҳ ба дасти ҳамин насл мегузарад. Насле, ки имрӯз захираи луғавии бахши аъзамаш бо ҳамин чанддаҳ калима ва он ҳам асосан вулгаризмҳо хулоса мешавад ва хеле ба сахтӣ мефаҳмад, ки як олим, шоир ё муллояш аз минбар чӣ мегӯяд?
XS
SM
MD
LG