Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯрҳои дастаҷамъӣ. Саҳифаи нохондаи таърихи ҷанги дохилӣ


Садҳо ҷасади қабрҳои дастаҷамъии қаламрави ноҳияи Турсунзода то ҳол шиносоӣ нашудаанд.

Бист сол пеш силоҳбадастон падари Фахриддин Сайфидинов, сокини деҳаи Чинори ноҳияи Турсунзодаро бо хешу табор ва ҳамсояҳо ба дараи Қамбар бурда, ба қатл раосндаанд. Ӯ мегӯяд, "аз рӯи ривояти мардуми маҳаллӣ дар қабри дастаҷамъии дараи Қабмар то 800 нафар дафн шудааст. Бахши умдаи онҳо мардҳои собиқ колхози ба номи Жданов буданд. Қатли онҳо дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ, дар тирамоҳи соли 1992-юм ба вуқӯъ пайваст."

Як пиразани маҳаллӣ шаби 23-юми ноябри 1992-юм якбора панҷ фарзанди худро аз даст додааст. Холаи Суханоро мегӯяд, дар он шабу рӯзи бесарусомониҳо, ки ба гуфтаи мардум саг соҳибашро намеёфт, гурӯҳҳои мусаллаҳ даст ба азияти сокинони навоҳии манотиқи ғарбии Тоҷикистон заданд.

Ҳарчанд аз он фоҷиа 20 сол сипарӣ шудааст, аммо мардуми ин маҳал мегӯянд, гӯиё дирӯз буд, ки дастаи мусаллаҳи Ибод ва Рамазон, ду ҷангсолори номии ин минтақа, мардонро тӯда-тӯда ба самти дара мебурданд ва қатл мекарданд. Ба шаҳодати аҳолии осоиштаи ин манотиқ, дар миёни гурӯҳҳои ҷинояткор ашхоси номаълум хеле зиёд буд ва гуфта мешуд, мардумро ҳамонҳо қатл мекунанд. Ин ду ҷангсолор дар солҳои баъдӣ ё кушта шуданд ё дар кишвари дигаре паноҳ бурданд. Мақомоти интизомӣ низ мавридҳои қатли мардумро аз тарафи ин ду ҷангсолор то ба охир таҳқиқ накарданд.

Қабрҳои дастаҷамъии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00


Ҳоло танҳо дар ноҳияи Турсунзода на камтар аз шаш қабри дастаҷамъӣ вуҷуд дорад. Ҷинояткорон ба хотири рӯйпӯш кардани кирдори хеш, аз экскаватор ва булдозерҳо низ истифода бурдаанд.

“Мазори шаҳидон” дар деҳаи ба номи Охунбобоев ҷойгир аст. Ин ягона қабри дастаҷамъист, ки шумораи дафншудагон бо ному насабашон дақиқ шудааст. Аммо нисбати гӯрҳои дигар то ҳол маълумоте дастрас нест. Сокинони ин навоҳӣ мегӯянд, дар қабрҳо аз 100 то 1000 нафар дафн карда шудааст. Дурустии ин иддаоро танҳо мақомот метавонанд собит кунанд. Аммо бо гузашти ду даҳсола ин фоҷиаҳо ҳанӯз таҳқиқ нашудаанд ва аз назари ҷомеа пинҳон мондаанд.

Орифа Бобоева, котиби ҷамоати Қаратоғи ноҳияи Турсунзода, гуфт, "баъд аз ин бояд намояндаи додситонӣ бигӯяд, ки чӣ корҳо анҷом шуд ва ба чӣ хулоса расид. Агар анҷом нашуд, сабаб чӣ буд?" Бо он ки мақомоти интизомӣ дар тӯли солҳои баъди ҷанг садҳо мусаллаҳи қонуниву ғайриқонуниро аз байн бурдаанд, вале дар самти мушаххас кардани теъдоди ҳақиқии қурбониёни ҷанг зиёд талош накардаанд.

Ҳукумат дар ҳар маврид рақамҳои гуногунро пеш меорад; дар як маврид мегӯяд аз 100 то 170 ҳазор нафар қурбони ин ҷанг шудааст, дар мавриди дигар арқоми фарқкунанда оварда мешавад. Аммо то ҳол оморе вуҷуд надорад, ки дурустии ин ҳама арқомро тасдиқ кунад. Намояндагони собиқ мухолифини тоҷик пешниҳод мекунанд, ки барои наслҳои оянда ва ба хотири таърих бояд чорае андешид, ва шумораи қурбониён муайян шавад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфт, "бояд комиссияи мустақили шаҳрвандӣ таъсис шавад, ки натиҷаи кори он бетарафона бошад..."

Ҷанги шаҳрвандӣ аз пурдардтарин ҷангҳо дар таърихи кунунии дунё унвон мешавад, ки бо анҷоми он тарафҳо ба созиш расида аз тафсир ва пажӯҳиши мавридҳои фоҷиабори он худдорӣ мекунанд. Аммо таҷрибаи давлатҳои пешрафта, ки дар тӯли таърихи худ ин гуна таҳаввулотро аз сар гузаронидаанд, баёнгари он аст, ки пажӯҳишу гуфтану шунидан ва панд гирифтан аз ин дарси талх ба рушди тафаккури миллӣ мусоидат мекунанд. Тоҷикистон ҳанӯз ин таҷрибаи талхро барои бедории миллӣ истифода накардааст. Ҳарду тарафи ҷанг, ҳукумат ва мухолифон бо имзои созишномаи сулҳ шумориши қурбониёни ҷангро фаромӯш карданд ва то ҳол ба ин фоҷиа, ки барои мардуми кишвар бо хисороти бузург анҷом шудааст, баҳои сиёсӣ надодаанд.
XS
SM
MD
LG