Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нақши расонаҳо дар пахши хабарҳои марзӣ камранг аст"


Як пажуҳиши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ошкор сохтааст, ки танҳо камтар аз ними сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳодисаҳои сарҳади байни ин кишварҳо аз расонаҳо хабар меёбанд.

Бар асоси як пажуҳиши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) танҳо камтар аз ними сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳодисаҳои сарҳади байни ин кишварҳо аз расонаҳо хабар меёбанд. Дар ин ҳол ҳарфи хешону наздикон ва ҳамсояҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои онҳо манбаи аслии хабар боқӣ мондааст.

Ин пажуҳиш дар миёни сокинони ду ноҳияи марзии Тоҷикистон: Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва се ноҳияи сарҳадии Қирғизистон: Бодканд, Лайлак ва Қадамҷой (ҳаммарз бо Узбакистон) моҳҳои март – апрели соли ҷорӣ анҷом шудааст.

Бино ба ин пажуҳиш, ҳудуди 40 дарсади сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳодисаҳое, ки дар минтақаҳои марзӣ мегузарад, тавассути расонаҳо хабардор мешаванд. Он ҳам гоҳе хабарҳои умумӣ, зидду нақиз, нопурра ва гоҳе якҷонибаву ташвиқотӣ. Дар ҳоле ки танҳо 6 дарсади аҳолии марзии Суғд ва 5 дарсади сокинони пурсидашудаи Бодканд гуфтаанд, дар бораи ҳодисаву муноқишаҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ аз мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ хабар меёбанд.

Дар ин ҳол, ҳудуди 50 дар сади сокинони пурсидшудаи тоҷику қирғиз дар манотиқи марзии Суғду Бодканд гуфтаанд, ки ҳарфи пайвандону наздикон ва ҳамсояҳояшон барои онҳо манбаи аслии хабарёбӣ аз рухдоди ҳодисаву муноқишаҳоест, ки дар марз рух медиҳад.

Тилав Расулзода
Тилав Расулзода

Бар пояи пажуҳиши НАНСМИТ, барои 5 дар сади сокинони марзии Бодканд ронандаҳо низ як манбаи аслии хабар маҳсуб меёбанд, ки имкони ҳаракати доимӣ ба гӯшаву канорҳои минтақаҳои марзиро доранд.

Ҳамзамон ҳудуди 60 дарсади сокинони пурсишшудаҳо дар манотиқи марзии Суғду Бодканд гуфтаанд, ки ба дурустиву дақиқӣ ва беғаразии хабари пайвандону наздикон ва ҳамсояҳояшон итминон надоранд ва умдатан хабарҳои расонаҳо, ба навбати аввал хабарҳои бахшҳои тоҷикиву қирғизии Озодӣ (қирғизҳо ВВС - ро низ) дуруст ва қобили боварӣ медонанд. Аз рӯи натиҷаҳои ин пажуҳиш, бештари сокинони марзӣ миёни расонаҳо, телевизионро манбаи асосии хабарӣ медонанд.

Тилав Расулзода, рӯзноманигори мустақил дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар инъикоси масоили марзӣ, расонаҳои Қирғизистон пешсафӣ доранд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд шумораи расонаҳои Суғд назар ба Бодканд бамаротиб зиёдтар аст, аммо телевизион ва радиоҳои Суғд таҳти фишори мақомот аз инъикоси масоили доғи марзӣ худдорӣ меварзанд: “Чунки мақомоти ҳукуматҳои маҳаллии ноҳияҳо ва ҷамоатҳои сарҳадии Суғд аз хабарнигорон худро канор мегиранд ва телевизиону радио ва расонаҳои чопиву интернетии тоҷик дар инъикоси фавриву дурусти рӯйдодҳо дар сарҳад аз расонаҳои Қирғизистон дар аксари маврид ақиб мемонанд. Вале мақомоти Бодканд бо расонаҳои худ ҳамкории зич доранд ва ба навбати аввал аз ҳар воқеаву муноқишае, ки дар марз мегузарад, тавассути расонаҳои худ эълон мекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки танҳо дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд 6 телевизион ва 5 радио ва дар Исфараву Конибодом ду телевизион ва радио фаъол аст. Бодканд танҳо як телевизиону радио дорад ва дар канори он намояндагиҳои шабакаҳои чанд телевизиону радиои марказиаш фаъолият мебаранд. Ҳамчунин, дар ҳоле ки амвоҷи телевизионҳои хусусӣ ва ягона телевизиони давлатии СТВ аз Хуҷанд то бархе нуқоти марзии Исфараву Бодканд намерасад, мавҷи шабакаҳои радиову телевизионҳои марказии Қирғизистон, ба шумули “ЭЛ ТР” то Хуҷанд паҳн мешавад.

Аз нигоҳи мусоҳибам, адами дастрасии сокинони марзӣ ба иттилои дурусту саривақтӣ ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Зеро беиттиилоӣ ё камиттилоии сокинон аз рӯйдодҳо ва масоили доғи манотиқи марзӣ, боиси ба миён омадани ҳар гуна хабару овозаҳои беасос байни онҳо мегардад ва дар ниҳоят, ба ҳалли сулҳомези масоили марзӣ халал мерасонад.

Дар назарсанҷӣ 300 сокин -- 150 нафарӣ тоҷикону қирғизҳои касбу корашон гуногун ва синнашон 40 - 45 сола аз 6 маҳали марзии Тоҷикистон ва 32 маҳали сарҳадии Қирғизистон ширкат доштаанд.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Онҳо ба 7 суол, ки дар бораи ҳодисаҳои марзӣ аз кадом манобеъ хабардор мешаванд, ба хабарҳои кадом манобеъ бештар бовару ба кадоме шубҳа доранд, оё иттилоъи дарёфтии онҳо ба зиндагиашон таъсиргузор аст посух гуфтанд. Ҳамчунин, тавсияву пешниҳодҳои сокинони марзӣ ҷиҳати беҳбуди дастрасии онҳо ба иттилоъи саривақтиву дуруст ва дақиқу беғазаразона баён шудааст.

Нуридин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз анҷоми ин таҳқиқот, ислоҳи камбудиҳо дар инъикоси масоили масоили марзӣ ва дар тавсияҳо ҷиҳати риояти беҳтари тавозуни назарҳо ва дуруст, пурраву вокеъбинона инъикос кардани он аст.

Ӯ афзуд : “Ҳарчанд зимни пурсиш бештари сокинони сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки иттилоъро аз васоити ахбори омма дастрас мекунанд, вале аз сифати он каноатманд набудани худро ҳам баён доштаанд. Ба ин хотир, хуб мешуд хабарнигорони ин ду кишвар бо дастрасӣ ба сарчашмаҳои расмии иттилоотӣ, ҳамзамон назари коршиносони ҳар ду ҷониб маводҳое омодаву нашр кунанд, ки ҷавобгуи стандартҳои байнулмилалӣ ва дархӯри дардҳои мардум ҳар ду ҷониб бошад.

Ҳамчунин, бино ба натиҷаҳои пажуҳиши НАНСМИТ, сокинони манотиқи марзии Суғду Бодканд хостори инъикоси доимиву дурусту беғаразонаи ҳодисаҳо ва зиндагии сокинони манотиқи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, огоҳии бештар аз рӯзгор ва масоили муҳими ҳамсоягони худ, шунидани садоҳояшон ҷиҳати ҳалли мусолиҳатомези масоили марзӣ ва дарёфти посух ба саволҳои худ тавассути расонаҳо шудаанд.

XS
SM
MD
LG