Акнун барои ба саҳнаҳои баланди ҳунари рақс расидани духтарон ҳазорон монеа пеш меояд. Бархе тарки рақс мекунанд. Зебо Аминзода, раҳбари ансамбли овозадори рақсии “Зебо”, қаблан дар як суҳбаташ гуфта буд, ки “духтаронро ба як дараҷа мебароред, вале мегӯянд, падару модар ё бародарам намонд, баромада мераванд. Шогирдҳо кам мешавад. Як духтари болаёқат, боистеъдод, базеб кор мекард, акааш аз Маскав омаду гуфт, ки намеравад, раққоса намешавад.”
Ҳоло онҳое ба саҳнаи касбӣ мерасанд, ки мубориза мебаранд ва таслим намешаванд. Миҷгона Фатҳуллоева аз ҳамин тоифа аст. Мегӯяд, понздаҳ сол боз дар саҳнаҳои хурду бузурги дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, аммо мегӯяд, роҳаш то ин ҷо осону ҳамвор набуд. Вай дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки аз хурдӣ барои раққоса шудан мубориза мебурд.
“Бо чӯб ба миёнам зад”
“5 ё 6-сола будам. Модарам ба мағоза мефиристод, то орд биёрам. Ман дар хона пинҳонӣ мерақсидам. Модарам маро мекофт. Рақсро тамом карда, баъд ба берун мебаромадам. Мепурсид, ки ҳоло ҳам орд наовардӣ? Мегуфтам, “очаҷон, узр, ман рақс кардам”. Бо чӯби дароз ба миёнам зада буд, чӯб шикаст. Барои он ки ман ба мағоза нарафтаму рақс кардам,” – нақл кард Миҷгона Фатҳуллоева, узви дастаи рақсии “Падида”, рӯзи 21-уми август.
Хонаводаи Миҷгона аввал дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), маркази ҳозираи вилояти Хатлон, мезист. Сипас ба Душанбе кӯчид. Аз он вақт роҳи ӯ ба саҳнаҳои касбии рақс ва нисбатан калонтар боз шуд. Ба дастаи рақсии “Падида” пайваст. Ин даврае буд, ки ба балоғат мерасид ва оила намехост, ӯ раққоса шавад.
“Мегуфтанд, рақсро чӣ кор мекунӣ, рақс оянда надорад, обрӯяш паст аст. Худованд ба ҳар инсон як касб, як истеъдод додааст. Масалан, аз ҳунармандони театру кино бигирем. Худораҳматии Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов. Ҳамаашон ҳунарманди асил буданд. Маро ҳам мегуфтанд, рақс накун, рақс накун, лекин ман наметавонистам. Рақс дар дилам хона карда буд,” – афзуд Миҷгона Фатҳуллоева.
Мусоҳиби мо гуфт, дар понздаҳ соли охир ба аҳли хонавода собит кард, ки рақс ҳунари бисёр зебост ва зиндагӣ бе он барояш рангу бӯ надорад: “Ҳоло маро дарк мекунанд, аз ҳунарам розиянд. Ба волидон, умуман ба хонаводаҳо мегӯям, ки агар духтарон завқ доранду раққоса шудан мехоҳанд, роҳи онҳоро аз пайвастан ба ин ҳунари зебо нагиред. Ҳар ҳаракат дар рақс маънӣ дорад. На ҳамаи онҳое, ки мерақсанду худро раққоса мегӯянд, чунин маъниро дарк мекунанд. Аз сад нафар шояд як кас аз нозукиҳои ин ҳунар бохабар асту раққосаи касбист.”
Чаро раққоса дар Тоҷикистон хушном нест?
Чанде аз ҳунармандони ҳирфаӣ, ки тамоми умр дар дастаҳои маъруфи рақси Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардаанд, низ замоне бо чунин сад(д)гузориҳои наздикон рӯ ба рӯ шудаанд. Дар солҳои охир ин раванд қувват гирифтааст.
“Вақте ҷавон будам, шавҳаршавандаам зид буд, ки ҳунарамро давом диҳам. Хусурам, дуторнавози ансамбли “Шашмақом”, маро мешинохт. Мегуфт, ин духтари нағз, духтари хуб, сараш хам ба кораш рафта меояд. Бигзор кор кардан гирад. Ҳамин хел шуд. Ман 42 сол боз рақси тоҷикиро муаррифӣ мекунам,” – гуфт Манзура Ҳабибова, раҳбари гурӯҳи кӯдаконаи рақсии дастаи “Зебо”.
Ин устоди рақс мегӯяд, борҳо шоҳиди он шудааст, ки духтарон баъд аз омӯхтани рақси ҳирфаӣ рӯ ба рӯи интихоб миёни ҳунар ва хонавода қарор гирифта, иҷборан саҳнаро тарк мекунанд. Сабаби чунин бархӯрдро ӯ ҳарчӣ бештар бадном шудани ҳунари рақс ва дарки нодурусти ҷомеа аз ин ҳунар медонад.
“Раққосаҳое ҳастанд, ки тӯй ба тӯй мегарданд. Дар “Инстаграм” ва “Фейсбук” мебинем, ки худашонро беҳад паст нишон медиҳанд, рақсҳояшонро ҳам рақс наметавон гуфт. Ин рақс нест, ин масхара аст. Ана, ҳамин хел одамон номи раққосаҳоро паст задаанд,” -- шарҳ дод ӯ.
Манзура Ҳабибова иллати камбуди раққосаҳои касбиро дар маросиму маъракаҳои расмӣ маҳз ба бадном шудани рақс ва раққоса иртибот дод.
Бардошти сокинон чист?
Рӯзи 23-юми август як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дар бораи ҳунари рақс назари гуногун дорад.
Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “аз назари ман, кадоме ба рақс, ба ҳамин ҳунар даст бизанад, мардуми мо ӯро духтари хуб қабул намекунанд. Аввал ин ки вақте фарзанд ба падару модараш мегӯяд, ки ман раққоса мешавам, онҳо дар шок меафтанд. Ҳамин гуна бардоштҳои манфӣ аст, ки ман намехоҳам фарзандам раққоса шавад.”
Сокини дигаре гуфт, ба интихоби ҳар кас, аз ҷумла духтаронаш эҳтиром мегузорад ва агар кадоме аз онҳо хоҳиши раққоса шудан дошта бошанд, зид нест.” “Раққосагӣ мумкин нест, дар худамон намезебад. Ман худам иҷозат намедиҳам,” -- посух дод роҳгузаре.
Фарзанди мусоҳиби дигари мо, тавре худи ӯ нақл кард, раққоса будааст ва дар яке аз идораҳои фарҳанг кор мекунад. “Аз кору ҳунари духтарам розӣ ҳастем,” – гуфт ӯ. Ҳангоми пурсиши сарироҳӣ чанде аз сокинон аз суҳбат худдорӣ карда, гуфтанд, дар ин мавзуъ чизе гуфтан намехоҳанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар шароити ҳозира маоши раққосаҳои касбӣ дар дастаҳои ҳунарӣ барои пеш бурдани рӯзгор кофӣ набудааст. Баъзе аз онҳо барои таъмини зиндагӣ ҳамроҳи сарояндагон дар тӯю маъракаҳои сокинон низ ҳунарнамоӣ мекунанд. Бархе аз мусоҳибони мо таъкид карданд, ки таъмини шароити беҳтар ва тағйири тарзи тафаккури мардум дар рушди ҳунари рақс метавонад мусоидат кунад.
Миҷгона Фатҳуллоева, қаҳрамони гузориши мо, ният дорад дар оянда дастаи рақсии худро таъсис диҳад ва дар тарбияи насли хурдсол ва рушди ҳунари рақси тоҷикӣ саҳми бештар гузорад. Вай ин амалашро ҷавоби ҳунарӣ ба талошҳои бадном ва нобуд кардани рақси занон мешуморад.