Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои талхи муҳоҷирон дар Сахаровои Маскав


Даромадгоҳи Маркази байнидавлатии муҳоҷират дар деҳаи Сахаровои Маскави Нав.
Даромадгоҳи Маркази байнидавлатии муҳоҷират дар деҳаи Сахаровои Маскави Нав.

Сафорати Қирғизистон дар Маскав дар як нотаи худ ба унвони Вазорати умури хориҷии Русия аз авзоъ дар Маркази муҳоҷират шикоят кард.

Бино бар хабари дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, сафорати ин кишвар дар Русия аз мақомоти Русия хост, ба шеваи кори Маркази байнидавлатии муҳоҷират, ки дар деҳаи Сахарово дар Маскави Нав ҷойгир аст, расидагӣ кунанд.

Дар нотаи сафорат ба номи Вазорати умури хориҷии Русия гуфта мешавад, “вақте консулҳои мо ба ин ҷо омаданд, танҳо барои қабули ибтидоии мушовирони марказ ва гирифтани барга барои супордани ҳуҷҷатҳо навбати бузурги зиёда аз 3000 шаҳрванд ба миён омада буд, ки ба шакли “морпаеч” танзим шудааст. Дар бошишгоҳ тӯда ва кашокаш ҷой дошт. Айни чунин вазъият дар дигар бошишгоҳҳои Маркази байнидавлатии муҳоҷират низ ба мушоҳида мерасад. Дар ин ҷо шаҳрвандон ҳаққи хидматро мепардозанд ва ҳуҷҷат месупоранд.”

Сафорати Қирғизистон дар Маскав изҳор доштааст, ки бино бар манзараҳое, ки консулҳои ин ниҳод дидаанд, метавон хулоса намуд, Маркази байнидавлатии муҳоҷират ба қабул ва хидмати мавҷи бузурги муҳоҷирони корӣ омода нест ва “ташкили кор аз тарафи кормандони он ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудааст”.

Навбати муҳоҷирон барои супурдани ҳуҷҷат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:09 0:00

Кормандони ин марказ мегӯянд, навбат дар ин ҷо аз бомдод сар мешавад ва ҳанӯз соатҳо пеш аз оғози кори марказ то якуним ҳазор нафар дар даромадгоҳ ҷамъ меоянд. Вале ба иқрори мушовирони марказ дар як рӯзи корӣ онҳо танҳо то ҳазор нафарро қабул мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза дар марказ то 3000 нафар ҷамъ меоянд. Роҳ ба ин ҷо аз Маскав як рӯз вақт мегирад ва аз се ду ҳиссаи хоҳишмандон кори худро анҷом дода наметавонанд.

Дидбонии марказ бар дӯши ширкати хусусии амниятии «Кельт» вогузор шудааст, ки ба гуфтаи шоҳидон бо муҳоҷирон дуруст муносибат намекунанд ва ба дархости онҳо бо дуруштӣ посух медиҳанд ё онҳоро нодида мегиранд.

Ҳавелии марказро давродавр симхор печидааст ва ҳудуди онро бо ёрии сагони таълимдида дидбонӣ мекунанд.

Кашокаш дар Маркази муҳоҷирати Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Ин бори аввал нест, ки Сафорати Қирғизистон дар Маскав ба Вазорати умури хориҷии Русия нота мефиристад. Соли 2008 бо афзоиши бесобиқа ҳамлаи нажодпарастони рус ба хориҷиён ин ниҳод дар нотаи худ “нигаронии ҷиддӣ”-и кишварашро баён дошта буд. Дар соли 2010 он матолиби расонаҳои Русияро дар бораи “инқилоби лолаҳо” маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG