Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 сол гузашт, милиса дар Тоҷикистон полис нашуд


Ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон 12 сол пеш бо сармоягузории байнулмилалӣ сар шуда, вале то ҳол натиҷа надодааст
Ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон 12 сол пеш бо сармоягузории байнулмилалӣ сар шуда, вале то ҳол натиҷа надодааст

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз омода шудани тарҳи қонун "Дар бораи полис" хабар дод. Рамазон Раҳимзода гуфт, ки табдили милиса (милитсия) ба полис ба харҷи калон ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки раванди ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон 12 сол пеш бо сармоягузории байнулмилалӣ сар шуда, зоҳиран то ҳол натиҷа надодааст.

"Барои маблағгузорӣ ва дар оянда ҳал кардани ин масъала асосан бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтушунид дорем. Фикр мекунам, ки оҳиста ба ин сохтор гузаштанамон лозим аст," - гуфт вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотӣ рӯзи 13-уми феврал.

Раванди ислоҳоти милиса (милитсия) ва табдили он ба полис бояд дар соли 2020 ба поён мерасид. Рамазон Раҳимзода мегӯяд, бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои маблағгузории раванд қарордод бастаанд ва ин созмон бояд идомаи корро сармоягузорӣ кунад.

Аз оғози ислоҳот то соли 2021 барои иҷрои он аз буҷаи давлат 1 миллиарду 18 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби созмонҳои байнулмилалӣ 493 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Дар либоси баъзе аз нерӯҳои милиса дар Тоҷикистон "полис" навишта шудааст
Дар либоси баъзе аз нерӯҳои милиса дар Тоҷикистон "полис" навишта шудааст

Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон дар як посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ аз ёриҳои зиёд ба раванди ислоҳоти милиса (милитсия) ёдовар шуда, аммо аз ифшои маблағи кумак худдорӣ кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар таҳия ва бознависии қонун “Дар бораи полис” аз ВКД ҳимояти молӣ кард ва барои ташхиси қонун коршиноси байнулмилалиро ҷалб намуд.

"Мувофиқа ҳосил шудааст, ки дар поёни моҳи феврал Гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонунро бо ҳузури коршиносони байнулмилалӣ ва атташеҳои полиси сафоратҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ кунанд," -- омадааст дар навиштаи САҲА.

Ин мошин ҳам ба нерӯҳои милиса дар Тоҷикистон тааллуқ доштааст
Ин мошин ҳам ба нерӯҳои милиса дар Тоҷикистон тааллуқ доштааст

Шаш сол пеш дар ҳошияи як ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар мавриди идораи ислоҳоти милиса (милитсия) униформ ё либоси ягонаи полиси тоҷик муаррифӣ шуда буд. Он замон Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфта буд, ки барои гузаштан аз милиса (милитсия) ба полис тамоми сохтор бояд дигар карда шавад.

"Иваз намудани номи милитсия ба полис ин тағйири пурраро дар назар дорад. Масалан, ҳуҷҷатгузорӣ, навиштаҳои гуногун, аломатҳо, муҳрҳо, бланк ва бисёр чизҳои дигар. Инчунин, тағйир додани мафкураи кормандон аҳамият дорад," -- гуфта буд Раҳимзода.

Дар гузашта вазири корҳои дохилии Тоҷикистон борҳо САҲА-ро барои иҷро накардани масъулиятҳояш дар мавриди маблағгузорӣ танқид карда буд. Аммо дафтари барномаҳои созмон дар Душанбе гуфта буд, ин мавзуъро шарҳ намедиҳад. Дар соли 2021 як барномаи дигари панҷсолаи ислоҳоти милиса (милитсия) сар шуда, вале то ҳол полис нашудааст.

Видео дар инҷост:

Милиса дар Тоҷикистон кай полис мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
XS
SM
MD
LG