Пештар телевизиони “Ал-Ҷазира” назари ду мутахасcис ва фаъоли зистмуҳитиро нашр кард, ки мехостанд Бонки Ҷаҳонӣ тарҳро напазирад, чун ба иддаои онҳо, нерӯгоҳи “Роғун” ба муҳити зист осеби ҷуброннопазире мерасонад ва аз ҷумла 60 ҳазор нафарро беҷо мекунад.
Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 17-уми декабр гуфтаанд, 350 миллион доллар ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт аст ва марҳилаи аввали тарҳи ёрӣ ба сохтмони “Роғун”. Ҳукумати Тоҷикистон дар иваз вазифадор шудааст, ки се дарсад (пас аз поёни сохтмон то панҷ дарсад) даромадро аз фурӯши нерӯи барқ барои ҳимоят аз қишри камбизоати аҳолӣ сарф кунад.
Дар бораи азми Бонки Ҷаҳонӣ барои сармоягузории “Роғун” Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молия, моҳи августи соли 2024 суҳбат карда буд. Вай гуфт, барои ба поён расонидани сохтмони “Роғун” бештар аз 6 миллиард доллар лозим аст ва саҳми Бонки Ҷаҳонӣ инҷо бештар аз ним миллиардро ташкил медиҳад.
Бонки Ҷаҳонӣ дар баёнияе рӯзи 17-уми декабр ибрози умед кардааст, ки дар сурати мавриди баҳрабадорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ (қудраташ 3780 мегават аст) мардуми Тоҷикистон бо нерӯи барқи доимӣ таъмин мешаванд. Ҳарчанд то кунун ду чархаи “Роғун” ба кор андохта шудааст, ҳанӯз ҳам бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон дар зимистон соатҳои муайян нерӯи барқ мегиранд.
Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, инчунин, Узбекистон ва Қазоқистон метавонанд, ки аз нерӯи барқи обии безарар барои муҳити зист истифода баранд: “Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки ҳаҷми партовҳои гази гулхонаӣ коҳиш дода шавад.”
“Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” метавонад ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар афзоиши рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим кумак расонад,” – гуфтааст Aнтонелла Бассани, муовини президенти Бонки Ҷаҳонӣ.
Чанд рӯз пеш телевизиони “Ал-Ҷазира” назари ду мутахасcис ва фаъоли зистмуҳитиро нашр кард, ки мехостанд Бонки Ҷаҳонӣ ба сохтмони “Роғун” кумак накунад, чун ба иддаои онҳо, нерӯгоҳ ба муҳити зист осеби ҷуброннопазире мерасонад ва аз ҷумла 60 ҳазор нафарро беҷо мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, агарчӣ созмонҳои байнулмилалӣ тарҳро ҳамаҷониба зери назар доранд ва нигарониҳояшонро бо ҳукумат дар миён мегузоранд, аммо ин ба он маъно нест, ки мардуми маҳаллӣ аз сохтмони нерӯгоҳ осеб намебинанд. Онҳо гуфтаанд, дар Тоҷикистон фазои тарсу бим ҳукмфармост, матбуоту журналистон саркӯб мешаванд ва мардум аз тарс ба касе шикоят ва ё эътироз намекунад.
То кунун, ба гуфтаи онҳо, сохтмони нерӯгоҳ ба зиндагии 7 ҳазор нафар таъсири манфӣ гузоштааст ва он ҳам дар замоне, ки фақат 25 дар сади корҳои неругоҳ анҷом ёфтаанд.
Ин нукта ҳам садо медиҳад, ки хароҷоти сохтмон шаффоф нест ва имкон дорад, олуда ба фасод бошад, ки сабаби афзоиши харҷи он ва ба дарозо кашидани итмомаш бошад. Ба қавли бархе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ чанд ширкат дар ин ҷо ба наздикони раисиҷумҳур тааллуқ доранд.
Бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон аз соли 2008 идома дорад. То кунун, ба гуфтаи масъулони ҳукумат, беш аз 40 миллиард сомонӣ харҷ шудааст. Ҳоло сохтмон ба марҳилаи аз ҳама серхарҷи худ ворид шуда, Тоҷикистон тавони ба танҳоӣ сармоягузорӣ кардани онро надорад.