Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф: "Бо рушди ҷомеа ришват ҳам шакли худро тағйир медиҳад"


Нуриддин Саидов ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳад
Нуриддин Саидов ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳад

Мақомот мехоҳанд, низоми ягонаи имтиҳонҳои қабулро ҷорӣ кунад.

Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов гуфт, роҳи решакан кардани порагирӣ ҳангоми қабули довталабони таҳсил дар мактабҳои олӣ ёфт шудааст, вале татбиқи он вақт мехоҳад. Аз суханони ӯ маълум шуд, ки низоми нав ва марказонишудаи имтиҳонҳои қабул эҳтимол дар оғози кор, яъне соли 2014 шумораи донишҷӯёнро кам хоҳад кард, вале илоҷи дигари барҳам задани ришва дар ин маърака вуҷуд надорад.

«Ин зуҳуротро пурра решакан кардан лозим ва мо кормандони вазорат дар ин самт кор мебарем. Тамоми дарбачаҳое, ки дар қонунгузорӣ ва дастурамалҳову низомномаҳо вуҷуд дошт ва метавонист ба густариши ин раванд мусоидат кунад, мо таҷдиди назар кардем. Аммо мутаассифона, ин раванд ҳанӯз ҷо дорад ва аҷибаш он аст, ки ин зуҳурот вобаста ба рушди ҷомеа шакли худро тағйир медиҳад. Бо қарори ҳукумати кишвар аллакай ин марказ таъсис дода шудааст. Хазинаи маълумот тартиб дода шудааст ва ҳама чӣ махфӣ аст.»

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ
Дар ҳамин ҳол Зафари Суфӣ, таҳлилгари тоҷик хушбинии вазири маорифро қобили таҳсин медонад, аммо мегӯяд, маркази миллии тестиро низ инсонҳо идора мекунанд ва дар гумон аст, ки ин марказ тавонад, ҳолатҳои ришваситониро комилан аз байн бибарад. Ӯ гуфт, «бояд фасод дар мағзи мо решакан бишавад. Яъне бояд бифаҳемем, ки фасод мисли ҳама гуна бадахлоқӣ ва беномусӣ аст. Нафаре, ки имону виҷдонашро мефурӯшад, мутмаин бошед, ки дар ҳамон маркази тестӣ ҳам метавонанд суолҳо берун бираванд.»

Сӯҳбатҳои дигари вазири маориф бори дигар ба поксозии ин ришта аз фасод даъват мекард. Дар ҳоле ки дар гузашта чопи аттестатҳои хатми мактаби миёна ва тақсими онҳо бе назорати ҷиддӣ сурат гирифта сабаби хариду фурӯши ин ҳуҷҷат мегашт, имсол, ба гуфтаи Нуриддин Саидов, тамоми аттестатҳои изофие, ки дар шӯъбаҳои маориф вуҷуд дошт, бозпас гирифта шуданд.

Ӯ аз ҷумла афзуд, «ба хотири такрор нашудани ҳодисаи қаблие, ки беш аз 2 ҳазор аттестат ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон дода шуда буд, мо тартиби додани ҳуҷҷатҳои хатмро мураккаб намудем. Мо гуфтем, ки фармони хатми ҳар як мактаб дар шӯъбаи маорифи ноҳия гирд оварда шуда, баъдан аз рӯи серия тибқи шумораи хонандаҳо ин аттестатҳо гирифта шаванд. Ва пас аз тақсим кардан бояд ҳисобот диҳанд, ки чӣ миқдор тақсим намуданд, то мо донем, ки кадом серия дар дасти кист. Баъзе аз шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо ин ҳуҷҷатро сари вақт омода кардан натавонистанд.»

Яке аз сабабҳои ҳарҷу марҷ дар тақсими ҳуҷҷатҳои хатми мактаб имсол дар он буд, ҳангоми чопи аттестатҳо нуқсоне ба онҳо роҳ ёфтааст. Аммо мушкил ҳал шуда, ҳоло хатмкунандагони мактабҳо ба пуррагӣ аттестатҳои худро соҳиб шуданд, вале ба сабаби ин мушкили фаннӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба ба макотиби олии Тоҷикистон имсол 10 рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Имсол мактабҳои Тоҷикистонро 85 ҳазор хонанда хатм кардаанд ва интизор меравад, ки наздики 50 ҳазор нафари онҳо барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳо
Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон
ҳуҷҷат супоранд. Муассисаҳои олии Тоҷикистон соли ҷорӣ бештар аз 30 ҳазор донишҷӯро қабул хоҳанд кард.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки феълан қабули хоҳишмандон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ низ ҷараён дорад ва аллакай 720 нафар ҷавони тоҷик чунин иҷозатро дарёфт карданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи кишвар, имрӯз иқтисодиёти миллӣ ба беш аз 450 намуди ихтисос эҳтиёҷ дорад, аммо дар Тоҷикистон танҳо аз рӯи 280 ихтисос мутахассис омода карда мешавад: «Боқимонда мутахассисонро мо дар хориҷи кишвар омода месозем ва ҳамасола аз ҳама бештар бурсияҳо аз ҷониби Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусу Украина ва Эрон ҷудо карда мешавад.»

Ба гуфтаи масъулини вазорати маориф, дар хориҷи кишвар барои Тоҷикистон асосан мутахасисони соҳаи энергетика, фанновариҳои муосир ва роҳсозӣ омода мешаванд. Фарҳод Раҳимов ишора ба он кард, ки имрӯз дар кишвар ширкатҳои зиёди дохиливу хориҷӣ ҷавонони тоҷикро барои таҳсилу кор ба кишварҳои дигар, бахусус Амрико мефиристанд. Ин фаъолияти ширкатҳо ғайриқонунӣ буда, бидуни мувофиқа бо вазорати маориф анҷом мешавад.

Фарҳод Раҳимов аз ҷумла гуфт: «Мо танҳо як марказ дорем. Маркази барномаҳои байналмилалӣ, ки дар назди вазорати маорифи кишвар амал мекунад, расман ба ин корҳо машғул аст. Волидайн беҳтар мебуд, ки ҳамкориро бо дигар ширкатҳо кам кунанд. Ва ширкатҳо бояд бо вазорати маориф шартнома дошта бошанд, то мо донем, чӣ теъдод аз шаҳрвандони мо ба хориҷа сафар карданд ва бо кадом ҳадаф. Ҳоло тариқи барномаҳои мо 20 нафар аз ҷавонон дар Амрико таҳсил доранд.»
Нилуфар Каримова
Нилуфар Каримова

Нигаронии мақомоти тоҷик дар он аст, ки аксари ҷавонони тоҷик пас аз таҳсил ва кор дар хориҷи кишвар дигар ба Тоҷикистон барнамегарданд. Нилуфар Каримова, як ҷавондухтари тоҷик,ки чанде пеш аз Амрико баргашт, мегӯяд, омили аслие, ки ҷавонони тоҷикро аз баргаштан ба ватан бозмедорад, шароти беҳтар ва имконоти бештар дар хориҷи кишвар аст. Нилуфар мегӯяд, «ман худам дар чаҳор иёлоти Амрико будам, шароити он ҷо хеле хуб буд. Ҷавонон на аз камбуди нақлиёт мушкилӣ мекашанд, на аз ҷои зист ва на аз маблағе, ки мегиранд. Масалан, дар Тоҷикистон мо намедонем кадом проблемаро фикр кунем.»

Аммо таҳлилагарон иллати барнагаштани ҷавонони тоҷикро ба ватан аксаран дар ношаффоф будани интихоби ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа мебинанд. Ба ақидаи онҳо, як теъдоди бузурги ин ҷавонон фарзанд ё наздикони афроди мансабдоранд ва иддае ҳам барои таҳсил дар хориҷа ришва медиҳанд.
XS
SM
MD
LG