Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба бознависии китоби “Забони давлатӣ” (тоҷикӣ) барои хонандагони мактабҳои ғайритоҷикӣ дар кишвар оғоз кардааст. Масъулони вазорат мегӯянд, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки дар китоб чандин иштибоҳи маъноӣ, имлоӣ ва фанниро ошкор шудааст.
Барои мисол, дар китоби “Забони давлатӣ” барои синфҳои 11 зодгоҳи шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ “вилояти Хуҷанд” (дар ҳоле ки ӯ дар Панҷакент ба дунё омадааст) гуфта шуда, бар асоси навиштаи ин китоб гӯё ӯ дар 12-солагӣ соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Инчунин, дар китоби “Забони давлатӣ” аз номи Саъдии Шерозӣ навиштаанд, ки “Гар зӣ ишқи ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав” – ҷумлае, ки ба қавли адабиётшиносон ҳаргиз ба Саъдӣ тааллуқ надоштааст.
Ҳашт сол боз хонандагони мактабҳои ғайритоҷикӣ дар Тоҷикистон забони давлатиро аз рӯйи ҳамин китоб меомӯзанд ва вазорат дар пайи шикояти зиёди волидону хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои ғайритоҷикӣ аз иштибоҳҳои фаровону дағали китоби мазкур огоҳ шудааст. Китоби дарсии “Забони давлатӣ” (тоҷикӣ) барои мактабҳои ғайритоҷикӣ, бо тавсияи Вазорати маорифи Тоҷикистон соли 2007 дар таҳияи Сайфулло Маҳкамов -- номзади илмҳои гуманитарӣ ва омӯзгор Шарофат Қосимова таълиф шудааст.
Шарифмурод Исрофилниё, раҳбари Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, ки масъулияти таҳриру баррасии ин китобро ба дӯш дорад, гуфт, аксар навиштаҳои ин китоб барои хонандае, ки тоза ба омӯзиши забони тоҷикӣ шурӯъ мекунанд, душвору нофаҳмо аст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, “иштибоҳҳояш низ аз нигоҳи имло ва маънӣ зиёд аст. Масалан, навиштаанд “Аҳмади Дониш кай ба Петербург фиристода мешавад?” Дар ҳоле ки Аҳмади Дониш фиристода намешавад. Вай элчиро ҳамроҳӣ карда буд."
Аммо ба қавли Исрофилниё, китоб замоне таълиф шудааст, ки мактабҳои ғайритоҷикии кишвар воқеан ба чунин адабиёт ниёз доштанд ва шояд дар як муддати кӯтоҳ таҳия шуданаш сабаби роҳ додан ба иштибоҳҳо гардидааст.
Аммо Сайфулло Маҳкамов, яке аз муаллифони китоби “Забони давлатӣ” барои синфҳои аз 2 то 11 ин интиқодро қабул надорад ва мегӯяд, ки иштибоҳҳои мазкур техникиянд ва чандон ҷиддӣ нестанд. Ба гуфтаи Маҳкамов, вай 10 сол таҷрибаи кор дар мактаби миёнаро дорад ва “мо ҳама фикру андешаи омӯзгоронро ба инобат гирифта навиштаем. Албатта, дар ин байн имлои тоҷикӣ ҳам дигар шуд ва тибқи имлои нав бархе аз калимаҳои китоб нодурустанд.”
Баҳси иштибоҳҳои китоби “Забони давлатӣ”-ро волидони хонандаҳо то саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет кашидаанд. Бобоҷони Шафеъ, падари хонанадаи синфи 11-и яке аз мактабҳои русии пойтахт, мегӯяд, “ба духтарам ҳангоми дарстайёркунӣ кумак мекардам ва аз иштибоҳҳое, ки дар китоб дидам, дар ҳайрат мондам. Ҷумлаҳои хеле содда барои синфи 11. Вақте ба фарзандон аз иштибоҳи китобашон мегуфтам, бовар намекарданд. Мегуфтанд чӣ тавр як олим иштибоҳ мекунад?”
Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ҳар ғалати китобро кӯдак чун ҳақиқат қабул мекунад ва то охири умраш ин ғалатҳоро истифода хоҳад бурд, ки ба манфиат нест.
Мӯҳтавои китобҳои таълимӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди баҳсу интиқод қарор доштааст. Баъзан хонандагону волидон ва ҳатто омӯзгорон ҳам аз мушкилфаҳму номувофиқ будани китобҳои дарсӣ норизоиятӣ мекунанд. Соли гузашта тезгӯяке дар як китоби дарсӣ - "харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард" - баҳсҳоеро дар ҷомеа ба по карда буд. Дар пайи ин баҳс мӯҳтавои адабиёт дар сатҳи Вазорати маориф ва илм ва мақомоти дигар баррасӣ шуда, қонуни нав дар бораи адабиёти таълимӣ қабул шуд. Ин қонун барои муаллифоне, ки ҳангоми таҳияи китоб ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, ҷазои маъмурӣ пешбинӣ кардааст.
Дар зимн, бо вуҷуди иштибоҳҳои зиёди китоби “Забони давлатӣ” ҳанӯз ҳам ба хонандагони синфҳои русӣ ва узбакӣ ё туркманӣ дар Тоҷикистон забони тоҷикиро аз рӯйи ҳамин китоб меомӯзанд ва шояд ҳам аксари ин хонандагон бар ин боваранд, ки замоне дар Тоҷикистон вилояти Хуҷанд ҳам будааст ва мардум дар 12-солагӣ алакай соҳиби дипломи донишгоҳ мешудаанд.