Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модар: "Гуфт, заданд." Омӯзгор: "Латукӯб асос надорад". Наврас аз чӣ фавтид?


Эмомалӣ Самадов
Эмомалӣ Самадов

Эмомалӣ Самадови 17-сола рӯзи 19-уми январи имсол дар бемористони шаҳри Панҷакент даргузашт. Волидонаш мегӯянд, санҷиши пурраи пизишкиро нагирифтанд, вале иддао доранд, ки сабаби марги ӯ "латукӯби ҳамсинфонаш" аст. Вай дар синфи ёздаҳум мехонд. Омӯзгорон мегӯянд, сабаби марги наврас дигар буд. Тафтиш ҳанӯз ҷараён дорад.

"Писарам гуфт, ки маро зада, беҳуш карданд. Баъд аз чанд вақт ба ҳуш омада, хестам, рӯямро бо оби хунук шуста, ба синф даромадам. Лабам дарид, дандонам зарб хӯрд, дигар ҳеч чиз ба каллаам надаромад, очаҷон," – нақл кард Мавлуда Норимова, модари Самадов.

Ҳодиса, ба гуфтаи пайвандони наврас ва омӯзгорон дар аввали моҳи декабри соли 2024 рух додааст. Модари Эмомалӣ Самадов мегӯяд, аввал фарзандаш аз шарм ҳодисаро нагуфта, фақат аз дарди сару дилбеҳузурӣ шикоят дошт. Танҳо пас аз фош шудани ҳодиса ӯро ба муоина бурдаанд.

Мавлуда Норимова гуфт: "Мағзи сараш такон хӯрдааст. Майнааш нодуруст ҳаракат мекард ва қуввати бача намерасид. Табибон гуфтанд, ки бачаатонро дар беморхона хобонед. Азбаски он вақт пул надоштем, маҷбур бачаро ба хона овардам."

Мавлуда Норимова
Мавлуда Норимова

Омӯзгорони мактаби рақами як дар шаҳри Панҷакент ҷой доштани муноқишаро байни хонандагон тасдиқ мекунанд, аммо сабаби марги Эмомалӣ Самадовро чизи дигар медонанд. Бо ин вуҷуд, намояндагони Идораи маориф мудиру равоншиноси мактаб ва роҳбари синфро сарзаниш кардаанд.

Маҳорат Истамова, роҳбари синфи Эмомалӣ Самадов, мегӯяд, "он латукӯбе, ки овоза шуд, асос надорад. Дар ҳақиқат, байнашон камтар гап гурехтагӣ, лекин латукӯб набуд. Ҳарчанд якдигарро яктоӣ зада бошанд ҳам, фикр мекунам, зарари ҷисмонӣ нагирифта буд."

Эмомалӣ Самадов тақрибан 20 рӯз дар бемористони Панҷакент бистарӣ шуда, сипас фавтидааст. Пайвандонаш бовар доранд, ки пизишкони маҳаллӣ омилони ҳодисаро пинҳон мекунанд.

"То 17-солагӣ ягон бор касал нашудааст. Ҳатто бо падараш барои иморати Артел (коргоҳи дӯзандагӣ) машғул шуду хиштҳояшро чид. Дар хонаи ҳамсоя ҳам кор кард бо падараш, сементбардорӣ мекард," – гуфт Мавлуда Норимова.

Пайвандони Эмомалӣ Самадов барои таҳқиқи марги фарзандашон ба ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат кардаанд, вале ба гуфтаашон то ҳол ҷавоби мусбат нагирифтанд. Онҳо дар марги фарзандашон чанд ҳамсинфашро гунаҳкор медонанд. Додситони минтақа дар номае навиштааст, ки ҳодисаро пурра баррасӣ мекунад.

Марги хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Соли 2024 марги Маҳмуд Давлатови 10-сола дар шаҳри Ваҳдат сабт шуд. Волдионаш гуфтанд, ки ӯ низ дар мактаб латукуб шуда, сипас фавтид. Мақомоти расмӣ дар ин бора тафсилоти пурра намедиҳанд ва тақдири сабабгорони ҳодиса чӣ шудааст, номаълум мемонад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Хонандаи мактаб аз латукӯб фавтид ё беморӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00
XS
SM
MD
LG