Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова. Поёнаш чӣ хоҳад буд?


Таҳмина Самадова дар канори ҳамсараш Рамазон Раҳимов. Акс аз саҳифаи Юлия Купетская дар Телеграм
Таҳмина Самадова дар канори ҳамсараш Рамазон Раҳимов. Акс аз саҳифаи Юлия Купетская дар Телеграм

Моҷарои тақдими хона (24 миллион рубл) ба оилаи серфарзанди Таҳмина Самадова дар шаҳри Митишии Русия се ҳафта боз доғ ва пурсарусадо мемонад.

Таҳмина Самадова зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст. Ин модари соҳиби ҳафт фарзандро баъд аз дарёфти “хонаи давлатӣ” дар Русия (13-уми январ) ба қаллобӣ гумонзад, 24-уми январ дастгир ва пас аз як рӯз барои ҳомила буданаш шартан (то поёни баррасии парванда) озод карданд.

Боздошти ӯ шодию ташаккури ҳазорон корбари саҳифаҳои миллатгароёнаи Русияро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба амал овард. Озод шуданаш, баръакс, ҳамлаҳои лафзиро ба ӯ, аҳли хонаводааш ва шаҳрдории Митишии вилояти Маскав ба авҷ расонд.

Расонаҳои Русия аз ҳукумати ин кишвар талаб доранд, ки моҷаро то ба охир расонда шавад. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, талаб кард, ҳуҷҷатҳои вобаста ба моҷароро ба дасти ӯ расонанд. Сергей Миронов, раиси ҳизби “Русияи одил”, хоҳони рондани ин оила аз Русия шуд.

Ин дар ҳолест, ки аксар фарзандони Таҳмина Самадова дар Русия таваллуд шудаанд. Худи ӯ 14 сол боз шаҳрванди ин кишвар аст ва интизори тифли ҳаштум аст.

Дур кардани таваҷҷуҳ

Моҷаро вокуниши фаъолони тоҷикистониро ба миён овард. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон мансубияти миллии хонаводаи Таҳмина Самадова ва муҳоҷир будани ӯро сабаби асосии ҷанҷол донист.

Раиси созмон Шарофиддин Гадоев дар суҳбат бо "Мигрант Медиа" гуфт: "Ин ба маънои он аст, ки таҳдиду таъқиб, фишору зӯроварӣ, тӯҳмату нафратпароканӣ нисбат ба ақаллиятҳои миллӣ дар Русия дар авҷи аъло расидааст. Мутаассифона, фашизм ва миллатгароӣ ҷузви идеологияи сиёсатҳои давлати имрӯзаи Русия шудааст.”

Гадоев ин ҷанҷолро як воситаи дур кардани таваҷҷӯҳ аз мушкилоти воқеии имрӯзаи Русия номид: “Русия дар ҳолати бисёр хароби иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ қарор дорад. Кӯшиш мекунанд, таваҷҷӯҳи мардумро аз мушкилоти асосӣ, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Русия аст, берун баранд.”

Ду узви Шӯрои ҳуқуқи башари Русия тақдими хонаро ба оилаи Таҳмина Самадова як паём ба муҳоҷирон барои овардани оилаҳои серфарзанди худ ба Русия ва дарёфти ёриҳои давлатӣ донистанд.

Тақсими мардуми таҳҷоӣ ва муҳоҷирон

Коршиноси масъалаҳои муҳоҷират, Фарҳод Одинаев, мегӯяд, ин воқеа нишон дод, ки шаҳрвандон дар Русия ба ду бахш ҷудо карда шудаанд.

"Дар Русия бо доштани шаҳрвандии ин кишвар шумо шаҳрванди пурра нестед. Шаҳрвандонро дар Русия ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд. Яке мардуми таҳҷоӣ ва дигар муҳоҷирон. Агар шаҳрванди Тоҷикистон бошед, ҳеч вақт бо ҷомеаи Русия баробарҳуқуқ буда наметавонед. Ин нафақат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба муҳоҷирон аз кишварҳои дигар ҳам рабт дорад,” – шарҳ дод ӯ.

Ҳодиса 13-уми январ, вақте сар шуд, ки шаҳрдори Митишӣ Юлия Купетская ба ин оила ҳуҷҷати хонаи давлатиро тақдим кард. Ӯ гуфт, 24 оила соҳиби чунин тӯҳфа шуданд, вале танҳо қазияи Самадова сабаби ҳамлаи густурдаи лафзӣ гашт.

Ин оиларо ба он айбдор карданд, ки на дар хонаи якҳуҷраӣ зиндагӣ мекунад ва даромади кам дорад, балки дӯкони пойабзор дошта, шавҳари Самадова сафари ҳаҷ кардааст. Пайравони созмонҳои миллатгарое ба монанди “Ҷамъияти Русия” талаб доранд, ки шаҳрдори Митишӣ ҳам аз кор ронда шавад.

Назари Таҳмина Самадова ё ҳамсараш Рамазон Раҳимов, ки ӯ ҳам шаҳрванди Русия аст, маълум нест. Маъмурияти шаҳри Митиши пештар дар номае гуфтанд, “Таҳмина дар корҳои иҷтимоии шаҳр фаъолона ширкат мекунад. Фарзандонаш хонандаҳои хубанд ва бо хоксорӣ ва рафтори хуб аз дигарон фарқ мекунанд.”

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи ҳуқуқи зодагони ин кишвар, аз ҷумла Таҳмина Самадова, “чораи фаврӣ ва қатъӣ андешанд”. Талоши Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари сафорати Тоҷикистон дар Маскав бенатиҷа буд. Ҳазорон корбари шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазиранд, бубинанд, ки моҷаро бо чӣ анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG