Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Ду мавриди қочоқи маводи тарканда дар як моҳи охир


маводи тарканда
маводи тарканда

Кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ (РОБОП) дар вилояти Суғд мегӯянд, дар як моҳи охир аз ду ҳодисаи қочоқи маводҳои тарканда аз Бодканд ҷилавгирӣ карданд.

Бино ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, кормандони пулиси тоҷик аввали моҳи август дар ҳудуди Тоҷикистон, назди як гузаргоҳи марзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як шаҳрванди қирғиз бо 13,5 кило ва дар поёни моҳи август дар як гузаргоҳи воқеъ дар марзи ноҳияиҳои Исфара ва Бодканд ду шаҳрванди дигари Қирғизистонро ҳангоми интиқоли 11 кило маводи мунфаҷира, ки як миқдораш тротил будааст, дастгир карданд. Алайҳи ин шаҳрвандони қирғиз бо иттиҳоми “қочоқи маводи тарканда” ду парванда боз шудааст.

Ду мавриди мусодираи маводи тарканда дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим


Аброр Ҳафизов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки тафтиши парвандаи аввалро анҷом додааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, парвандаи шаҳрванди қирғиз Сеип Уразбоев, ки бо 13 килову 566 грамм маводи тарканда ва 60 адад тарконанда (детонатор) дар минтақаи сарҳадии Суғд дастгир шуда буд, ба додгоҳ рафтааст: “Шаҳрванди қирғиз вақти фурӯши маводи таркандае, ки дар корхонаҳои коркарди маъдан истифода мебаранд, ба “харидорони шартӣ”, яъне кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд. Тасаввур кунед, ки агар ба ҷои ин харидорони шартӣ ягон нафари террорист ҳам мебуд, маводи таркандаро ба фурӯш мегузошт.”

Ба гуфтаи манобеъ аз мақомоти интизомӣ, дар ҳар ду маврид қочоқгарон ҳадафи ба фурӯш задани маводи тарканда дар Тоҷикистонро доштанд. Вале ба дасти кормандони пулис афтодаанд.


Ҳамлаи соли 2010 алайҳи пулис дар Хуҷанд
Ҳамлаи соли 2010 алайҳи пулис дар Хуҷанд
Баъд аз таркиши бинои шӯъбаи ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дар таърихи 3 - юми сентябри соли 2010 аз ҷониби як маргталаб, ки 3 куштаву ҳудуди 30 захмӣ бар ҷой гузошт, мақомоти пулиси Суғд назорат бар гардиши маводи таркандаро шадидтар кардаанд.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қочоқи маводи тарканда аз сарҳади давлатии Тоҷикистон аз 5 то 10 сол ҷазо бо мусодираи амвол муқаррар кардааст. Интиқоли ин гуна мавод тибқи қонун бо иҷоза ва тартиби хосе сурат мегирад.
Вале саволи умда ин аст, ки дар ҳоле ки қочоқи маводи тарканда аз Бодканд ба Суғд вуҷуд дорад, оё харидорони ин маводи хатарнок киҳоянд ва ба чӣ хотир онро харидорӣ мекунанд?

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, дар вилояти Суғд гурӯҳи афроди шомил ба гурӯҳҳои тундраве, мисли Ҳаракати исломии Узбакистон ҳастанд, ки қаблан дар хориҷ аз Тоҷикистон таълими ҳарбӣ гирифта, кор бо маводи таркандаро омӯхтаанд. Ба бовари ӯ, аз эҳтимол дур нест, ки чунин афрод барои анҷоми фаъолиятҳои худ роҳҳои ба даст овардани маводи мунфаҷира, аз ҷумла харидани он аз гурӯҳҳои қочоқбарро меҷӯянд.

Неъматуллоҳи Мирсаид, коршиноси умури амнияти минтақа мегӯяд, шарҳ додани он ки харидорони маводҳои таркандаи қочоқчӣ киҳоянд ва бо чӣ мақсад ин маводи хатарнокро ба даст овардан мехоҳанд, мушкил аст: “Чунки дар бораи қувваҳои дохилие, ки ба хотири ноором кардани авзоъ кор мебаранд ва мехоҳанд чунин маводро ба даст оранд, маълумоти диқиқе дар даст надорем. Вале ин омилро аз мадди назар дур кардан нашояд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маъракаи пешазинтихоботии раисиҷумҳур ҷараён дорад ва шояд хавфи вазъро муташанниҷ намудан аз ҷониби нерӯҳои иртиҷоӣ вуҷуд дошта бошад. Ва ин нерӯҳо харидори эҳтимолии маводи тарканда бошанд. Дар ин сурат ҳушёрии сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар мавриди пешгирӣ аз моддаҳои тарканда кори хеле шоёни таҳсин аст.”

Ба назари ҷаноби Мирсаид, пурзӯр шудани назорати марз бо Қирғизистон дар пайи муноқишаҳои охири байни сокинони Исфараю Бодканд низ ба пешгирӣ аз қочоқи маводи хатарнок, аз ҷумла маводҳои тарканда мусоидат кардааст.

Ба гуфтаи бархе мутахассисони бахши саноати маъдани Суғд, корхонаҳои коркарди маъдани кӯҳӣ ё ангишти минтақа ба маводи тарканда ниёзи шадид надоранд, бинобар ин маводи қочоқиро харидорӣ кардани онҳо эҳтимол дуртар ба назар мерасад. Ба хусус, дар ҳоле ки содирот ва воридоти ҳама гуна маводи тарканда таҳти контроли шадид сурат мегирад ва ба қочоқбарон ҷазоҳои сахт пешбинӣ шудааст.

Як мутахассиси корхонаи коркарди маъдан, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, вале ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки қочоқбарон миқдори бузурги маводи таркандаро кам – кам аз сарҳади боз ба таври ғайрирасмӣ ворид кунанд ва дар ихтиёри ягон корхонаи харидор гузоранд. Ва ин кор эҳтимолан ба хотири дарёфти сӯди иқтисодӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG