Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав:"Туркия таъминкунандаи аслии аслиҳа барои ДОИШ аст"


Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ Туркияро муттаҳам кардааст, ки таъминкунандаи аслии аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ барои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия мебошад.

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъаи 1-уми апрел дар номае ба Шӯрои Амният, Туркияро муттаҳам кардааст, ки таъминкунандаи асосии аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ барои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия мебошад. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки аслиҳа зери назорати ниҳодҳои истихборотии Туркия ва тавассути се муассиса ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ барои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия фиристода мешавад.

Виталий Чуркин дар ин номаи худ баён доштааст, ки фиристодани ин кӯмакҳои низомӣ зери пӯшиши корвонҳои кӯмакҳои башардӯстона анҷом шудааст. Вай афзудааст, ки ин ниҳодҳо маводи тарканда ва маводи кимиёии саноатиро ба арзиши беш аз 1 миллиону 900 ҳазор доллар дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати исломӣ" гузоштаанд.

Туркия то ба ҳол ба ин иттиҳомҳои Русия посух надодааст.

Ворид шудани Русия ба ҷанги Сурия дар 20-уми моҳи сентябри соли гузашта, сабаби тақвияти мавқеи Башор Асад дар баробари гурӯҳҳои мухолифи ӯ шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Туркияву Арабистони Саудӣ ва чанд кишвари арабии минтақа, аз мухолифони Башор Асад ҳимоят мекунанд.

Тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷанги панҷсолаи Сурия ҳадди ақал 250 ҳазор кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар номаи худ ба Шӯрои Амният ба ҷузъиёти кӯмакҳо ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" тавассути се муассисаи туркӣ ишора кардааст. Виталий Чуркин мегӯяд, яке аз ин муассисаҳои туркӣ аз соли 2011 то ба ҳол 7500 худрав ё мошин ба ҳамроҳи таҷҳизоти гуногун, дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати исломӣ" гузоштааст.

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид афзудааст, ки мушакҳои зиддитанкӣ, RPG-7, мушакандозҳои 82-миллиметрӣ ва васоили мухобиротӣ, аз ҷумлаи ин кӯмакҳо будаанд. Дар ин нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки маводи тарканда, ки барои "гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия қочоқ мешавад", дар хоки Туркия омода мешаванд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия соли гузашта ҳукумати Туркияро ба тиҷорати нафт бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам кард, аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, гуфта буд, ки ин иттиҳом агар собит шавад, ӯ аз мансаби худ истеъфо хоҳад дод. Яке аз масъулони вазорати дифои Русия низ гуфта буд, ки Маскав масирҳои интиқоли нафти қочоқии Сурия ва Ироқ ба Туркияро ҳам маълум кардааст.

XS
SM
MD
LG