Як зодаи Узбекистон мегӯяд, пулиси рус ӯро озору азият дод, то барои рафтан ба ҷанги Украина розӣ шавад. Юсуф дар Маскав кор мекард ва дар як "рейд" ё амалиёти зидди муҳоҷирон пулис бе ягон асос ӯро боздошт кард. Ба гуфтаи ин муҳоҷир, дар шӯъбаи пулис бо зӯр ӯро барои бастани қарордод бо Вазорати мудофиа маҷбур карданд.
"Онҳо ба ман гуфтанд: "Ту ба ҷанг меравӣ!". Ман гуфтам, шаҳрванди Узбекистонам ва намеравам ба ҷанг,"-мегӯяд ин муҳоҷири узбек.
Юсуфро дар шӯъбаи пулис барои рафтан ба ҷанг маҷбур карданд. Ӯро, ки дар Маскав кор мекард, пас аз тафтиши санадҳояш ба пулис оварданд. Он ҷо ба гуфтаи Юсуф, ба ӯ фишор оварданд ва талаб карданд, ки вай ба ҷанг равад. Ин муҳоҷир мегӯяд, бо вуҷуди фишори зиёди пулис талаби онҳоро қабул накард.
"Ман гуфтам, ки маҷбур нестам, дар ин низоъ ширкат кунам. Сипас онҳо шиносномаи маро гирифтанд ва фаҳмиданд, ки ман аз бонк қарздорам. Гуфтанд, "мо қарзатро медиҳем ва ту ба ҷанг меравӣ." Ҳамин вақт ду бор ба "дубинка" дар зонуҳоям заданд ва гуфтанд, "Чаро намеравӣ? Меравӣ!" Баъди аз гулӯям гирифта ба девор зер карданд. Фаҳмиданд, ки ман розӣ намешавам. Ман гуфтам, ки ба Сафорат муроҷиат мекунам ва ба ман кӯмак мекунанд. Пас аз даҳ дақиқа маро озод карданд."
Юсуф рӯзи 3-юми март ба Сафорати Узбекистон дар Русия муроҷиат кардааст, вале ба ӯ ҳеҷ кӯмаке нарасондаанд. Мегӯяд, аз кормандони Сафорат пурсидааст, ки "фишор овардан ва ба ҷанг бурдани ман барои шумо аҳамият надорад?" Ба гуфтаи Юсуф, намояндагони Сафорати Узбекистон ба ӯ посух додаанд, ки "шаҳрванди мӯҳтарам, мо ҳеҷ кӯмаке карда наметавонем."
Юсуф аз бонк 400 ҳазор рубл ($ 4700) қарздор аст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, ҳукумати Русия ҳоло қарзи муҳоҷиронро низ чун як воситаи фишор истифода мебаранд ва талош доранд, бо ҳар роҳ онҳоро ба ҷанги Украина фиристанд.
Ба гуфтаи Чупик, эҳтимол мақомоти қудратии Русия номи муҳоҷирро аз пойгоҳи қарздорон пайдо карда, мегӯянд, "ё мо туро барои қаллобӣ ва қарздорӣ зиндонӣ мекунем ё ту қарордодро имзо мекунӣ." Ҳолате, ки ба гуфтаи Валентина Чупик, "бегуфтугӯ нақзи ҳуқуқи одам аст."
Дар маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиён ҳам вазъ тақрибан ҳамин аст. "Мо қарори ихроҷи туро бекор мекунем, вале ту инҷо имзо мон. Ту метавонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия ва пули калон шавӣ. Тамоми оилаи ту шаҳрванди Русия мешаванд,"-шарҳ медиҳад ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.
Ба нақли Юсуф, пас аз шикоят ба Сафорати Узбекистон ҳам ҳолат такрор шуд. Боз пулис ӯро боздошта, санадҳояшро санҷиданду аз қарздории ӯ огоҳ шуданд. Кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия боз ба ӯ пешниҳод карданд, ба артиш қарордод имзо кунад. Зодаи Узбекистон ба Сафорати ин кишвар занг зад, вале ба зангаш посух надоданд. Муҳоҷир тасмим гирифт, ки ба ватан баргардад.
"Ман аз президенти Узбекистон, Шавкат Мирамонович ва раҳбарони дигари кишвар кӯмак мехоҳам. Ният дорам миёнаҳои моҳи апрел ба Маскав баргардам. Амнияти маро таъмин кунед. Ман бояд кор карда, оилаамро таъмин кунам. Хоҳиш мекунам ин корро зери назорат гиред ва маро ҳимоя кунед,»-мегӯяд ин муҳоҷири узбек.
Ба гуфтаи Юсуф, барои баргардондани қарзи бонк маҷбур аст боз ба муҳоҷират равад. Аммо метарсад, ки дубора талош мекунанд ӯро ба ҷанг фиристанд. Дар Узбекистон ин ҷиноят аст. Ба суолҳои хабарнигорони тарҳи "Мигрант Медиа" дар ин бора, дар Сафорати Узбекистон ҳанӯз посух надодаанд.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз маҷбуран ба ҷанг фиристода шуданашон аз сӯи мақомоти Русия шикоят доранд. Давоми се соли ҳамлаи Русия ба Украина, хабарҳои зиёде дар бораи фиристода шудани муҳоҷирон ба ҷанг алайҳи Украина расонаӣ шудааст. Як қисми ин муҳоҷиронро бо ваъдаи озодӣ аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурдаанд. Намунаи ахираш, рӯзи 3-юми апрел ҳашт шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро аз маҳбаси рақами 26-и шаҳри Волгогради Русия ба ҷанг дар Украина фиристодаанд.
Наздикони зиндониён аз идомаи ҷалби маҳбусон нигарон ҳастанд, чун бовар доранд, ки Русия ба зудӣ ба ҷанг поён доданӣ нест ё дар пайи тақвият додани артишаш барои фишори бештар ба Украина ҳаст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, чанде пеш сафарбарии нав эълон кард, то 160 ҳазор нафар ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд.