РАО/РО бо қарори ин оҷонсӣ дар бораи боздоштани маблағҳои грантие, ки Конгресс барои фаъолияти ин ниҳод ҷудо кардааст, чун “зарари ҷуброннопазир” розӣ нест. Қарор аст соати 14:00 додгоҳи ноҳиявии Вашингтон барои минтақаи Коламбия мавқеи ду ҷонибро бишнавад.
РАО/РО талаб дорад, ки USAGM маблағи онро дар ҳаҷми 7,5 миллион доллар барои пӯшиши фаъолияти ин ниҳод дар мӯҳлати 1 то 15 мартро бипардозад. USAGM мудирияти фаъолиятҳои расонаҳои мавриди пуштибонии ҳукумати Амрико, ба мисли “Садои Амрико” ва РАО/РО-ро ба ӯҳда дорад. Қарори боздошта шудани маблағро USAGM дар таърихи 15 март содир кард.
Дар парвандаи додгоҳӣ таъкид шудааст, ки надодани маблағи аз ҷониби Конгресс ҷудошуда барои РАО/РО зидди қонунҳои федеролӣ ва Конститутсияи Амрико мебошад, чун танҳо Конгресс сарнавишти хароҷоти федеролиро муайяг мекунад. Дар шикоят инчунин талаб шудааст, ки дастури муваққатии озод кардани маблағҳои моҳи март ба хотири кам кардани зарари он ба кори РАО/РО содир карда шавад.
Даъвои ҳуқуқии РАО/РО инчунин ҳақи дастрасӣ ба маблағҳои боқимондаи буҷаи соли 2025-ро фаро мегирад, ки то 30 сентябри соли ҷориро пешбинӣ мекунад. Муҳокимаи пешакӣ барои баррасии ин бахши парванда дар миёнаҳои моҳи апрел баргузор хоҳад шуд.
Стивен Капус, президенти РАО/РО, бо таъкид ба зарари маҳрумияти расона аз маблағ гуфт, “боздошта шудани қарордодҳои фрилансериву ба истироҳати бемузд фиристодани кормандон ба тавонмандии мо дар ироаи хабарҳои бидуни сензура дар 23 кишваре, ки мо хидмат мекунем, таъсири ҷиддӣ мегузорад”.
Дар навбати худ USAGM дар номае гуфтааст, ки додгоҳи ноҳиявӣ ҷои дурусте барои баррасии ин парванда нест ва Конгресс USAGM-ро “салоҳиятҳои васее барои назорати кори қабулкунандагони грантҳо додааст; ҳатто дар сурате, ки додгоҳ дархости ҷабрдидаро дар бораи бекор кардани қарори USAGM қонеъ кард, он ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа намешавад».
“Рӯшание дар торикии пурдурӯғ”
Таҳдиди қатъи маблағгузории кори РАО/РО, ки дар 23 кишвари ҷаҳон ба 27 забон барнома таҳия мекунад, мавҷи пуштибонӣ аз ин расонаро бедор кард.
Аз Эрон то Беларус, аз Афғонистон то Русия, аз Покистон то Укрина бисёр хонандагону бинандагони хабару гузоришҳо - хабарнигорони РАО/РО-ро барои бозтоби ҷасорат, бетарафона ва воқеъбинонаи ҳодисаҳо аз майдони ҷанг то вазъ дар кишварҳои саркӯбгар ситоиш мекунанд. Бисёриҳо аз хатари баста шудани кори РАО/РО нигарон ҳастанд.
Олеҳ Прозоров, як хонандаи хабарҳои Радиои Озодӣ аз Украина дар Фейсбук навишт, “гоҳо шумоён мисли рӯшание дар торикии пурдурӯғ ҳастед”. Прозоров аз Бахши украинии Радиои Озодӣ барои “дифоъ аз озодиҳои сиёсӣ” миннатдорӣ баён кардааст.
Амри боздошта шудани маблағгузории РАО/РО чанд соат баъди як дастури президент Доналд Трамп содир шуд, ки ба коҳиши ҳадди аксари харҷу кори ҳафт идора, аз ҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо амр дод. Додани гранти кори РАО/РО бар асоси як номаи Кари Лейк боздошта шуд, ки вазифааш мушовири аршади мудири муваққати USAGM ёд шудааст.
Трамп Лейкро ба вазифаи раиси “Садои Амрико” пешбарӣ кардааст, вале номзадии ӯро бояд Шӯрои машваратии суханпарокании байналмилалӣ тасдиқ кунад. Аъзои ин шӯро баъди барканориашон аз ҷониби Трамп дар моҳи январи имсол дигар то ҳол нав карда нашудаанд. “Садои Амрико” ва USAGM идораҳои федеролӣ ва РАО/РО як ниҳоди ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Бо ин ки ин муассиса аз ҷониби Когресс маблағгузорӣ мешавад, кормандони РАО/РО мақоми коргарони давлатӣ ва федеролиро надоранд.
Трамп, ки гуфтааст, бо харҷҳои беҳудаи давлатӣ мубориза мебарад, дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш бо USAGM дар робита бо масъалаи мустақил будани сиёсати таҳририяи он ва ҳам мудирияти барномаҳо даъво кардааст.
Гуфтугӯ