Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегӯянд, ба ширкати 90-90 рав." Мушкили ронандаҳои такси дар Душанбе


Гурӯҳе аз ронандагони ширкати "Рахш Такси" ҳангоми суҳбат
Гурӯҳе аз ронандагони ширкати "Рахш Такси" ҳангоми суҳбат

Гурӯҳе аз ронандагони ширкати "Рахш Такси" дар Душанбе шикоят доранд, ки аз оғози моҳи апрел нозирони БДА (ГАИ) бе пешниҳоди далеле рақами мошинҳояшонро мусодира мекунанд.

Шариф, яке аз ронандагон, рӯзи 22-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Касе сабабашро намегӯяд. Ба ширкати хадамоти таксӣ рафтам, мегӯянд, сабр кунед. Намедонем, чӣ кор кунем, қарзи бонкро чӣ гуна диҳем, оиларо чӣ хел хӯронем."

Ин мусоҳиби мо афзуд, 200 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, мошин харидааст, то бо таксиронӣ аъзои оиларо бихӯронаду бипӯшонад, аммо дар ҳафтаҳои охир бо душворӣ дучор шудааст.

Кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бар ивази мусодираи рақами давлатии таксиҳо санадеро ба ронандагон додаанд, ки на муҳр дораду на имзо ва танҳо ному насаби нозир навишта шудааст.

Дар ширкати "Рахш Такси" ронандагон посухи мушаххасе нагирифтаанд ва сарони он рӯзи 22-юми апрел ҳозир нашуданд, ки ба хабарнигорони Радиои Озодӣ вазъиятро шарҳ диҳанд. Яке аз масъулони ширкат бе муаррифии худ ва дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ба мақомоти масъул нома фиристодаанд ва мунтазири посуханд, аммо нагуфт, ки мазмуни мактуб чист.

Дар БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ барои шарҳи мавзуъ номаи расмӣ талаб карданд. Яке аз масъулони баландпояи ин ниҳод гуфт, ронандагони таксӣ медонанд, ки барои чӣ рақами худравҳояшон гирифта мешавад.

Ронандагон мегӯянд, нозирони БДА рақами худравҳояшонро кандаанд
Ронандагон мегӯянд, нозирони БДА рақами худравҳояшонро кандаанд

Баҳсу мушкилоти ширкатҳои таксӣ дар Тоҷикистон нав нест. Дар гузашта, мақомот баъзе аз ширкатҳоро маҷбур карда буданд, ки мошинҳои соли истеҳсолашон куҳнатарро нагузоранд мусофиркашонӣ кунанд. Дертар аз ширкатҳо хоста шуд, ки бештари таксиҳояшон электромобил бошад.

"Гуфтанд, биёр рақамҳоро супор. Рақами рангаш зард доштем, супоридем, вале рақами рангаш сабз намедиҳанд. Мегӯянд, ки сабр кунед. Як моҳ шуд. Рӯзи супоридани қарзи бонк омадааст, намедонем чӣ кор кунем. Мардум қарздор аст," -- шиква дорад Шарофиддин Рафиқов, таксирони дигари ширкати "Рахш Такси".

Ронандагон мегӯянд, мушкилоти нав баъди ба бозори таксиҳо ворид шудани ширкати "Эко Такси" бо рақамҳои 90-90 пайдо шуд. Ин ширкат дар соли 2024 корро сар карда, шурӯи фаъолияташ дар саҳифаҳои шаҳрдории Душанбе таблиғ шудааст. Молики ширкат феълан маълум нест.

Баъзе аз ронандагон мегӯянд, пас аз баркандани рақамҳояшон аз нозирони БДА мепурсанд, ки акнун чӣ кор кунанд ва дар посух мешунаванд, ки "ба ширкати 90-90 равед". "Охир, ман чӣ хел ба ширкати 90-90 равам? Ман дар ин ҷо пул супоридаам, аз бонк қарздорам, ҳозир боз 10 ҳазор сомонии дигар дар он ҷо бурда бояд супорам?" – мепурсад Шуҳрат, яке аз таксиронҳои “Рахш Такси”.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро рақами баъзе таксиҳоро дар Душанбе мегиранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Бар асоси як қарори шаҳрдории Душанбе аз моҳи июни соли 2024, бояд ҳамаи ширкатҳои таксӣ дар Душанбе то моҳи сентябри 2025 тамоми таксиҳояшонро ба мошинҳои барқӣ ё электромобил табдил диҳанд.

Ҳоло дар Душанбе тиқби иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, 13 ширкати таксӣ мавҷуд аст, ки дар умум тақрибан ҳашт ҳазор таксӣ доранд. Квота ё саҳмияи тақсимшуда барои ширкатҳо 4350 таксӣ будааст. Аммо ҳамаи ширкатҳо аз саҳмияи тақсимшуда зиёд, аз ҷумла "Эко Такси" 850, "Талко-Персия" 566, "Сафар Ориён" 441, "Олуча Авто" 572 ва "3333" 210 таксӣ бештар доштаанд.

XS
SM
MD
LG