Донишмандони маркази миллии ҳастаии Қазоқистон аз тирамоҳи соли гузашта падидаи нодиреро, ки дар рустои Калачи дар вилояти Оқмолаи ин кишвар мушоҳида мешавад, ба таҳқиқ гирифтаанд. Сокинони ин русто аз бееморие ранҷ мекашанд, ки табибон онро шартан “бемории хоболудӣ” ном кардаанд. Ин беморӣ бори аввал дар ин минтақа дар соли 2011 мушоҳида шуда, дар ин 4 сол беш аз 60 нафар аз аҳли Калачи, аз ҷумла кӯдакон, ба “бемории хоболудӣ” печидаанд.
Онҳо вақте ба ин бемории мармуз мепечанд, чанд рӯз беист хоб мераванд ва ҷолиб ин аст, ки баъди бедор шудан, чизе дар ёдашон намемонад.
Табиати ин маризӣ ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад. Бархе мегӯянд, дар солҳои Шӯравӣ дар инҷо як корхонаи бузурги коркарди уран фаъолият дошт ва ин беморӣ шояд аз ҳамон айём мерос мондааст. Аммо коршиносони Маркази миллии ҳастаӣ, ки дар Калачи таҳқиқ мебаранд, мегӯянд, таҳқиқоти онҳо нишон дод, ки мизони радиатсия дар инҷо аз меъёр баланд нест ва на ба он ҳаддест, ки боиси хоболуд кардани мардум шавад.
Худи сокинони русто дар сӯҳбат бо хабарнигорон ҳадс задаанд, ки ин беморӣ шояд кори дасти ҷину париҳост. Ба гуфтаи як кӯдаки сокини Калачи, баъди гирифторӣ ба “хоболудӣ” бадани онҳо аз қувваҳои нопок тоза мешавад.
Дар маҷмӯъ дар Калачи, воқеъ дар наздикиҳои пойтахти Қазоқистон тақрибан 600 нафар зиндагӣ мекунанд.
Ин видео дар Калачи моҳи сентябри соли 2014 ба навор гирифта шудааст.