Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масчо ё Мастчоҳи нав? Эътироз ба пешниҳоди табдили номи Мастчоҳ. САДО


Пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон барои иваз кардани номи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо вокунишҳои тунд дар дохил рӯ ба рӯ шуд. Кумитаи забони назди ҳукумати Тоҷикистон расман пешниҳод кардааст, ки номи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Мастчоҳ ва ноҳияи Мастчоҳ ба Мастчоҳи нав иваз карда шавад.

Мастчоҳ, Мастчоҳи нав ё Масчо?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00
Линки мустақим

Вақте мефаҳманд, ки мо аз Мастчоҳ ҳастем, баъзан масхара мекунанд, ки Шумо маст ҳастед? Гоҳе дар ин бора муноқиша ҳам мекунем.

Олимони Мастчоҳ дар як ҷаласа ин пешниҳодро нодуруст хонда ва гуфтаанд, агар ҳукумат дар фикри иваз кардани номи ноҳия аст, беҳтар аст, онро ба Масчо табдил диҳад. Онҳо бовар доранд, ки Масчо номи қадимии Мастчоҳи имрӯза аст ва ниёзе ба сифати наву куҳна надорад. Вокуниши олимони ноҳия аз аввалин ҳолатҳои норозигии зиёиёни як маҳал ба пешниҳоди Кумитаи забон дар бораи тағйири номи минтақаҳост.

“Мардум аз оғоз Мастчоҳро хуш надоштанд”

Маликнеъмати Неъматзод
Маликнеъмати Неъматзод

Маликнеъмати Неъматзод, номзади илмҳои филологӣ ва яке аз олимони ноҳия, ки дар баррасии мавзӯъ иштирок кардааст, гуфт, Мастчоҳ номгузорӣ шудани ноҳияи онҳо аз аввал ғалат буд. “Зеро дар маъхазҳои таърихӣ ин минтақа бо номи Масчо ёдоварӣ шудааст. Мардум аз оғоз номи “Мастчоҳ”-ро хуш надошт, чун дар баъзе ҳолат боис ба пастзании аҳолии минтақа аз тарафи дигарон мегардад”, - гуфт ӯ рӯзи 4-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Неъматзод мегӯяд, онҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳукумати номи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар шакли ҳозирааш ҳифз карда, номи ноҳияи Мастчоҳро расман ба Масчо иваз кунад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт олимони ноҳия ҳоло ба ҷамъ кардани далелҳо машғуланд ва дар ҳафтаҳои наздик пешниҳодҳои худро ба унвонии ҳукумати ноҳия ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мефиристанд.

“Кумита маҷбурӣ номгузорӣ намекунад”

Саодатшо Матробиён
Саодатшо Матробиён

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯянд, ки пешниҳоди иваз кардани номи ноҳияҳои Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ аз ҷониби гуруҳи корӣ ироа шудааст ва барои ин далел низ доранд. Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, вақте Куҳистони Мастчоҳ ба номи Мастчоҳ номгузорӣ шавад, дар он сурат ба номи Мастчоҳи ҳозира бояд калимаи нав илова карда шавад, то он фарқкунанда бошад.

“Бе ин ҳам Куҳистони Мастчоҳ куҳистон аст ва ҳоҷати будани ин калима дар номи ноҳия нест. Дар ин бора баъзе санадҳои таърихӣ вуҷуд доранд. Дар масъалаи калимаи Мастчоҳ ва будану набудани ҳарфҳои т ва ҳ бояд бигӯям, ки ин ҳодисаи фонетикӣ аст, ки як ҳамсадо дар вақти талаффуз меафтад.”

Бо ин ҳама ин масъули Кумитаи забон гуфт, ин ниҳод ҳаққи маҷбурӣ номгузорӣ кардани ягон минтақаро надорад ва номҳои нав танҳо пешниҳодӣ ҳастанд.

“Нав-Масчо ё Масчоиён”

Умеди Ҷайҳонӣ
Умеди Ҷайҳонӣ

Масъалаи иваз кардани номи ноҳияи Мастчоҳ баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба по кардааст. Таърихшиносону забоншиносон бо ишора ба суғдӣ будани калимаи Масчо мегӯянд, он бояд ба асли таърихиаш баргардонда шавад. Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик мегӯяд, “агар қарор бошад, ки номи таърихии Масчо зинда шавад, мантиқӣ ин аст ки Кӯҳистони Мастчоҳро Масчо биноманд ва ноҳияи Мастчоҳро суғдиёна Нав-Масчо ё тоҷикона Масчои Нав ва ё ноҳияи Масчоиён номгузорӣ кунанд.”

“Моро масхара мекунанд”

Ноҳияи Мастчоҳ дар қисмати шимоли Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон ҷойгир шудааст. Мардуми ин ноҳия асосан солҳои 50-уми асри гузашта аз водии Зарафшон ба инҷо кӯч дода шудаанд. Сокинони ноҳия дар бораи иваз кардани номи ҷойи зисташон андешаҳои гуногун доранд. Аммо аксар ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, бигзор номи ноҳия ба гӯиши мардумии он мутобиқ карда шавад.

Тасмими тағйири номҳои деҳоту маҳаллаҳо дар Тоҷикистон, тарафдор доранд, вале мухолифони ин гуна тасмимҳо низ кам нест. Ин мухолифон мегӯянд, ки номҳое, ки аз қадим омадаанд, таърихи ба вуҷуд омадани ҳамон маҳалро дар худ доранд ва бояд бимонанд.

Қобил Аминов, як сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, ҳангоми сафар ба ягон минтақаи дигар баъзе нафарон онҳоро мавриди истеҳзо қарор медиҳанд. Қобил мегӯяд, “масалан, вақте мефаҳманд, ки мо аз Мастчоҳ ҳастем масхара мекунанд, ки шумо маст ҳастед? Гоҳо дар ин бора муноқиша ҳам мекунем. Мо намедонем, ки ин калима аз куҷо пайдо шудааст. Зеро дар гуфтугузорҳо миёни мардум мо ҳамаамон Масчо мегӯем.”

Пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳот дар бораи иваз кардани номи Мастчоҳ як баҳси гармеро дар ҳукумати ин ноҳия ба миён овард. Масъулони ҳукумати ноҳия мегӯянд, як гуруҳи корӣ бо роҳбарии Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳия масъаларо меомӯзанд.

Аз Ленинобод то Куйбишев

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод. Аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимаи Суғдро гирифт. Тасмими тағйири номҳои деҳоту маҳаллаҳо дар Тоҷикистон, тарафдор доранд, вале мухолифони ин гуна тасмимҳо низ кам нест. Ин мухолифон мегӯянд, ки номҳое, ки аз қадим омадаанд, таърихи ба вуҷуд омадани ҳамон маҳалро дар худ доранд ва бояд бимонанд.

Гурӯҳи дигар мегӯяд, қарорҳои ҳукумат барои тағйири ном мисли он аст, ки хонаи вайронаеро берунашро тармим мекунанд ва дар дохилаш на об дорад, на барқ ва на шароите барои зиндагӣ. Ба гуфтаи мухолифон, ба ҷойи тағйири ному харҷи изофӣ барои таҳияи санадҳои наву ислоҳ кардани харитаҳо беҳтар аст, “Бунгакиён” бо ҳамон номаш монад, вале барои ҷавонони бекораш ҷойи кор муҳайё созанд.

XS
SM
MD
LG