Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарроҳон дар бораи тарҳи либоси нав: "Назари моро напурсиданд". ВИДЕО


Дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси сокинонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросимҳои дигар, танзим мекунад. Тибқи иттилои расмӣ, ин дастурамал аз сӯи вазорати фарҳанг бо номи "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия ва ҳоло ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Дастурамали мегӯяд, духтароне, ки муйҳои дароз доранд, дар донишгоҳу ҷойҳои корӣ онро боз нагузоранд ва ба таври умумӣ дар вақти корӣ ва дарс ҳатман муйҳояшон бофта ва ё ғундошта бошанд.

Ҳадаф аз таҳияи ин дастурамал, ҷилавгирӣ аз "фарҳанги бегона"-и либоспӯшӣ гуфта шудаааст. Масъулони вазорати фарҳанг ба ин назаранд, ки дар сурати тасдиқ шудани ин дастурамал, сокинон тибқи он амал хоҳанд кард. Тарҳу намуди либоси сокинон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст.

Бар пояи ин дастурамал, либосҳо вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим ба зимистонаву тобистона ва баҳориву тирмоҳӣ гурӯҳбандӣ шудаанд. Ин либосҳо ҳамчунин аз лиҳози ҷинсият ва сину сол ба либосҳои мардона, занона ва кӯдакон тақсим шудаанд. Дастурамал ҳамчунин либосҳоро ба расмӣ ҷашнӣ, корӣ, саҳнавӣ, истеҳсолӣ ва маросимӣ тақсим кардааст.

Аз ҷумла, барои занони хонанишин тарҳи куртае ироа шудааст, ки қисматҳои пеш ва паси он маҳкам мебошад ва "дар ин сурат ба бастани сатр эҳтиёҷ пайдо намешавад". Ин намуд куртаҳо метавонанд гиребондор бошанд ва ба гуфтаи мураттибони тарҳ, ин тарзи дӯхти куртаҳо аз гузашта дар миёни занони тоҷик маъмул будааст.

Бар асоси ин тарҳ, либосҳои занони шавҳардор аз духтарони ҷавон фарқ мекунад ва ҳамин тавр либоси занҳои калонсол дар дӯхт ва ранг фарқ доранд. Ин дастурамал ба занон мегӯяд, ки дар интихоби ранги либос фарқгузорӣ кунад ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷашну маросимҳои шодмонӣ либосҳои гулдору рангоранг ва дар мотам аз либоси кабуду сафед истифода намоянд.

Дастурамали вазорати фарҳанг ба тарзи басти мӯйи бонувон ҳам дахолат карда ва мегӯяд, духтароне, ки муйҳои дароз доранд, дар донишгоҳу ҷойҳои корӣ онро боз нагузоранд ва ба таври умумӣ дар вақти корӣ ва дарс ҳатман муйҳояшон бояд бофта ва ё ғундошта бошанд. Ба занон тавсия дода шудааст, ки рӯймолҳояшоноо содда баста ва аз рӯйсарии сиёҳ дурӣ ҷӯянд, зеро ранги сиёҳ "рамзи азодорӣ" мебошад.

Хуршед Сатторов: Атласу адрасро зимистон пӯшида намешавад

Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик мегӯяд, беҳтар буд қабл аз таҳияи ин дастурамал тарроҳони муваффақ ҳам даъват ва пешниҳоди онҳо низ шунида мешуд. Чун ба гуфтаи ин тарроҳ, барои таҳияи либосҳои миллӣ бояд пеш аз ҳама сифати матоъҳое, ки аз он сару либос таҳия мешавад, хуб бошад ва мардум ҳам тавонанд аз онҳо дар тамоми чор фасли сол либос дузанд.

Хуршед Сатторов.
Хуршед Сатторов.

Сатторов мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон матоъҳое ба мисли адрасу атлас истеҳсол мешаванд ва хуб аст ки ин матоъҳо табииянд. Аммо намешавад либосҳои таҳияшуда аз чунин матоъҳоро дар чор фасли сол ба бар кард. Аз сӯи дигар ба гуфтаи Сатторов, ҳоло дар Тоҷикистон на ҳама навъи матое, ки нусхаи миллӣ доранду дар чор фасли сол аз онҳо либос таҳия карда шавад, истеҳсол мешавад.

“Агар дар баробари атласу адрас, матоҳои монанд ба драп ва трикотаж, ки аксари либосҳои болопӯш дар фаслҳои сард аз он таҳия мешавад, дар Тоҷикистон истеҳсол мешуд, беҳтар буд. Чун ҳоло либосҳое, ки тарроҳон таҳия мекунанд, гарон аст ва чун матоъҳо аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Вақте коргоҳе дар дохили кишвар онро истеҳсол мекунанд, ин арзон мешавад."

"Либосҳои вазорати фарҳанг ба ман маъқул нашуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

Мукаррама Қаюмова, як тарроҳи собиқадори либос ва яке аз мубаллиғони фарҳанги миллӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз тарҳи пешниҳодии либосҳо розӣ нест. Вай гуфт, ки шахсан ӯ дар баррасии ин тарҳҳо иштирок накардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин дастурамал "осемасарона" таҳия шуда вижагиҳои либоси мардумиро дар манотиқи мухталиф ба инобат нагирифтанд. Қаюмова гуфт:

"Ҳар давру замон барои худаш либоспӯшии муайян дорад. Барои мисол замони Дориюш, Сомониёну Сосониён ва замони Рудакӣ шакли дигар мепушиданд. Бояд талаботи ин давр ҳам ба назар гирифта мешуд ва либосҳое таҳия мешуд, ки мо онро дастур мекардем. Дар ин бора набояд саросемавор тасмим гирифт. Инхел намешавад, ки чаканро либоси миллӣ гуему ҳамаро чаканпӯш кунем, ё ин ки атласро гирему ҳамаро атласпӯш кунем. Мо бояд либосҳои ягонаи миллиро пешниҳод мекардем, ки ҳама ин либосро пӯшида тавонад. Ин либосҳое, ки ҳоло пешниҳод мешавад, либосҳои маҳаллӣ аст. Либос ҳам як ҷузъи таърих аст ва набояд ба он “хасакӣ” нигоҳ кард".

Дар Тоҷикистон солҳо боз маъракаи, ба гуфтаи ҳукумат, тарғиби либоспӯшии миллӣ ва ҷилавгирӣ аз тақлидкорӣ ба либосҳои бегона идома дорад, ки қисми муҳофизакори ҷомеа онро “чодаркашӣ аз сари занон” ном мебарад.

Аммо масъулони давлат мегӯянд, ин маърака танҳо ҳадафи ҳифзи фарҳанги миллии либоспӯширо дорад. Бонувони тоҷик дар замина мегӯянд, интихоби либос бештар кори сирф инфиродии ҳар як шахс аст ва дахолати давлат ба ин як навъ маҳдуд сохтани ҳуқуқи занон аст.

Ахиран Гулрухсор Сафиева дар ин робита гуфт, ба бар кардани либоси миллӣ танҳо дар рӯзҳои ҷашну идҳо хуб аст, аммо дар фасли зимистон имкон надорад. “Агар дар зимистон мо либоси миллӣ ба бар кунем, моро сармо мезанад”, - гуфт Сафиева.

XS
SM
MD
LG