Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи 15-миллиардии Тоҷикистон барои соли 2015


Тоҷикистон барои соли 2015 буҷаеро қабул кард, ки қисми дахлаш 15,3 миллиард сомонӣ, ё чизе дар ҳудуди 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бахши аъзами ин буҷа барои соҳоти иҷтимоӣ сарф хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагон, малиси поёнии порлумони Тоҷикистон буҷаи давлатиро барои соли 2015 дар ҷаласаи рӯзи 19-уми ноябр тасвиб кард. Бархе аз вакилон ба маҳдудияти вақт дар таҳия ва баррасии ин тарҳи муҳими кишвар таъкид карданд, аммо гуфтанд, ки бо ин вуҷуд санад бояд қабул мешуд, зеро то охири каме бештар аз як моҳ мондааст.

Исмоил Талбаков, узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки "лоиҳаи буҷаи соли 2015 аз ҷониби ҳукумат ба парлумон пешниҳод шуда ва тамоми ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фаро гирифтааст.”

Абдусалом Қурбонов, вазири молия, ки лоиҳаи қонуни буҷаро дар порлумон муаррифӣ мекард, гуфт, қисми дахли маблағи буҷа 15, 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 10 дарсад бештар буда, касри буҷа, яъне фарқи байни қисми дахл ва қисми харҷи он 0,5 дарсад ҳисоб шудааст.

Таҳаввули ахир дар бозори асъор дар ҷараёни тасвиби қонуни буҷаи соли 2015 баҳсеро ба бор овард. Як доллари амрикоӣ дар буҷа баробар ба 5 сомониву 10 дирам ҳисоб шудааст, дар ҳоле, ки дар бозор як доллари амрикоӣ 5 сомониву 40 дирам аст.

Абдуҷаббор Ширинов. Акс аз бойгонӣ
Абдуҷаббор Ширинов. Акс аз бойгонӣ

Аммо Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ гуфт, агарчӣ хафви ҷиддан коҳиш ёфтани қурби сомонӣ дар бозори асъор вуҷуд дорад, аммо ин ба гуфтаи ӯ, наметавонад ба даромади буҷа таъсири манфӣ расонад. “Дар ҳисоби буҷа ин ба назар гирифта шудааст, ки аз коҳиши қурби сомонӣ даромадҳои иловагӣ ба буҷа ворид шуданаш мумкин аст. Аз ҳисоби даромадҳое, ки ба воситаи гумрук мешавад,” – гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Агарчӣ лоиҳаи қонуни буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2014-ро вакилон аз бисёр ҷиҳат ҷонибдорӣ намуданд, аммо иддае аз баррасиҳои аҷулонаи он интиқод карданд. Аз ҷумла Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон гуфт, “бо фоизҳову коэффитсиентҳо хуб нишон додан, худфиребӣ аст. чиҳатҳои буҷаи давлатиро бисёр ташвишовар мешуморам. Аввалан дар сиёсати иқтисодии бонкӣ ва молиявӣ бояд тадбирҳои фавқулодаи зидди буҳрон дида шавад. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ содироти мол 776,9 миллион долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад камтар аст. Фарқи воридоту содирот ба 2,7 миллиард доллар баробар аст, яъне баробари буҷаи солонаи мо. Ва ин хеле ташвишовар аст.”

Иқтисодшиносони тоҷик ҳам бо такя ба натиҷаи таҳлили созмонҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, дар маҷмӯъ, даромади буҷа дар соли 2015 бо вуҷуди мушкилоти зиёд таъмин мегардад, аммо муҳимтар аз он шеваи хароҷоти маблағҳои буҷавӣ аст. Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хароҷоти буҷа бояд аз ҳисоби бахшҳое, ки чандон муҳим нестанд мувақаттан кам карда шаванд: “Бахшҳое ҳаст, ки дар он бояд маблағгузорӣ кам шавад, сохтмони капиталӣ, хароҷоти бахши хориҷӣ ё харидҳои давлатӣ. Ин сохтмонҳое, ки дар минтақаҳо мешавад, бояд 30-40 дар сад кам карда шаванд то 2 соли оянда. То замоне, ки ҳолати бӯҳронӣ рафъ гардад.”

Зимнан, буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон чун буҷаҳои солҳои қабл “иҷтимоӣ” унвон шуда ва бештари маблағҳояш низ ба ин соҳа равона карда мешавад. Ҳамин тавр ба гуфтаи вазири молия, ба соҳаи маориф 2, 9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба фарқ аз соли қаблӣ 401 миллион сомонӣ бештар аст ва ба соҳаи тандурустӣ 1,2 миллиард сомонӣ, фарҳангу варзиш 736,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар буҷаи соли оянда маблағи 130 миллион сомонӣ барои боло бурдани маоши моҳонаи кормандони маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

Будҷаи 2015 ва чолишҳои азими иқтисоди Тоҷикистон

​Аммо Тоҷикистон будҷаашро барои соли 2015 дар ҳоле қабул мекунад, ки иқтисодаш дар рӯ ба рӯ бо чолишҳои азим истодааст. Чанде қабл Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише таҳти унвони “Рушд кунд мешавад, рискҳо меафзоянд” пешгӯӣ кард, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон суст шуда, бо хатарҳои дохиливу хориҷӣ рӯ ба рӯ мешавад. Кундии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама ҳамкорони аслии Тоҷикистон - Русия, Туркия, Чин ва Аврупо, поён омадани қимати пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ аз 7 дарсади соли гузашта ба 3 дарсади имсол, коҳиши ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирини корӣ, ки имсол 2 дарсадро ташкил додааст ва ҳамчунин кам шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба далели номусоидии обу ҳаворо ин ниҳоди байнулмилалӣ авомили муҳимтарини кундии рушди иқтисодӣ арзэбӣ мекунад.

Коршиносони умури иқтисод ба иҷро шудани ин будҷа шак надоранд, аммо мегӯянд, коҳиши даромадҳо ва ҳамзамон қурби пули миллӣ пеш аз ҳама ба соҳаи иҷтимоӣ ва кисаи бе ин ҳам холии кормандони будҷа зарба хоҳад зад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2015 беш аз нисфи будҷа - 8 миллиард сомонӣ, яъне 17 дарсад зиёдтар аз соли 2014 танҳо барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Холмуҳаммад Азимов, собиқ раиси Кумитаи омор ва устоди иқтисоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, мегӯяд, азбаски афзоиши нархи маҳсулот назар ба уфти сомонӣ дар баробари доллар баландтар аст, иҷрои будҷа беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоиро наметавонад таъмин кунад: “Дар оянда қурби сомонӣ боз ҳам пойин меравад. Ин барои воридот хуб аст, вале барои бознишастагон ва онҳое, ки аз ҳисоби будҷа зиндагӣ мекунанд, вазнин мешавад.”

Нигаронии иқтисодшиносон қабл аз ҳама аз он аст, ки дар замони бӯҳрони молиявии солҳои 2008 муҳимтарин ҳамкори иқтисодии Тоҷикистон – Русия дар бонкҳои аврупоӣ 183 миллиард доллар маблағ дошт ва ин пулҳоро барои наҷоти иқтисодаш сарозер кард. Тоҷикистон, ки аз Русия вобастагии сахт дорад, он замон бӯҳронро анқариб эҳсос накард. Аммо ҳоло, ки алайҳи Русия таҳримоти Аврупову Амрико эълон шудаанд, вазъ чунин қобили пешбинӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, Нарзулло Ҳабибуллоев, сарвари департаменти буҷаи вазорати молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ин будҷае аст, ки барои ҷилавгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ таҳия шудааст: “Мо будҷаро ҳамту аз осмон гирифта, омода накардем. Мо дар он тамоми хафвҳои билқувва, аз ҷумла фискалиро, ки тафсирашон ҳаст, дар ҳамон доира пешбинӣ кардаем. Яъне он чӣ марбут ба будҷа мешавад, мушкиле нест. Дар он бо назардошти тамоми хавфҳо, соҳаҳо низ дарбар гирифта шудаанд, ки таҳти таъсир қарор нагиранд. Ин ҳама танзим шудааст.”

Ҳукумати Тоҷикистон дар будҷаи соли оянда ба соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт, мухобирот ва иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи вижа карда, барои ин соҳаҳо 5 миллиард сомонӣ тахсис додааст. Аммо аз нигоҳи коршиносон, дар шароити кунунӣ аксари соҳаҳо, пеш аз ҳама саноат ва кишоварзӣ, таҳти зарба қарор хоҳанд гирифт.

Ҳам ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳам ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз як зарбаи шадиди бӯҳрони иқтисодӣ маслиҳат медиҳанд, ки дар идораҳои давлатии Тоҷикистон маболиғи будҷавӣ мақсаднок истифода шаванд. Президенти Тоҷикистон аз ҷумла инро зикр кард, ки ҳукумат бояд дар солҳои 2015 - 2017 афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар доираи на кам аз 7 дарсад таъмин кунад ва меъёри солонаи таваррумро дар сатҳи 7 - 7,5 дарсад нигоҳ дорад, то будҷа муассир бошад.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар ҳоли пеш омадани мушкилоти будҷавӣ Тоҷикистон бояд аз ниҳодҳои байналмилалӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, Бонкҳои исломӣ ва осиёии рушд кӯмак бипурсад, ё қарз гирад. Ба қавли онҳо, ҳарчанд ин тобеияти сиёсии Тоҷикистонро меафзояд, иқтисоди хурдашро метавонад наҷот диҳад.

XS
SM
MD
LG