Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нигоҳи нав": Мо мехоҳем, ки дурӯғ нагӯем


Ҳунармандони гуруҳи “Нигоҳи нав” мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба шакли хеле зиндатар намоиш додани саҳнаҳои ҳунарӣ ва, ҳамин тавр, дубора бозгардондани тамошобинҳо ба толори театр аст.

Хандаву гиря, ҷангу асабоният, меҳрубонӣ, давидан, рақсидан, фикр кардан ва ҳатто хобидан ин ҳама машқи пайвастаи ҳунармандони гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” аст. Ҳунармандоне, ки ҷои муайян барои тамрин ва пули кофӣ барои гузоштани намоишномаи зиёд надоранд, аммо аз рӯйи сабки театрҳои ҷаҳонӣ кору тамрин мекунанд ва идеяву нақшаҳои зиёд доранд.

Комил Суғдиён, ҳунарманд ва коргардони ҷавон, маҳз барои омӯхтани сабкҳои нави театрӣ ба ин бачаҳо аз Русия ба Душанбе омадааст. Ӯ рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки “театр рӯз то рӯз пеш меравад. Ҳоло дигар намоишномаҳои асри гузашта барои касе ҷолиб нест.

Комил Суғдиён
Комил Суғдиён

Театрҳо бештар ба пластика таваҷҷӯҳ мекунанд. Бештар бояд ҷисм кор кунад, рӯҳ кор кунад, барои ҷолиб шудани намоишнома ҳаракати бештар зарур аст.”

Ин гурӯҳи театрӣ 3 соли пеш бо номи “Бесарпарастон”аз сӯи 8 ҳунарманди ҷавон, дар як ҷои холӣ таъсис ёфт. Ҳадафи ин гурӯҳ ворид кардани як сабки нав дар театри тоҷик, муаррифии ҳунармандони ҷавону касбӣ ва баргардондани тамошобин буд. Далери Эмомалӣ, яке аз муассисони гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав”, мегӯяд, “ин шакли театрӣ ва ин системае, ки имрӯз дар фазои театри Тоҷикистон аст ва устодони азизи мо он ҷо фаъолият доранд, барои мо баъзе аз кору услубашон хуш намеомад ва мо гуфтем, ки театри дигар, як театри нав мехоҳем. Мо мехоҳем садову сӯҳбати мо дар саҳна озоду самимӣ бошад, на сунъиву сохта.”

"Нигоҳи нав": Намехоҳем, дурӯғ бигӯем
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Комил Суғдиён ҳам мегӯяд, “мо фақат мехоҳем муносибати ҷомеаро нишон диҳем. Шояд як бор оинаро нишон диҳем бубинанд ва гӯянд, ки дар воқеъ хуб набудааст. Мо мехоҳем дурӯғ нагӯем ва бо нигоҳи нав масъалаҳоро пешниҳод кунем.”

Далери Эмомалӣ
Далери Эмомалӣ

Аммо амалӣ кардани нақшаву тарҳ барои ин дӯстдорони театр ба осонӣ даст намедиҳад. Гурӯҳи театрӣ ҳамон тавре ки дар оғоз худро муаррифӣ карда буд, бесарпараст монд. Дар 3 соли фаъолият ҳунармандони гурӯҳ, ки аксарият аз минтақаҳо ҷамъ омадаанд, 12 бор хонаи иҷора ва 6 бор ҷойи тамринашонро иваз карданд. Хиёбонҳои шаҳр ҳам баъзан барои ин ҷавонон толори тамрин будааст.

Шоҳҷамшед Умарӣ, роҳбари гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав”, мегӯяд, баъзан вақтҳое шудааст, ба бунбаст рӯбарӯ шуда, то 2 - 3 моҳ аз кор мондаанд. “Сабаб ҳам мушкили молӣ буд. Наметавонистем бачаҳоро ҳатто бо роҳкиро таъмин кунем. Як шавқ ва ишқ ба ин кор моро зинда медоред ва аз ким-куҷоҳое пул ёфтаву барои намоишномаҳо сарф мекунем,” – афзуд ӯ.

Далери Эмомалӣ мегӯяд, охирин пули аз кори журналистӣ ба дастовардаашро дар ин гурӯҳ сарф мекард. “Бачаҳо дар кинову клипҳо нақш мебозанд ё сабт мекунанд, ба театр меоранд. Пушти театр идея меистад, ин идея ҳам як театри нав ба фазои театри тоҷик ворид кардан аст. Ҳамин аст, ки мо гуруснагиву ташнагиҳоро тоқат мекунем,” – гуфт Далер.

Қурбони Собир
Қурбони Собир

Имрӯз ин дӯстдорони театру ҳунар ба ҳадафи худ наздик мешаванд. Онҳо акнун ба озмун ва саҳнаҳои театрии хориҷи кишвар роҳ меёбанд. Ҷавонони ҳунарманд, чанде пеш яке аз 3 намоишномаҳои пурраи худро бо номи “Журналист” ба Норвегия бурданд ва ҳоло барои иштирок дар як ҷашнвораи ҷаҳонӣ дар Вйетнам омодагӣ мегиранд.

Қурбони Собир, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки баъзан барои тамошои кори бачаҳо ва сӯҳбат бо онҳо ба тамрингоҳи иҷорагирифтаи “Нигоҳи нав” меравад, бо таваҷҷуҳ ба муҳббати ин ҷавонон ба театр ва кори худ мегӯяд, театри тоҷикро ояндаи хубе интизор аст. Ӯ гуфт, “то ташкили “Нигоҳи нав” фикр мекардам, ки моро чӣ интизор аст, бачаҳои ҷавону ҳунарманди мо куҷо ҳастанд? Ҷашнвораи Нигоҳи нав ба майдон бачаҳоеро овард, ки чӣ будани пулу хароҷот ва асабро медонанд. Дар ин кори бачаҳо як хуни тоза аст. Бо сабке, ки онҳо тамрин мекунанд, руҳу гӯш ва чашму тани одамро бо ҳам мувофиқ мекунад.”

Дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ ва 30 театри халқӣ фаъол аст. Аксари ҳунармандон аз набудани тамошобин шикоят мекунанд, вале гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” бовар дорад, бо намоишномаҳои воқеӣ ва наздик ба ҳаёти мардум толорҳоро пур хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG