Ихроҷи баъзе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави зери ҳукумати "Толибон" наздиконашонро нигарон кардааст.
Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шудаанд. Тамкини Меҳробиддин, ки пештар аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон шикоят дошт, яке аз онҳост. Мақомоти Тоҷикистон на омор медиҳанд ва на шарҳе.
Хонаводаи шахсони ихроҷшуда низ бо далели амниятӣ ҳозир нашуданд, ки дар рӯ ба рӯи дурбини Озодӣ гап зананд. Баъзе аз паноҳҷӯён гуфтанд, амалиёте, ки барои боздошти нафароне, ки қоидаҳои будубошро риоя намекунанд, ба кору зиндагии онҳо бетаъсир намондааст.
Муҳаммадҳомид Раҳимӣ, паноҳҷӯйи афғонистонӣ, гуфт, "барои касе, ки шаҳрванди одӣ аст, бисёр зарар мерасонад. Чаро? Ҳам аз таҳсил мемонад ва ҳам аз кор. Зиёдтарин зарарро мардуми одӣ мебинанд. Он озодиеро, ки дар инҷо дорад, аз даст медиҳад, ки бисёр бад аст."
Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, аз тарси ихроҷ аз хона намебароянд. "Вақте хабар мерасад, ки амалиёт аст, он рӯз барвақт ба бозор намеравем. Меистем дар ҷойи худ. Касе моро чизе намегӯяд," – гуфт Гулобидддин, паноҳҷӯйи афғонистонӣ.
Дар ду моҳи охир, ки хабари ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон нашру пахш мешавад, ҳеч ниҳоди расмӣ масъаларо шарҳ надодааст.
Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳисоби онҳо "наздик ба 37 муҳоҷири афғонистонӣ дар рӯзҳои охир аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд".
Манбаъ афзуд, ин нафарон барои нақзи қоидаҳои буду бош ва қоидавайронкуниҳои дигар аз Тоҷикистон ронда шуданд.
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо аз ихроҷи иҷбории паноҳандагон аз Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, ки аз ин кор худдорӣ кунанд.
Бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, ихроҷи чунин афрод ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, манъ мебошад.
Дар солҳои 2021 ва 2022 зиёда аз 80 муҳоҷири афғонистониро аз Тоҷикистон ронда буданд. Мақомот далели рондани онҳоро нақзи қоидаи иқомат номиданд.
Дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси “Толибон” ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Ин гуруҳи тундрав беш аз се сол боз дар Афғонистон ҳукумат мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи одамон, ба вижа занону духтарон, муттаҳам аст.