Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои рушди нерӯи ҳастаи дар ҷаҳон


Нерӯи ҳастаӣ дар давоми чанд даҳсолаи оянда манбаи асосии энергия боқӣ хоҳад монд. Дар як гузорише, ки ахиран Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) ба табъ расондааст, дурнамои рушди ин соҳа то соли 2030-ум таҳқиқ мешавад.

Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2030-ум реакторҳои ҳастаии саросари олам то 679 гигават нерӯи барқ тавлид хоҳанд кард.

Соли 1960-ум тақрибан як дар сади нерӯи барқи саросари олам дар реакторҳои ҳастаӣ тавлид мешуд. Соли 1986-ум саҳми реакторҳои ҳаставӣ то шонздаҳ дар сад боло рафт ва дар 21 соли баъдӣ рушди энергетикаи ҳастаӣ бо дигар соҳаҳои тавлиди нерӯи барқ ҳамқадам будааст. Соли 2006-ум понздаҳ дар сади нерӯи барқи кишварҳои мухталиф дар реакторҳои ҳастаӣ ҳосил шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир аз 435 реактори ҳастаии фаъоли рӯи олам 29 ва ё ҳатто бештар аз он мавриди тармиму бозсозӣ қарор дорад. ИМА 103 реактори фаъол дорад. Дар Фаронса - 59, Ҷопон - 55 ва Русия - 31 реактори ҳастаӣ нерӯи барқ тавлид мекунанд.

Аз 30 кишваре, ки реакторҳои ҳастаиро бо ин мақсад истифода мебаранд, беш аз ҳама Фаронса ба ин навъи нерӯ такя кардааст. Дар ин кишвар 78 дар сади нерӯи барқро реакторҳои ҳастаӣ тавлид мекунанд. Дар Чин бошад, камтар аз дигарон, яъне ду дар сади ҳаҷми умумии нерӯи барқро реакторҳои ҳастаии ин кишвар тавлид мекунанд.

Ба қавли муаллифони гузориш, Ҳиндустон дар сафи аввали кишварҳои осиёии довталаби рушди соҳаи энергетикаи ҳаставӣ қарор дорад. Ҳоло се дар сади ҳаҷми умумии нерӯи барқи ин кишварро реакторҳои ҳастаӣ таъмин мекунанд. Вале ҳукумати Ҳиндустон мехоҳад то соли 2022-ум ин соҳаро ҳашт баробар афзоиш дода, тавлиди нерӯи барқ дар реакторҳои ҳастаиро то даҳ дар сад боло барад.

Аз 31 реактори фаъоли Русия камаш панҷ реактор мавриди бозсозӣ қарор дорад. Аслан Русия кӯшиш мекунад, ки ба як кишвари таъминкунандаи маводи сӯхт табдил ёбад. Аз ҷумла ин кишвар мехоҳад коркарди маводи сӯхти истифодашударо ҳам дар дасти худ ҳифз намояд, яъне маводи сӯхт ва ҳатто меакторҳоро ба иҷора диҳад.

Аммо болоравии фавқулодаи нархи нафту газ бисёре аз ин кишварҳоро ба бознигарии вазъ ва тарҳрезии барномаҳои рушди энергетикаи ҳаставӣ ташвиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG