Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ки қаблан гуфта буд, маъмурияти ҷангии кишвараш дар Афғонистон дар поёни соли ҷорӣ ба охир мерасад, бо содир кардани фармоне, ҳузури онҳоро то як соли дигар дароз кардааст.
Амрико дар ҳоли ҳозир 9800 сарбоз дар Афғонистон дорад ва ҳудуди 3 ҳазор сарбоз ҳам аз Олмон, Итолиё ва дигар кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон ҳузур доранд. Ин нерӯҳо вазифаи ҳимоят аз нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар ҷанг алайҳи Ал-Қоида ва Толибонро ба ӯҳда доранд.
Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" рӯзи ҷумъа навишт, дар дастури ахири раиси ҷумҳури Амрико, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар Афғонистон иҷоза ёфтаанд, то дар сурате, ки худ ё нерӯҳои афғон аз сӯи Толибон ё дигар гурӯҳҳо таҳдид шаванд, ба анҷоми амалиётҳои мустақил даст бизананд. Ҳамчунин иҷозаи анҷоми амалиётҳои мустақили ҳавоӣ барои пуштибонӣ аз ин нерӯҳо содир шудааст.
Ба навиштаи рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" бархе аз мушовирони ғайри низомии Обама хоҳони маҳдуд сохтани нақши нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2015 буданд, аммо шуморе аз низомиёни он кишвар бар пояи гузоришҳои истихборотӣ, ба раиси ҷумҳури Амрико машварат додаанд, то маъмурияти низомии Амрикоро аз он чӣ қаблан тарҳрезӣ шуда буд, васеътар созад.
Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" дар идома менависад, стратегия Обама дар мавриди поён додани маъмурияти ҷангӣ дар Афғонистон пас аз он мавриди интиқод қарор гирифт, ки гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия пешрафт кард ва бахшҳои калоне аз он кишварҳоро таҳти тасарруфи худ даровард.