Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қароргоҳи ҲНИТ бояд ... кабудизор шавад


Қароргоҳи созмони вилоятии ҲНИТ дар Хуҷанд
Қароргоҳи созмони вилоятии ҲНИТ дар Хуҷанд

Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд барои бори дуюм дар соли ҷорӣ ба дари қароргоҳи созмони вилоятии ҲНИТ мӯҳр зада, ҳукумати шаҳр ҳизбро огоҳ кардааст, ки замини дафтараш, тибқи нақша, бояд кабудизор шавад.

Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дигарбора ба дари қароргоҳи созмони вилоятии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мӯҳр задааст. Танҳо дар соли 2014 ин бори дуюм аст, ки маркази беҳдоштиву вогиршиносӣ ба дари ин дафтари ҲНИТ мӯҳр мезанад.

Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари созмони ҲНИТ дар вилояти Суғд рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, маслиҳат шуда буд, ки маъмурони ин идора рӯзи душанбе қароргоҳи ҳизбро тафтиш кунанд, вале онҳо бар хилофи ин маслиҳат, рӯзи шанбе, 14 июн ба дари дафтари ҳизб мӯҳр заданд. Ӯ мегӯяд, мақомоти Маркази беҳдоштӣ далели бастани дари дафтари ҳизбро шарҳ надодаанд, вале як намояндаи ин идора иишора кардааст, ки онҳо аз “боло” чунин амр гирифтаанд.

Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, марказҳои беҳдоштиву вогиршиносӣ зоҳиран ба як ниҳоди “сиёсӣ” табдил мешаванд, чунки дар як соли охир ин дастикам сеюмин мавриди истифодаи ин идора алайҳи дафтарҳо ва фаъолони ҲНИТ дар вилояти Суғд аст.
Дар тирамоҳи соли гузашта мақомоти маркази беҳдоштиву вогиршиносии ноҳияи Ашт даҳҳо китобҳои дарсии фурӯширо аз дӯкони Шавкат Шарифов, раҳбари созмони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои “санҷиш” барчиданд.
Муҳаммадҷон Қаландаров, сардори маркази беҳдоштиву вогиршиносии ноҳияи Ашт дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, чунин кор аз ҷониби ин ниҳод бори аввал ва бо пешниҳоди додситонии ноҳия сурат мегирад: “Инҳо чанд китоби барои синфҳои 2 – 9 аст - “Забони давлатӣ”, “Забони модарӣ”, “Забони англисӣ”, “Ботаника”. Ношири онҳо ва кай чоп шуданашон маълум аст, аммо сифати коғази онҳо паст ва ҳарфҳояшон хира аст.”

Ҳамин тавр, мақомоти беҳдоштии шаҳрпи Хуҷанд рӯзи 25 январи соли 2014 ба дари қароргоҳи созмони вилоятии ҲНИТ мӯҳр заданд, чунки ба гуфтаи онҳо, ҳар коргари ҳизб бояд ҳатман ... дафтарчаи тиббӣ дошта бошад. Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ин ”камбудӣ”-ро ислоҳ карда, барои ҳамаи коргарони ҳизби санади тиббӣ гирифтанд, вале ба ақидаи ӯ, дубора мӯҳр задани қароргоҳи ҲНИТ аз сӯи Маркази санитариву эпидемиологӣ зоҳиран “идомаи ҳамон маъракаест, ки алайҳи ҳизби нааҳзат идома дорад. Бубинед, мақомоти андоз дафтари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлобро бастанд, дар Спитамен моро аз ҷое ки иҷора менишастем, “муассисаи фарҳангист” гуфта, берун карданд, дар Исфара идораи андоз қароргоҳи ҳизбро аз ҷое ки иҷора менишаст, берун карданист ва нисфи дафтари наҳзат дар Панҷакентро бо баҳонаи сохтани роҳ хароб карданд...”

Зимнан, ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳанӯз рӯзи 27 май бо супурдани як огоҳиномаи расмӣ ба масъулони ҲНИТ ҳушдор дода буд, ки бояд дар зарфи 10 рӯз, яъне ҳанӯз то 7 июн қароргоҳи созмони вилоятии ҳизбро холӣ кунанд. Бино бар ин огоҳинома, тибқи нақшаи кулли рушди маркази маъмурии вилояти Суғд, бояд замини қароргоҳи созмони вилоятии наҳзат ба ... кабудизор табдил дода шавад.

Дафтари созмони вилоятии ҲНИТ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар бинои дуқабатаии собиқ фурӯшгоҳи “Фарангис” ҷойгир аст. Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ин биноро ҲНИТ қонунан харидааст ва ба номи ҳизб санад кардааст ва аз ин рӯ, онҳо рӯзи 29 май дар посухи худ ба ҳукумати шаҳр навиштанд, ки бо қарори ба кабудизор табдил додани ин бино розӣ нестанд. Ӯ мегӯяд, имкон дорад, ки ирсоли маъмурони Маркази беҳдоштиву вогиршиносӣ ба дафтари ҳизб ба хотири ба иҷрои амри шаҳрдории Хуҷанд ва ба холӣ кардани бино маҷбур кардани онҳо бошад.

ҲНИТ, ки шумори аъзояшро беш аз 44 000 нафар мегӯяд, баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дувумин ташаккули бузурги сиёсӣ дар Тоҷикистон ба шумор меояд. Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии соли 2010 тавонист 2 номзадашро вориди порлумон кунад. Раҳбарони ҳизб иддао доштанд, ки наҳзат дар он интихобот то 40 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст ва инки ба онҳо танҳо 8 фоиз доданд, “зулм” аст. Дар интихоботи соли 2013 ҲНИТ аммо натавонист барои сабти номзади ягонаи мухолифин Ойниҳол Бобоназарова, ки расман дар анҷумани ин ҳизб пешбарӣ шуда буд, 210 000 имзои лозими тарафдоронашро ҷамъ биорад.

Фаъолони ҲНИТ тақрибан 2 сол боз аз як маъракаи густардаи фишору табъизи аъзо ва ҳаводоронаш аз сӯи мақомоти мухталифи давлатӣ шикоят мекунанд. Дар моҳҳои охир дар Интернет чандин наворе ҳам нашр шуд, ки дар он аъзои наҳзат ба бадахлоқӣ айбдор мешаванд. Чанд узви собиқи ҳизб аз гӯшаҳои гуногуни кишварро дар расонаҳои расмӣ низ минбар доданд, ки мардумро алайҳи пайвастан ва тарафдории ҲНИТ ташвиқ кунанд.

Ҳамин тавр, дар моҳи май муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Хоруғ ҳадафи ҳамла қарор гирифту раисаш Муҳиддини Кабирӣ – ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кӯлоб. Кабирӣ баъди ин ҳамла бо тухму помидор ҳатто дар порлумон суханронии тунде ҳам кард, ки видеояшро инҷо тамошо кунед:

Масъулони ҲНИТ ин ҳама ва ҳамин тавр, мӯҳр задани дафтарҳояш дар Кӯлобу Хуҷанд ва бехона кардани шӯъбаҳояш дар Спитамену Исфараро ҳалқаҳои ҳамон як занҷири маъракае меноманд, ки дар матбуот бо номи “анти-наҳзат” ном баровардааст.
XS
SM
MD
LG