Рондани мошин ба сӯи издиҳом ва ҳамлаи маргбор бо корд ба як гурӯҳи наврасон - дар пешорӯи интихоботи ин кишвар эҳсоси зидди муҳоҷиронро афзоиш дод ва ҳам тарси бархе аз муҳоҷирони афғонистониро аз амнияти худашон бештар кард.
Соро Сирот ба хонаводааш таъми зодгоҳашон Афғонистонро мечашонад, ки 4500 ҳазор километр дуртар аз ҷойи зисти онҳо қарор дорад. Вай дар як хонаи дуҳуҷрагӣ дар шаҳри Берлин бо волидон ва ду бародараш зиндагӣ мекунад. Инҷо ба манзилу боғи калоне, ки дар Кобул доштанд, баробар шуда наметавонад.
Соро Сирот дар Афғонистон мушовири Вазорати корҳои занон буд. Идораи пешини вай ҳоло макони полиси ахлоқии Толибон аст.
“Дар он бино фикр мешуд, ки чигуна барои зиндагии зан дар Афғонистон муфид бошад. Вале ҳоло дар он сохтмон, чигуна маҳдудиятҳо барои занон бештар шавад. Ин барои ман комилан ғайритаҳаммул аст,”-мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Соро Сирот таъкид мекунад, ки аз Олмон барои таъмини амнияти ӯ миннатдор мебошад. Аммо рӯйдодҳои ахир рӯҳияи кишварро дигар кардааст. Як рӯз пас аз ин мусоҳиба пулиси Олмон як афғонистониеро боздошт кард, ки дар Мюнхен мошинашро ба болои издиҳом ронд.
Пулис ин ҳодисаро ҳамлаи исломгароёнае номид, ки дар натиҷаи он як зан бо духтари дусолааш кушта шуданд. Ҳодисаи мудҳиш ҳамагӣ се ҳафта баъд аз ҳамла бо корд ба як гурӯҳе аз кӯдакистон рух дод. Дар ин ҳодиса кӯдаки дусола ва як мард кушта шуданд. Пулис дар пайи он як афғонистониеро боздошт кард, ки қарор буд аз Олмон ихроҷ шавад.
Соро Сирот аз ин ҳодисаҳо ғамгин аст. Ӯ мегӯяд, “замоне, ки ин иттифоқ афтода буд, ман наметавонистам роҳат бошам. Чун вақте ман ба дарс мерафтам, фикр мекардам, ки ҳама ба тарафи ман нигоҳ мекунанд ва фикр мекунанд, ки ин ҳам афғон аст ва барои кишвари мо хатарнок аст.”
Бо назардошти он, ки муҳоҷират аллакай як масъалаи калидӣ дар пешорӯи интихобот дар Олмон аст, ҳамлаҳо ба мисли як таркиши сиёсӣ мебошанд. Аъзои Ҳизби алтернатива барои Олмон ба ихроҷи оммавии ҳам суриягиҳо ва ҳам афғонистониҳо даъват кардааст.
Ҳерман Прегнитз, номзад аз AFD мегӯяд, “дар Афғонистон ҳамеша низоъ вуҷуд дошт ва қабилаҳои гуногун бо ҳам меҷангиданд. Мо дар ин ҷо дар Олмон барои онҳо сулҳ баста наметавонем. Ин қабилаҳо, мардуми Афғонистон бояд дар кишвари худ ин корро кунанд.”
Ҳизби алтернатива барои Олмон дар назарсанҷиҳо мақоми баландро ишғол мекунад ва ба назар мерасад, ки дуввумин ҳизби қавитарин шавад. Аммо аҳзоби дигар низ дар мавриди муҳоҷират мавзеъгирии худро сахтар кардаанд.
Сот Ҷуерген, номзад аз Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ гуфт, “Олмон хостори ҷорӣ кардани режими сахттар алайҳи паноҳҷӯён аст. Мо бояд нафаси нав гирем, сохторҳои худро бозсозӣ кунем ва рушд диҳем, то боварӣ ҳосил кунем, ки чунин ҳамлаҳо ва кушторҳои ваҳшиёна дар Олмон такрор нашаванд.”
Тасмими овоздиҳӣ ба тарафдории Ҳизби алтернатива барои Олмон ҳамчун шикастани як табуи дерина дар сиёсати Олмон баррасӣ шуд ва боиси эътирозҳои оммавӣ гардид.
Ин ҳизб бо гумони ифротгароии ростгаро аз ҷониби Хадамоти иктишофии дохилии Олмон таҳти назорат қарор дорад.
Соро Сирот, паноҳҷӯи афғонистонӣ ба сиёсат кор надорад.Ӯ барои супоридани имтиҳон аз забони олмонӣ дар китобхона омодагӣ мегирад.
Соро Сирот мегӯяд, “аҳзобе, ки мухолифи будани муҳоҷирон ҳастанд, як вазъиятро бояд мутаваҷҷеҳ бошанд, ки як инсон бо чӣ далеле кишвари худро тарк мекунад.”
Рӯзи 23 феврал шаҳрвандони Олмон тасмим хоҳанд гирифт, ки кишварашон чӣ навъ сиёсати муҳоҷиартиро пеш бигирад.